Душанбе мехоҳад, дар музокироти тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба эътибор гирифта шаванд.
Як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи музокиротии Душанбеву Маскав наздикӣ дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мавқеи Тоҷикистон “дар масъалаи пойгоҳ ягона аст ва аз президент то вазирони умури хориҷиву дифоъ ба ин назаранд, ки Кремл бояд шартҳои Душанберо ба эътибор гирад”. Ин мақоми ҳукумати Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, дар посух ба изҳороти ахири фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия генерал Владимир Чиркин назари худро баён кард.
Рӯзи чоршанбе (27-уми июн) дар сӯҳбат бо оҷонсии “Интерфакс-АВН” ва 26-уми июн дар Шӯрои Федератсия генерали рус гуфт, “Душанбе талабҳои ғайри қобили қабул пеш гузоштааст, ки бо пешниҳодҳои Русия дар ихтилоф аст”. Генерали баландпояи вазорати дифои Русия гуфтааст, “ҳолате пеш омада, ки шояд роҳҳале надошта бошад.”
Аммо мусоҳиби Радиои Озодӣ аз ҳукумати Тоҷикистон гуфт, хости Русия дар заминаи истифодаи ройгони қаламрави Тоҷикистон ба мӯҳлати 49 сол қобили қабул нест ва ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки ҳузури пойгоҳ дар ҳудуди 10 сол муайян шавад. Зиёда аз ин, гуфт манбаъ, "Кремл бояд манфиатҳои Тоҷикистонро ба инобат гирад."
"Манзури шартгузорӣ ин аст, ки Душанбе аз Маскав пеш аз ҳама пуштибонии сиёсӣ ва иқтисодӣ мехоҳад. Аслан ин шартҳо нав ҳам нестанд. Созишҳои қаблӣ бо президент Владимир Путин дар соли 2004-ум далели инанд, ки ин кишвар ваъдаҳояшро иҷро намекунад. Душанбе дар масъалаҳои энергетикӣ аз Маскав кӯмак хост ва интизори вуруди сармояҳо ба иқтисоди Тоҷикистон аст”,-гуфт ин манбаъ.
Хостҳои дигари Душанбе ин тағйири мавқеи Русия дар робита ба бӯҳрони муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон аст, ки то рафт шадидтар ва вориди бунбаст мешаванд. “Модоме ки ҳамаи мо, аз ҷумла, Узбакистон ва Русия узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳастем ва яке аз шартҳои аслии ин қарордод – аз байн бурдани низоми виза дар байни кишварҳо мебошад, чӣ тавр мешавад, ки миёни Душанбеву Тошканд низоми раводид амал мекунад ва Маскав тавре рафтор мекунад, ки гӯиё чизе намедонад. Вақте ин кишварҳо узви як созмони сиёсиву низомӣ ҳастанд, онҳо бояд баробар муқаррароти ин созмонро эҳтиром ва иҷро кунанд. Чаро мо бояд ба як давлат имтиёзу бартарӣ диҳем?”,-афзуд ҳамсӯҳбати Озодӣ.
Бо назардошти мушкилоти номбаршуда ин мақомдори ҳукуматӣ гуфт, гумон аст, бо ин ҳол Тоҷикистон аз Иттиҳоди Авроосиё ҷонибдорӣ кунад. Ба назари ӯ, дар шароити кунунӣ изҳороти фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия оиди эҳтимоли сар задани мухолифатҳои маҳдуд дар қаламрави Осиёи Марказӣ бар пояи обу энержӣ “таҳдидомез” садо медиҳад.
Мақомоти баландпояи Тоҷикистон, ки солҳои ахир аз самтгириҳои Кремл бештар дилсард шудаанд, норозигии худро аз ин “шарикии норӯшан” ошкоро баён мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқоти ахираш бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин таъкид кард, ки ду кишвар “ҳеҷ масъалаи ҳалнашавандаи ҷиддӣ надоранд. Тоҷикистон ҳамеша ба манфиатҳои шарики стратегиаш – Федератсияи Русия арҷ гузоштааст ва интизор дорад, ки ин шарики стратегӣ ҳам манфиатҳои Тоҷикистонро эҳтиром мекунад.”
Нозирони бетараф мегӯянд, фишорҳои Русия болои Тоҷикистон дар атрофи қазияи зиндонӣ шудани халабонҳои ширкати “Ролкан”, ба қавле, нуқтаи авҷи ихтилофҳои Душанбеву Маскав шуд ва Тоҷикистон ҳоло аломат медиҳад, ки дигар бархӯрди “беэҳтиромонаву нобаробари” Маскавро таҳаммул надорад.
Ба назар мерасад, Кремл низ норозигии ҷониби Тоҷикистонро мушоҳида кардааст, ки Чиркин мегӯяд, “ба эҳтимоли зиёд, музокироти сари пойгоҳ ба дарозо мекашад”. Пойгоҳи 201-уми Русия бо 7 ҳазор сарбозаш бузургтарин пойгоҳи хориҷии артиши Русия буда, қарордоди кунуниаш дар соли 2014 ба поён мерасад. Бино ба хабарҳо, Душанбе барои ин пойгоҳ аз Русия беш аз 300 миллион доллар пули иҷора хостааст, вале Маскав мехоҳад, замони ҳузури низомиёнаш 49 соли дигар тамдид шуда, истифодаи қаламрави Тоҷикистон барояш ҳамчунон маҷҷонӣ боқӣ бимонад.