Гулҷамол фурсати холигии худро мисли аксари сокинони Тоҷикистон ба тамошои телевизор мегузаронад. Аммо ӯ шабакаҳои телевизионҳои миллиро чандон ҳаваси тамошо кардан надорад ва ба тамошои телевизионҳои хориҷӣ бартарӣ медиҳад.
Ин сокини Душанбе дар Рӯзи Ҷаҳонии Телевизион мегӯяд, "на он кадар қаноатмандем, барои он, ки бисёр чизҳо пӯшида мебошад. Мисол, хабарҳои криминалӣ, ки дар Тоҷикистон рух медиҳад, бисёртар мо аз дигар шабакаҳо тамошо мекунем. Онҳо нишон медиҳанд, аммо дар шабакаҳои мо ҳамин гуна хабарҳоро бисёр кӯтоҳ нашр мекунанд. Мо мехоҳем хабарҳои кишварамонро аз шабакаҳои худамон тамошо кунем".
Сабаби ба тамошои шабакаҳои телевизионҳои моҳвораии хориҷӣ рӯ овардани худро Гулҷаҳон вуҷуд надоштани баъзе барномаҳои мавриди писандаш дар телевизионҳои дохилӣ мегӯяд. Аз ин рӯ, баъзе коршиносон пешниҳод мекунанд, ки мӯҳтавои барномаҳои телевизионҳои ватанӣ тағйир кунанд ва тавсеа ёбанд.
Зеваршо Муҳаммадов, дабири кулли Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мегӯяд, "сатҳи барномасозии шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон имрӯз воқеан ҳам тағйирот мехоҳад ва ниёз ба як табаддулоти тозае дар дунёи синамо ва телевизион дорад." Ба гуфтаи ӯ, "бояд афроде бо мафкура ва тахайюлоти тоза ба телевизионҳо ҷалб шаванд, то барномаҳои ҷолиб барои бинанда таҳия карда тавонанд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сокинон дар баъзе кишварҳои дунё мунтазам аз истифодаи манобеи иттилорасонии маъмулӣ, ба вижа телевизион даст кашида, дар ҷустуҷӯи хабар ба шабакаи интернет сар мезананд. Аммо дар Тоҷикистон ин раванд бештар дар миёни ҷавонон дида мешавад.
Исмоил Хомӯшов, як донишҷӯ мегӯяд, "ҷавонони ҳозира фақат хабарҳои махсус, ҳамчунин сериалҳои мавриди писандашонро аз интернет дастрас мекунад, аммо афроди як каме калонсол аз телевизион истифода мебаранд ва хабарҳои даркории худро аз онҷо дастрас мекунанд."
Расонашнос ва мушовили матбуот Набӣ Юсупов ҳам афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба дарёфти иттилоъ аз шабакаи интернетро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, бар асоси таҳқиқоти муштараки ӯ бо Маркази ҷомеашиносии "Зеркало", ҳоло телевизион ҳамчун манбаи иттилоъ танҳо барои одамони калонсол боқӣ мондааст. Ба гуфтаи ӯ зз шабакаи интернет дар аксари мавридҳо сокинони аз 18 то 35-сола истифода мекунанд.
Набӣ Юсупов мегӯяд, "маълумоти комилро мо феълан аз рӯзномаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва шабакаи интеренет дарёфт мекунем. Он ҳам дар аксар маворид аз шабакаҳои интернетӣ, зеро рӯзномаҳо ҳоло дар як ҳафта як бор ба нашр мерасанд ва дар шароити ҳозира хонандагонро қонеъ намекунад. Воситаҳои ахбори оммаи интеренетӣ дар ҳамин лаҳза ва ҳамин макон метавонад маълумоти бештару фарохтарро расонад. Телевизион ба ин қодир нест. Мӯҳтавои телевизионҳои мо бештар тафреҳист ва баъдан дигар мавзуъҳо".
Дар Тоҷикистон феълан 6 шабакаи телевизиони давлатии сартосарӣ фаъолият дорад. Ҳамчунин шаҳри Душанбе ва вилоятҳо низ шабакаҳои телевизионии худро доранд, ки ахиран ин шабакаҳо аз тариқи моҳвора низ нашр мешаванд. Теъдоди телевизионҳои хусусӣ хеле кам аст ва дар доираи маҳдуд пахш мешаванд.
***
Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед