Як сокини Тоҷикистон дар сол 62 тухм ва 14 кило гӯшт истеъмол мекунад. Барои муқоиса, як сокини миёнаи Австралия солона 110 кило гӯшт истеъмол мекардааст. Яъне 8 маротиба бештар аз як тоҷик!
Сокинони Тоҷикистон соли гузашта ба сурати умум рӯзона ба андозаи 2277 килокалория ғизо мехӯрдаанд ва ин бештар аз ҳаддест, ки табибони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тавсия додаанд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, истеъмоли ғизои муносиб ба андозае, ки бадани шумо аз он дар як рӯз 2100 килокалория ҷазб кунад, кофист ва аз ин бештар мумкин аст, ба фарбеҳӣ ва дар ниҳоят ба беморие бирасонад. Аммо соли гузашта мардум дар Тоҷикистон (албатта, на ҳама) рӯзона 2227 килокалория ва 671 килокалория беш аз он меъёри тавсияшуда ғизо мехӯрдаанд.
Аммо ин рақамҳо нишондиҳандаи он нест, ки мардум дар Тоҷикистон пурхӯр шудаанд, балки таркиби номутавозини дастурхон ва аксаран якранги маводи ғизоист, ки ҳар рӯз истеъмол мешавад. Бар асоси оморе, ки Оҷонси омори тобеъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кардааст, калорияи беш аз меъёр дар таркиби ғизои тоҷикон, бинобар истеъмоли зиёди нону маҳсулоти нонист. Таври маълум дастурхони ҳеҷ тоҷик бе нон нест ва баъзеҳоро ҳам метавон дар ошхонаи сари роҳӣ дар Душанбе дид, ки мантуро ҳам бо нон мехӯранд.
Бар тибқи омори расмӣ соли 2013, мардуми Тоҷикистон аз меъёри муқарраршудаи тиббӣ 17 дар сад бештар нону маҳсулоти нонӣ мехӯрдаанд. Шояд бовар накунед, аммо ба ҳисоби оҷонси омор ҳар яки шумо соли гузашта ба ҳадди миёна се халта ва ё 157 кило орд истеъмол кардаед.
Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Оҷонси омор дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Нормаи нону маҳсулоти ноние, ки мехӯрем, аз меъёр зиёдтар аст, лекин дигар намудҳои маҳсулотро бинем, барои мисол, мевагӣ, сабзавот ва дигарҳоро муқоиса кунем, мебинем, ки миёни онҳо чӣ қадар фарқият аст.”
Дар воқеъ нишондиҳандаҳои дигар маводи ғизоии дорои витамину минералу сафеда ва дигар таркибҳои лозимӣ, ки ҳар инсон бояд ба қадри кофӣ барои кору фаъолияти рӯзмарра ва кӯдак барои инкишофи дуруст бихӯрад дар Тоҷикистон маъюскунанда аст. Масалан дар таркиби ғизои ҳаррӯзаи тоҷикон гӯшту маҳсулоти гӯштӣ ва тухм бисёр кам аст ва камтар аз меъёрҳое, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои ҳар як инсон тавсия медиҳад.
Мо чӣ мехӯрем?
Дар Тоҷикистон соли 2013 ҳар як узви хонавода ба ҳадди миёна тақрибан 14 кило гӯшт истеъмол кардааст, ки бисёр кам аст ва барои муқоиса Австралияро метавон мисол овард, ки ҳар нафар солона дар онҷо 110 кило гӯшт истеъмол мекунад. Соли гузашта тухм ҳам дар дастурхони тоҷикон камчин будааст ва солона ба ҳар як аъзои хонавода ба ҳадди миёна танҳо 62 тухм расидаасту тамом.
Аммо меъёри истеъмоли меваву сабзиҷот дар Тоҷикистон чандон бад нест, чун солона ҳар сокини кишвар ба ҳадди миёна тақрибан 39,5 кило кило себу ангуру ноку дигар навъи мева ва 77 кило сабзавоту 38,7 кило картошка истеъмол кардааст. Ширу ҷурғоту дигар маҳсулоти ширӣ ҳам дар дастурхони тоҷикон зиёд дида мешавад ва соли гузашта ҳар яке аз шумо ба ҳадди миёна 52 кило аз он маводи ғизоӣ истеъмол кардаед. Ҳар нафар сокини Тоҷикистон дар соли гузашта ҳамин тавр, 13,5 кило шакару маҳсулоти қаннодиро нӯши ҷон кардааст.
Оҷонси омори Тоҷикистон таркиби “дастурхон” ва ё ғизои сокинонро барои моҳи декабри соли 2013 чунин табақабандӣ кардааст: 25 % меваву сабзиҷот, 7,1 % равғани рустанӣ, 6,2 % қанду ширинӣ, 2,4 % тухм, 30,7 % маҳсулоти нонӣ, 11 % маҳсулоти ширӣ ва 15,6 % маҳсулоти гӯштӣ будааст. Омори мазкур нишон медиҳад, ки тоҷикон моҳи декабри соли 2013 назар ба ҳамин моҳи соли 2012, шояд ба далели гарониаш, гӯшту тухму нон камтар хӯрда ва бештар аз ҳисоби меваву сабзавот, ширу қанд ва дигар маҳсулот “сер” шудаанд, ки дар Тоҷикистон нисбатан арзонтаранд.