Омодагиҳо ба "Рӯзи Рӯдакӣ" дар Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қодири Рустам "Девони Рӯдакӣ"-ро нашр намуд.

Дар остонаи бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ ё сардафтари адабиёти форсу тоҷик, нашри дувуми Девони ин абармарди фарҳангу адаб бо номи “Девони Рӯдакӣ” дар нашриёти “Бухоро" бо тиражи як ҳазор нусха аз чоп баромад.

Масъулони Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 6 август зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “Девони Рӯдакӣ" дар таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии пажӯҳишгари пухтакор ва нависандаи хушсалиқаи тоҷик Қодири Рустам омодаи чоп шудааст.”

Ба гуфтаи ин масъулон “девони мазкур яке аз чопҳои мӯътабари девони устоди Рӯдакӣ дар солҳои ахир ба шумор меравад, ки дар асоси маъхазҳои гуногун ва маҷмӯаҳои зиёди мунташираи шоир таҳия шуда, сурати дурусту саҳеҳи абёти Рӯдакиро пешниҳоди хонанда кардааст.”

Ин масъулон афзуданд, ки “маҷмӯа шомили ашъори устод Рӯдакӣ буда, қаблан ду бор – солҳои 2008 ва 2010 бо хатти форсӣ дар Теҳрон низ чоп шудааст.

Нашри дуввуми Девони Одамушшуаро дар интишороти "Бухоро" дар ҳолест, ки нашри аввали он тирамоҳи соли 2007 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар таҳияи муҳаққиқ Қодири Рустам чоп шуда буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қодири Рустам "Девони Рӯдакӣ"-ро нашр намуд.

Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Ибни Муҳаммад Рӯдакӣ, бино ба маъхазҳо, соли 858 дар рустои Панҷрӯди ноҳияи кунунии Панҷакенти Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ дар даврони шукуфоии давлати Сомониён ба сар бурда, бахусус дар даврони аморати Насри Сомонӣ аз сӯи ин хонаводаи ҳоким марҳамати зиёд дид ва дар Бухоро дар дарбор ба сар бурд.

Сомониён Рӯдакиро ба унвони тавонотарин шоири он даврон лақаби "Маликушшуаро" дода буданд. Аммо Рӯдакӣ дар поёни умраш ба зодгоҳи худ -Панҷрӯд - баргашт ва дар соли 941 дар ҳамин ҷо аз ҷаҳон даргузашт ва дафн шуд.

Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 22-уми сентябр зодрӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - сардафтари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, шоири қарнҳои 9-10 таҷлил мешавад. Ин маърака бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо ва сӯҳбатҳои мизи гирд ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Фарҳангиёни тоҷик чунин тадобирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд.

Дар Тоҷикистон ба манзури бузургдошт ва арҷгузорӣ аз ин шахсият як ноҳия, пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, донишгоҳи Кӯлоб, чандин муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, мактабҳо ва кӯчаҳо номи Рӯдакиро дорад. Муҷассамаҳои Рӯдакӣ, ки ӯро падари шеъри форсӣ ҳам ном мебаранд, дар назди бархе аз муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла яке адр Боғи Рӯдакӣ дар маркази пойтахт ва якеи дигар дар саҳни майдони назди Донишгоҳи кишоварзӣ қомат афрохтаанд.Хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон низ номи Рӯдакиро дорад. Ҳамчунин ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳоти адабу фарҳанг, ки ҳар сол барои беҳтарин асарҳои адибону ҳунармандони тоҷик тақдим мешавад, низ ба номи Рӯдакист.