Мақоми "ТАЛКО" бо ҷурми қаллобӣ ба зиндон рафт (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Турсунзода як мақомдори корхонаи тавлиди алюминий - «Талко»-ро бо ҷурми «қаллобӣ» 8 сол маҳкум ба зиндон кард.
Маҳмадисо Саидов, раиси додгоҳи шаҳри Турсунзода дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» рӯзи 17-уми апрел гуфт, дар пайи даъвои 12 нафар аз кормандони «Талко» ва Оҷонсии мубориза бо коррупсия Ҷамшед Назаров, роҳбари яке аз сехҳои ин корхона, ки бо гирифтани маблағ аз кормандони худ ба онҳо ваъдаи манзил додааст, ба «қаллобӣ» гунаҳкор ва ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Гуфта шуд, Ҷамшед Назаров тӯли чанд соли охир бо ваъдаи додани манзил аз кормандони «Талко» маблағ мегирифтааст.

Акбар Обидов, яке аз кормандони ширкати «Талко» ки беш аз 25 сол дар ин корхона заҳмат кашида, бинобар бад шудани вазъи саломатиаш дар пайи металгудозӣ бознишаста шудааст мегӯяд, ҳанӯз дар давраи кораш раҳбари ӯ Ҷамшед Назаров, барояш пешниҳод карда буд, ки дар ивази 6 ҳазор доллар мушкили маскани ӯро аз ҳисоби ширкат ҳал кунад: «Ман аввал ба ӯ 6 000 доллар додам. Баъд вай гуфт, ки ман серфарзандаму бароям сехонагӣ ҷудо мекунанд. Вай гуфт, барои ин ба «калонҳо» боз пул зарур аст. Ман гову моламро фурӯхтам, боз қарз гирифта, ба вай боз 3500 доллар додам. Вай ваъда дода буд, ки аввали соли 2013 хонаро мегирам, лекин фақат ваъдаи фардо мекард. Ҳамин тариқ моҳи октябри соли гузашта фаҳмидам, ки ӯро барои қаллобӣ боздошт кардаанд.»

Ҷаноби Обидов мегӯяд, вай танҳо пас аз боздошт шудани Назаров аз сӯи масъулони Оҷонсии мубориза бо коррупсия фаҳмидааст, ки монанди ӯ Назаров боз 20 нафари дигарро фиреб дода ба ваъдаи ҷудо кардани хона аз онҳо аз 5 то 7 ҳазор доллар гирифтааст.


Ба таъкиди Обидов ҳамаи он нафароне, ки барои гирифтани хона ба Назаров пул додаанд бештар аз 25 соли ҳаёти хешро сарфи металгудозӣ дар «Талко» кардаанд ва бо умеди зиёд баҳри гирфитани хона охирон пасандозашонро ба ин мансабдори ширкат додаанд.

Ҳамсӯҳбати мо меафзояд: «Талаби мо аз додгоҳ ин буд, ки аз Назаров пулҳои моро рӯёнда диҳад. Мо ҳабс шудани ӯро намехостем. Аммо ҳоло пули мо руёнда нашуду вай барои 8 сол равонаи зиндон шуд. Акнун падари Ҷамшед Назаров мегӯяд, ки шумо писари маро зиндонӣ кардед ман пули шуморо намедиҳам. Бинобар ин, мову ҳамкорон ният дорем, ки барои рӯёнидани пуламон ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кунем.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомдори Талко бо ҷурми қаллобӣ зиндонӣ шуд



Таҳқиқи ҷиноӣ собит кардааст, Ҷамшед Назаров танҳо аз 12 корманди собиқ ва феълии «Талко» бо ваъдаи маскан аз ҳисоби корхона ҷаъман 66 ҳазор доллар гирифтааст. Гуфта мешавад Оҷонсии мубориза бо коррупсия шикояти боз 8 нафар корманди «Талко»-ро зидди Ҷамшед Назаров бо айни ҳамин иттиҳом баррасӣ мекунад.
Игор Сатторов, сухангӯи «Талко» дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ширкати «Талко» ҳамин ки хонаҳоро бунёд кард, ба ихтиёри ҳукумати Турсунзода медиҳад. Вай афзуд: «Пас аз ҷойгир шудани коргарон дар хонаҳои навсохт, худи ин хонаҳо ба ихтиёри ҳукумати шаҳри Турсунзода гузаронида мешавад. Бинобар ин ҳамаи баҳсҳо оиди соҳибмулкӣ ба ин хонаҳо ба ҳукумати шаҳри Турсунзода дахл дорад. Мо ҳеҷ касро аз ин хонаҳо пеш накардаем ва дар ин масъала ба мо тааллуқ ҳам надорад».

Ба таъкиди як мақоми дигари «Талко», ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, кормандоне, ки ҳанӯз соли 1985 дар «навбати хона» будаанд, то ба ҳол соҳиби манзил нашудаанд. Чунки ширкат дигар мисли замони Шӯравӣ имкони сохтани хонаҳои зиёд ва таъмин кардани кулли кормандонашро бо манзил надорад.
Аммо кормандон аз рӯи ҳамон мафкураи «шӯравӣ»-ашон ҳанӯз ҳам бовар доранд, ки ширкат ба онҳо хона медиҳад ва аз ин соддалавҳии эшон афроди судҷӯ сӯистифода мекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар давоми солҳои истиқлол «Талко» танҳо се бинои панҷқабатаро ба истифода дод, ки дар он ҳам афроди наздик ба роҳбарият бо роҳҳои гуногун соҳиби манзил шудаанд.

«Талко», воқеъ дар канори шаҳри Турсунзода, 50-километрии ғарби Душанбе бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикикистон ва корхонаи барои Турсунзода, ба истилоҳи маъмули русӣ, "градообразующий" маҳсуб мешавад. Ин корхона солона беш аз 300 000 тонна алюминий тавлид мекунад ва бино ба ҳисобҳо, шабакаи тавлидотиву фурӯшотиаш дар маҷмӯъ ҳудуди 10 000 нафарро бо кор таъмин мекунад.