Тоҷикистон барои вуруди нақлиёти Узбекистон ба қаламраваш бима ҷорӣ кард.
То кунун танҳо аз ронандаҳои сабукравҳои Тоҷикистон тақозо мешуд, ки мувофиқи муқаррароти кишвари ҳамсоя пеш аз ворид шудан ба Узбекистон ҳудуди 50 доллари амрикоӣ бимаи нақлиётро супоранд.
Танҳо дар хоки Самарқанд як нозири роҳ ба ин шаҳрванди Тоҷикистон ёдрас шудааст, ки "ҳоло метавонад бидуни мушкил ҳаракат кунад, вале дафъаи дигар бояд бидонад, ки вуруд бо мошини шишасиёҳ манъ буда, пардохти ҷаримаро тақозо мекунад
Ин пардохт ба ронанда ва мошинаш ҳаққи гузаштан ва ҳаракат дар хоки Узбекистонро фароҳам меовард.
Баъди пурра боз шудани марзҳои ду кишвар дар моҳи марти соли ҷорӣ, аз ронандаҳои озими Узбекистон тақозо мешуд, ки пеш аз ворид шудан ба хоки Узбекистон бима супоранд.
Ҳаҷми бимае, ки Тоҷикистон барои мошинҳои кишвари ҳамсоя ҷорӣ кардааст, вобаста ба навъи мошин аст. Муқаррароти пардохти бима барои нақлиёте, ки аз қаламрави Узбекистон ба Тоҷикистон мешавад, аз рӯзи 11 май дар ҳама гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҷорӣ шудааст.
Корхонаи "Тоҷиксуғурта" даст ба кор шуд
Аҳмадҷон Бобоев, сардори шуъбаи назорати гумрукӣ дар раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд рӯзи 14 май дар суҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ҳукумат ситонидани маблағи бима аз нақлиёти воридшавандаи Узбекистонро бар дӯши корхонаи “Тоҷиксуғурта” вогузор кардааст.
Комил Муҳаммадӣ, раҳбари корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикисуғурта” дар вилояти Суғд гуфт, ҳаҷми маблағи суғурта барои нақлиёти воридшавандаи Узбекистон вобата ба навъи мошин нархгузорӣ шудааст:
- сабукравҳо – 461,25 сомонӣ
- микроавтобусҳо – 553,50 сомонӣ
- автобусҳо – 615 сомонӣ
- автомобилҳои боркаш – 768,75 сомонӣ
- тракторҳои ва мошинҳои дигар – 307,50 сомонӣ
- дучархаҳо - 215,25 сомонӣ.
Ӯ гуфт, пардохти маблағи суғурта аз нақлиёти Узбекистон дар гузаргоҳҳои марзӣ ва барои 1 моҳ як дафъа тақозо мешавад. Ӯ гуфт, барои осон шудани кори ронандаҳои воридшаванда ба Тоҷикистон, кормандони “Тоҷиксуғурта” бевосита дар марзи ду кишвар дафтар боз кардаанд. Дар сурати дучори садама гардидани нақлиёти Узбекистон дар хоки Тоҷикистон, шарту шурути аз рӯи суғурта муқарраршуда ба кор андохта мешавад.
Қаблан мақомоти тоҷик мегуфтанд, ки ҳалли мушкили ба таври якҷониба бима кардани нақлиёти воридшавандаро бо ҷониби Узбекистон машварат доранд ва Душанбе дар сурати бекор шудани он аз ҷониби Тошканд, дар ин замина ҳеҷ талаботе ҷорӣ нахоҳад кард. Вале дар сурати бетағйир мондани он ночор аст аз нақлиёти Узбекистон ҳангоми ворид шудан ба қаламрви худ маблағи суғуртаро бигирад.
Ҳатмӣ шудани суғуртаи нақлиёти Узбекистон ҳангоми ворид шудан ба хоки Тоҷикистон байни сокинон гуфтугӯҳоеро ба бор овардааст.
Бархе инро як амри табиӣ медонанд, ки бар нафъи ронандаҳо аст. Онҳо мегӯянд, дар сурати сар задани мушкил ё садама дар Тоҷикистон, метавонанд ба бима умед банданд. Шамсидин Насруллоев, як сокини ноҳияи Спитамен мегӯяд, доштани суғурта ӯро дилпур медорад, ки дар сурати мушкили техникие метавонад ба дастгири молии Узбекистон умед бандад.
Вале бархе дигар бар онанд, ки беҳтар мебуд ҷонибҳо ин гуна маблағситонӣ бекор мекарданд. Анварҷон Рӯзиев, ронандаи таксӣ аз Хуҷанд, ки бо мошинаш сокинонро ба тамошои Самарқанду Тошканд мебарад, мегӯяд, барои як моҳ ба ҷониби Узбекистон ҳудудан 52 доллар бимапулӣ додааст. “Ин маблағ барои мо, таксиронҳо калон аст. Агар суғуртапулӣ намегирфтанд, омадурафт бо нақлиёти худ зиёдтар мешуд. Ба хотири додани суғуртапулӣ, нархи раҳкиро ҳам болотар мешавад. Вазнинӣ ба сари мусофирон меафтад.”
Ҳаракати нақлиёт миёни Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоле имконпазир шуд, ки рӯзи 16-уми март Узбекистон ва 19-уми март Тоҷикистон марзро ба рӯи шаҳрвандони якдигар боз карданд. Ҳоло сокинони ду кишвар бо шиносномаҳои хориҷӣ метавонанд, дар фурсати то 30 рӯз бидуни виза ва бо нақлиёти шахсӣ ҳам ба хоки якдигар ворид шаванд.
Яке аз тасмимҳои калидии президентони ду кишвар
Боз шудани марзҳои Тоҷикистону Узбекистон яке аз муҳимтарин тасмимҳое буд, ки 9 марти соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари нахустини президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе гирифта шуд. Марзҳои ду кишвар баъди тақрибан 20 сол боз шуда шаҳрвандони ду кишвар ҳақи бидуни виза ба қаламрави ҳамдигар сафар карданро пайдо карданд.
Бисёриҳо, ки дар хоки кишвари ҳамдигар хешутабор доранд, бо мошин аз марз гузашта, бархе тафовутҳои муқаррароти кишварҳои ҳамдигарро мушоҳида карданд. Як тафовут агар пардохти ҳатмии суғуртапулии мошин бошад, тафовути дигар - манъи вуруди мошинҳои шишасиёҳ ба хоки Узбекистон будааст.
Як ронандаи тоҷик охири моҳи март баъди бозгашт аз хонаи хешовандонаш дар Самарқанд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҷмӯъ ҷараёни убури марз хеле маданӣ ва мувофиқ бо қонун сурат гирифт. Танҳо дар хоки Самарқанд як нозири роҳ ба ин шаҳрванди Тоҷикистон ёдрас шудааст, ки "ҳоло метавонад бидуни мушкил ҳаракат кунад, вале дафъаи дигар бояд бидонад, ки вуруд бо мошини шишасиёҳ манъ буда, пардохти ҷаримаро тақозо мекунад".