Моҷарои Сноуден, ки махфӣ намондани гуфтугӯҳои телефонӣ ва мукотибаи электрониро фош намуд, корбарони интернет дар Тоҷикистонро танҳо як андоза эҳтиёткор кардааст.
Бар замми қазияи Сноуден ҳодисаи дигари пурсарусадо боздошти се дузди интернетӣ ё ҳакерҳои тоҷик, ки маблағҳои калонеро аз ширкатҳои мобилӣ рабудаанд, корбарони интернет дар Тоҷикистонро водор мекунад, ки дар номаҳои худ сирру асрореро фош накунанд. Бархе аз онҳо ҳатто истифода аз почтаи электрониро кам кардаанд.
Аммо яке аз корбарони интернет мегӯяд, ҳанӯз дар давраи раёсатҷумҳурии Ҷорҷ Буши хурдӣ, ки ба хондани имейли одамон ва гӯш кардани суҳбатҳои телефонии онҳо иҷоза дод, рӯ ба эҳтиёти бештар овардааст. Бо вуҷуди ин, тавре ин пурсиши видоеӣ нишон медиҳад, бисёриҳо фикр мекунанд, агар парол ё рамзи имейли онҳо махфӣ монад, касе аз муҳтавои номаҳояшон огоҳ нахоҳад шуд.
Бунёди ҷамъиятии «Интернет» ҳафтаи гузашта хабар дод, ки шумораи корбарони интернет дар Тоҷикистон ба 4 миллион нафар расида, суръати афзоиши онҳо солона 2 дарсадро ташкил медиҳад. Мутаносибан ба ин теъдоди онҳое, ки аз почтаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд, низ дар ҳоли афзоиш аст. Вале шумораи онҳое, ки аз интернет ва имейл истифодаи эҳтиёткорона доранд, дар ин миён шояд чандон зиёд нест. Чунин афрод бисёр вақт дар интернет-кафеҳо баъд аз мукотиба почтаҳои худро боз ва ҳам санадҳои муҳими хешро дар “мизи корӣ”-и компютер ё ройона боқӣ мегузоранд.
Ҷавонон дар шабакаи Фейсбук номаҳои шахсиии худро на дар почтаи ҳамдигар, балки дар “девор”-е менависанд, ки ҳама онҳоро хонда метавонад. Онҳо инчунин аксҳое мегузоранд, ки мумкин аст, замоне ҳамчун далел бар зидди худашон истифода шаванд.
Яке аз ҳамсуҳбатони мо мегӯяд, ҳар як маъмури шабакаҳои иҷтимоӣ ё почтаҳои электронӣ метавонад, имейли ӯро боз ва номаҳояшро хонад. Оё дар воқеъ ҳамин гуна аст? Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Шумо ба амнияти почтаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бовар доред?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад