Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба ордо (бозии миллии қирғизҳо) аз рӯи барномаи Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Қувваозмоии ниҳоӣ, ки 7 сентябр миёни дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон ба охир расид.
Ба дастаи ғолиб – Қирғизистон – медали тило ва ҷоиза ба маблағи 700 000 соми қирғизӣ, ба дастаи Тоҷикистон барои ҷойи дувум медали нуқра ва 500 000 сом, инчунин ба дастаи Русия барои ҷойи севум медали биринҷӣ ва 300 000 сом тақдим шуд. Дар мусобиқот оид ба ордо панҷ даста - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон - ширкат дошт.
Дар мусобиқот оид ба қирғиз куроши гуштигири тоҷик Саиднабӣ Камолов дар вазни то 74 кило мақоми дувумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Хуршед Шарифов дар вазни то 96 кило барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Аксҳои бештар дар инҷост:
Зимнан, дар ин намуд гуштигирони Қирғизистон дар ҳамаи ҳафт вазн ғолиб шуданд. Дар мусобиқот оид ба қирғиз куроши 96 варзишгар аз 26 кишвар ширкат дошт.
Ёдовар мешавем, аввалин медалро ба мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо Ҳамроз Раҷабов, паҳлавони тоҷик, овард. Вай дар мусобиқот оид ба казах куреши дар вазни то 80 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо мунтахаби Тоҷикистон бо ду медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ дар байни 64 даста дар ҷойи 18-ум қарор гирифт. Умуман, варзишгарони 31 кишвар медалҳои бозиҳоро ба даст оварданд. Намояндагони 16 кишвар барандагони медалҳои тилои бозиҳо гардиданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қирғизистон бо касби 79 медал (25-тило, 25-нуқра ва 19-биринҷӣ) ҷойи аввалро касб кард. Туркманистон бо 24 медал (15-3-6) ҷойи дувум ва Қазоқистон бо 38 медал (12-13-13) ҷойи севумро ишғол карданд.
Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Русия (12-5-10), Озарбойҷон (4-4-7), Эрон (2-5-11), Гурҷистон (2-1-0), Узбакистон (1-4-7), Бошқирдистон (1-3-6) ва Тотористон (1-2-2) дохил шуданд.
Ҳамин тариқ, Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо, ки 3 сентябр дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон шуруъ шуда буданд, рӯзи 8 сентябр ба анҷом расиданд.
Дар ин бозиҳо ҳудуди 1000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон, инчунин 8 минтақаи Русия, ширкат карданд. Ба барномаи бозиҳо 16 намуди варзиш (қувваозмоиҳои якҳарба, пойга ва рақобатҳои асптозӣ, мусобиқоти камонварӣ), инчунин намоиши намудҳои мухталифи паррандаҳои шикорӣ дохил буд.
Дар Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо 37 варзишгар аз Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба ҳашт намуд (алиш, гореш, гюлеш, казахша куреш, қирғиз курош, пойгаи асптозӣ, мас-рестлинг ё кашидани чӯбдаста ва ордо) ширкат карданд.
Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳоро наздики 500 нафар намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос карданд.
Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо бо ибтикори раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев бо мақсади эҳё ва нигаҳдории фарҳанг, тарзи вижаи зиндагонии халқҳои ҷаҳон дар давраи ҷаҳонишавӣ баргузор шуданд.
Ҷаҳони кӯчиҳо садҳо халқҳоро муттаҳид месозад. Фарҳанги онҳо махсус, такрорнашаванда буда, тамоми тарзи зист ва анъанаҳои ин халқҳоро нишон медиҳад. Масалан, хонаи кӯчӣ хайма мебошад. Агар мо ба таърих назар кунем, пас маълум мешавад, ки маҳз ба шарофати кӯчиҳо табодули фарҳангӣ миёни халқҳо ба амал меомад.
Кӯчиҳо замони фароғати худ, иду тӯю маъракаҳоро бо ширкат дар бозиҳои мухталифи варзишӣ ва зеҳнӣ мегузарониданд, ки ин бозиҳо то имрӯз нигаҳдорӣ шудаанд.