Барои ин матлаб шояд сухани зиёд даркор нест. Кофист, ки ба назарсанҷӣ дар тарафи чапи матлаб нигаред ва бо ангушт задан ба рӯйдоде, ки фикр мекунед, беш аз ҳамаи таҳаввулоти дигари сол дар хотири Шумо мемонад, овоз диҳед. Мутаассифона, ҳар шахс метавонад танҳо барои як рӯйдод раъй диҳад, ин яке аз қоидаҳои назарсанҷии ғайрирасмии мост. Он гоҳ хоҳем дид, ки ин ё он воқеа то чӣ андоза дар ҳаёти хонандагони сомонаи мо муҳим ва ҷиддӣ будааст.
Биноан, шояд беҳтар аст, пеш аз он ки аввалин тугмаи ростомадаро пахш кунед, як бор ҳамаи сархатҳоро якояк бихонед ва сари ҳар кадоми онҳо биандешед, ки кадоме аз онҳо ба сарнавишти Шумо таъсири бештар дорад ва кадоме аз онҳо воқеан барои тамоми кишвар ё ҷаҳон боаҳамият аст. Ислоҳ кардан ё тағйир додани раъйе, ки як бор дода шуд, номумкин аст. Аз ин рӯ танҳо пас аз андешидани ҳамаи далелҳо раъй диҳед.
Вале агар дар канори ширкат дар ин назарсанҷӣ ба ин фикр меоед, ки бояд ҳамзамон аҳамияти рӯйдодҳои дигареро низ ишора кунед, пас дар ҳошияи ин матлаб назари худро бинависед ва ҳам далелҳои хешро, ки чаро ин ё он ҳодиса барои Шумо, Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон муҳим аст, чаро ин рӯйдод метавонад ба ояндаи ин ҳама таъсир гузорад.
Ҳарчанд ин назарсанҷӣ ғайрирасмист, умедворем, он таовнад ба як навъ ҳавосанҷ ё барометри эҳсосу ормон ва интизориву орзуҳои ҷомеа табдил ёбад.
Пешопеш барои ширкататон дар ин назарсанҷӣ сипос мегӯем ва бароятон ҳамаи хушиҳои зиндагиро дар соли 2015 орзу мекунем.