Пахши филму наворҳо бо забони оригиналӣ ё аслии англисӣ, тамошобинони шабакаҳои телевизионии давлати Тоҷикистонро, ки одат доштанд бо забони русӣ филм бубинанд, ба ҳайрат гузоштааст. Албатта, тамошои саҳнаҳои филме ба забони англисӣ барои Меҳрангез, як тамошобини телевизион, хеле ҷолиб буд, аммо ӯ ба ҷуз вожаҳои “Мадам” ва “Ҳелло” чизеро аз забони ин филм нафаҳмидааст.
Меҳрангез, ки тоза ба омӯзиши забони англисӣ шурӯъ кардааст, мегӯяд, бо вуҷуди барояш мушкил будани забони филм онро то охир тамошо кард: “Албатта, ман ҳоло калимаи зиёде бо англисӣ намедонам ва наметавонам забони онҳо пурра бифаҳмам, аммо муаллимаам гуфт, тавонед бештар тариқи филму мусиқӣ таллафузи англисиро гӯш кунед ва ин бароятон дар дуруст ҳифз кардани луғату калимаҳои ин забон кӯмак мекунад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Барои афроде, ки мисли ин мусоҳиби мо майли омӯхтани англисиро доранд, телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, ки забони филму барномаҳояш ғолибан тоҷикӣ ва русӣ аст, ба пахши филмҳои англисӣ шурӯъ кардаанд
Чанд моҳ аст, ки шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон аз ҷумла Шабакаи аввал, телевизионҳои “Сафина” ва “Баҳористон” ҳафтае ду бор бо забони англисӣ филмҳои мухталиф ва филми тасвирӣ пахш мекунанд.
Масъулони ин шабакаҳо мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки солҳои ахир сокинони кишвар, ҳарчӣ бештар ба омӯзиши англисӣ таваҷҷӯҳ доранд, онҳо ҳам тасмим гирифтанд, барои мусоидат ба забономӯзӣ ва ҳамчунин ба ҳадафи ҷалби тамошобини бештар, филмҳои англисиро бидуни тарҷума пахш кунанд ва ҳамчунин барномаҳои омӯзишии англисиро пешниҳоди тамошобинон кунанд.
Комрон Сафаров, муовини раҳбари Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гуфт, “Аксар сокинони Тоҷикистон аз ҳамин роҳ, яъне бо тамошои филмҳо бо забони хориҷӣ русиро балад шудаанд ва тариқи дидану гӯш кардан, мардум метавонанд, як забонро зудтар аз худ кунанд.”
Филмҳо бо забони англисӣ дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, рӯзҳои якшанбе ва панҷшанбе ва дар соатҳое пешниҳод мешаванд, ки мардуми зиёд пушти оинаи нилгун мешинанд. Ин филмҳо, ки ба гуфтаи масъулони телевизионҳои кишвар, мӯҳтавои тарбиявӣ доранд, ба такрор дар як рӯз, ду бор намоиш дода мешаванд.
Як масъули дигари Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, филмҳо ғолибан аз ҷониби мутахассисони забонҳои хориҷӣ интихоб мешаванд ва ба филмҳое бартарӣ дода мешавад, ки забонаш нисбатан сода бошад, “Аллакай муроҷиату паёмҳо ҳаст, мардум таваҷҷӯҳ доранд, онҳое, ки забони англисиро каму беш мефаҳманд, изҳори ташаккур мекунанд ва онҳое ҳам ҳастанд, ки мепурсанд, ба кадом хотир чунин филмҳои бетарҷума намоиш дода мешаванд. Мо ҳам посух медиҳем, ки барои кӯмак ба дигарон”
Пахши филмҳо дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ бо забони англисӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи Парвона Ҷамшед, раиси Анҷумани муаллимон ва устоди забони англисӣ, ҳоло дар Тоҷикистон танҳо 5 дар сади мардум забони англисиро медонанд. Барои мисол, фақат аз тариқи як барномаи Флекс ё Шӯрои Амрикоӣ, дар соли ҷорӣ беш аз 100 ғолиби озмун барои таҳсил дар мактабҳои Амрико роҳхат гирифтанд. Дар ҳоле, ки солҳои пеш, пайдо кардани ҷавонони забондон, ки тавонанд якҷо бо ҳамсолони амрикоиашон таҳсил кунанд, мушкилтар будааст. Ҳоло дар пойтахт беш аз 20 маркази омӯзиши забони англисӣ фаъолият доранд.
Парвона Ҷамшед, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳоло марказҳои зиёди забономӯзӣ ҳаст ва дар донишгоҳҳои зиёди кишвар ба забони англисӣ таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад, ин забон рушд мекунад дар кишвар, вале дар гирду атроф, ки одами зиёд барои сӯҳбат кардану такмил додани ин забон нест, ягона роҳи хуб тамошои филм аст. Масалан филмҳои маъруфе мисли филми “Ромео ва Ҷулетта” ва филмҳои ҳиндиро бояд бештар бо забони англисӣ пешниҳод кард. Бо ин роҳ мешавад, ба беҳтар шудани забони англисии мардум мусоидат намуд.”
Дар зимн, дар Белжик ва Ҳолланд, сатҳи ангилисидонии мардум беҳтар аз Олмон будааст, зеро мардуми ин ду кишвар аз оғоз филмҳои Болливудиро ба забони англисӣ тамошо кардаанд ва бо ин роҳ забони худро рушд додаанд.
Аммо дар Тоҷикистон аксари мардум, филмҳои хориҷии тарҷумаи русидоштаро тамошо мекунанд. Забони русӣ ба сурати умум дар ин кишвар, забони дуввум ва забони аслии муоширати байнимиллатҳо аст. Зеро забони русӣ дар Тоҷикистон таърихи беш аз садсола дорад ва аксари мардум низ ин забонро хуб мефаҳманд.
Аммо ҳоло дар баробари забони русӣ ҳукумат ва ҳам сокинон ба забони англисӣ таваҷҷӯҳи хос доранд. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳам борҳо дар сӯҳбатҳояш ба ин таъкид кардааст, ки ҳар як нафар бояд баъди забони модарии худ, забони русӣ ва англисиро балад бошад.
Дар зимн масъулони шабакаҳои телевизионии давлатӣ ҳам мегӯянд, намоиши филму барномаҳо бо забони бетарҷумаи англисӣ пешниҳоди худи президент ҳам ҳаст. Раҳбарони телевизонҳои давлатии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ба ин тартиб нақша доранд, намоиши филмҳо бо забони англисиро дар баробари русӣ бештар кунанд.