Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими амният дар ростои хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ шуданд.
Хадамоти матбуотии раисҷумҳур мегӯяд, дар баррасии дурнамои вазъи амниятии кишвар «роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот гузориш доданд ва ба масоили вобаста ба омодагии доимии нерӯҳои мусаллаҳ, таҳкими амнияту субот дар кишвар ва марзҳо бо Афғонистон, мубориза бо падидаҳои терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ зоҳир шудааст».
Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон теъдоди ҳайати шахсии нерӯҳои мусаллаҳи кишвар афзоиш хоҳад ёфт.
Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи ин ниҳод ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ба хотири фош накардани сирри давлатӣ ин оморро дар ихтиёри расонаҳо гузошта наметавонад, аммо афзуд, ин омодагиҳо босуръат идома доранд:
«На танҳо ҳайати нерӯи шахсӣ, балки тақвияти моддиву молиявии нерӯҳои мусаллаҳ афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон омодагии рӯҳию равонии ҳайати шахсии неруҳо роҳандозӣ шудааст. Ин ҳама ба он хотир аст, ки мо на фақат масъулияти ҳифозати марзу буми худ, балки тамоми минтақа ва сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулфаномеъро ҳам ба зимма дорем».
Фаридун Муҳаммадалиев ҳамчунин аз хатари нави терроризм – истифодаи нерӯи як кишвар алайҳи худаш суҳбат кард. Вай гуфт, ҳоло дар ҷаҳон террористон тариқи таблиғ дар дохили артиш сарбозону афсаронро ба ҷониби худ ҷалб мекунанд ва ҳангоми амалиётҳо нерӯи онҳоро алайҳи нерӯҳои давлатӣ истифода мекунанд. Вай афзуд, аз ин хотир, аз ҷумлаи ҷанговарони башардӯсте, ки дар Афғонистон дар замони Шӯравӣ хизмат кардаанд, гурӯҳҳои корӣ ташкил шудаанд, ки дар миёни ҳайати шахсии вазорати дифоъ кор мебаранд.
Сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев низ омодагиҳои ниҳодаш ба вазъи пас аз соли 2014, пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалро таъйид кард, аммо аз ироаи тафсилот худдорӣ намуд.
Дар бораи зарфиятҳои мақомоти амниятии Тоҷикистон то ба ҳол оморе дақиқ ироа нашудаанд. Танҳо манобеъи хориҷӣ, назири Пажӯҳишгоҳи стратегии Бритониё, ки гузориши солонаи "The military balance" – ро омода мекунад ва ҳам маҷаллаи «Военно – промышленный курьер» - Русия аз теъдоди ҳайати шахсии артишу дигар мақомоти амниятии Тоҷикистон омор меоранд. Бино ба ин манобеъ, хароҷоти низомиашро аз 1,5 то 3 дарсади ММД, теъдоди артишашро ҳудуди 8 ҳазор ва шумори бақия нерӯҳои амниятии кишварро то 10 ҳазори дигар ҳадс мезананд, ки аз нигоҳи коршиносон, сиҳат надоранд.
Аммо Фаридун Муҳаммадалиев мегӯяд, дар ҳоли сар задани хатарҳои хориҷӣ ва тибқи муоҳидаҳои минтақавӣ ба неруҳои амниятии Тоҷикистон бояд Нерӯҳои зудамали муштараки Осиёи Марказӣ, Нерӯҳои вокуниши фаврии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва ҳам СПАД, маъруф ба КСОР кӯмак расонанд.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон мегӯянд, хатари Афғонистон ҳоло мавзӯи тиҷорати сиёсӣ қарор гирифтааст, ба он далел ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо бузург нишон додани ин хатар мехоҳанд ҳарчӣ бештар аз аслиҳаи ваъдагии Амрикову НАТО ба даст оранд ва Русия ҳам ба баҳонаи амнияти худ ҳузурашро дар минтақа тақвият диҳад.
Маҳдӣ Собиров, полковники мустафъӣ, мегӯяд, бо хуруҷи неруҳои байнулмилал Толибону ҳукумати Афғонистонро банди масъалаҳои дохили он кишвар мекунад. Вай афзуд, гурӯҳҳои ҳамкори Толибон аз Осиёи Марказӣ маҳз дар ҳолати ҳамла аз он тарафи Ому ба ин сӯ муваффақ нахоҳанд шуд:
«Роҳбарони маънавиву аксар фармондеҳони онҳо кушта шудаанд ва ҳамагӣ нерӯи ташкил кардани як ҷабҳаи муттаҳид ва ҳамла ба Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказиро надоранд. Аммо азбаски дар дохили кишварҳои аъзову мухлисони худро доранд, онҳо бештар аз дохил хатар доранд, на хориҷ».
Ба хотири ҷилавгирӣ аз паёмадҳои хуруҷи неруҳои байнулмилал аз Афғонистон тайи як-ду соли ахир даҳҳо ҷаласаву нишастҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ баргузор шудаанд. Ва дар ин сӯҳбатҳо исми созмонҳои террористие, ба монанди Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, Ҳаракати исломии Туркистон ва Ҷамоати Ансоруллоҳ ном бурда мешавад, ки ҳадаф доранд низомҳои мавҷударо барҳам зада, давлатҳо ва ё хилофати исломиро ташкил кунанд.
Собиқ Котиби Шӯрои амният ва ҳоло раиси Кумитаи дифоъ, амният ва тартиботи ҳуқуқии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Амирқул Азимов низ хатарҳоро эҳтимолӣ унвон мекунад, аммо мегӯяд, кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистон бояд омодагии худро бубинанд. Вай афзуд, қабл аз ҳама кишварҳоро зарур аст, ки ба хотири амн шудани худи Афғонистон бикӯшанд:
«Сулҳу суботи Афғонистон сулҳу суботи ҳамсояҳои он аст. Бояд худи ҷонибҳои афғон сари мизи музокирот нишинанд ва байни худ музокира кунанд. Ин кори якрӯза-дурӯза нест, аммо ман ба ин бовар дорам. Онҳо фарзандони Афғонистонанд ва бояд ки дар бораи ободии ватанашон худашон тасмим гиранд. Мо ҳамсояҳо хеле ин суботро интизор хоҳем буд».
Иддае аз коршиносон ҳам ба ҳамкориҳои танготанги низомии Тоҷикистону Русия таъкид мекунанд, ки тирамоҳи соли равон ба имзои Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия пурра даст хоҳанд ёфт. Бино ба ин созишнома, Русия муваззаф мешавад, ки солона дар ҳаҷми 400 миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмаки низомӣ кунад.
Гуфтугӯҳои таҳкими амнияти Тоҷикистон чанд рӯз пас аз баррасии ин мавзуъ дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва фиристодаи махсуси Иттиҳодаи Аврупо Патрисия Флор, дар рӯзҳои сафари дабири кулли СПАД Никлоай Бордюжа ва арафаи сафари фармондеҳи аршади Покистон ба Тоҷикистон сурат мегирад.