Ин се бону дар солу рӯзҳои гуногун ба дунё омадаанд, вале ҳарсеро падару модар Гулбаҳор ном ниҳоданд, ки мисли гулҳои баҳор шукуфону хандон бошанд. Аммо зиндагии ҳар кадом бо роҳи дигаре рафт. Дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии зан мо яке паси дигар бо се бонуе вохӯрдем, ки исмашон Гулбаҳор аст ва хостем, бубинем, ки оё зиндагияшон монанди гулҳои баҳор аст ё не.
Гулбаҳор Ғаффорова аз "Хандинкамон"
Гулбаҳор Ғаффорова, ки пештар дар театр-студияи "Хандинкамон" фаъолият дошту ҳоло дар ҳайати "Доно ва Коно"-ст, бо амри тақдир 1-уми апрел, дар рӯзи ҷаҳонии ханда таваллуд шуда бошад ҳам, ҳаргиз фикри ҳаҷвнигор шуданро надошт. Пас аз хатми мактаби миёна хост, ба Донишкадаи тиббӣ дохил шавад, вале дар имтиҳонҳои қабул миқдори зарурии холҳоро ба даст наовард. Ноком шуд, вале рӯҳафтода нагашт. Ба бахши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро хатм кард, аммо, эҳсос мекард, ки бояд ихтисоси дигареро барои зиндагиаш интихоб кунад. Номаш Гулбаҳор буд, аммо на шод буд ва на хандон. Аз зиндагияш розӣ набуд. Ҳар баҳор фикр мекард, бояд роҳи дигареро дар пеш гирифт. Хушбахтияш ин буд, ки падару модар ва наздиконаш ба ӯ фишор намеоварданд, ки зудтар шавҳар кунад ва барояш имкон медоданд, ки омӯзишу ҷустуҷӯи хештанро давом диҳад.
Пас аз муддате бо орзуи адвокат ё додрас шудан озими даргоҳи бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Хуҷанд шуд. Дар ин ҷо таҳсил мекард, вале ҳанӯз ҳам аз роҳи пешгирифтаи худ қонеъ набуд. Он давра буд, ки баъд аз ширкат дар озмуни ҳозирҷавобон (КВН)-и вилояти Суғд ғалаба кард ва донист, ба чизе машғул гаштааст, ки дилаш мехоҳад. Он гоҳ буд, ки ҳаҷвнигориро пешаи зиндагии худ интихоб кард ва ҳудуди 20 сол аст, ки мардумро бо нақшофарӣ ва танзу шӯхиҳояш хушҳол месозад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гулбаҳор Ғаффороваи 40-сола ва ҳаҷвнигори собиқи гурӯҳи "Хандинкамон" мегӯяд, шавҳараш беш аз даҳ сол боз дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад ва ин амр дар зиндагиаш мушкилоти фаровонеро ба бор меорад. Гулбаҳор бо як писараш дар хонаи иҷора дар Хуҷанд зиндагӣ карда, орзуи соҳиби фарзанди дувум шуданро дорад. Аммо, чӣ хел, гоҳе ки шавҳараш ҳазорон километр аз ӯ дур аст? Вай ҳамчун ҳунарпешаи ҳаҷвнигор ин мавзуъро низ ба риштаи танз мекашад: "Ба шавҳарам гуфтам, ки шумо имкони ба Тоҷикистон омаданро надоред, шояд то бозгашти шумо барои писаракатон додарчаеро пайдо кунам? Вай бо қаҳр гуфт, ки ҳоло фурсат пайдо карда бармегардам ва аз пайи ин кор мешавем. Хеле мехоҳам, ки наздам бошад, зеро дар зиндагӣ мушкилоти зиёде дорам. Тақрибан ҳамасола хонаи иҷора дар Хуҷандро иваз мекунам ва муроҷиатҳоям ба роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд барои гирифтани хонае беҷавоб мемонанд. Бо ин вуҷуд, мехоҳам соҳиби фарзанди дувум шавам".
Гулбаҳор Ғаффорова афзуд, феълан дар раёсати фарҳанги шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) дар вазифаи коргардон фаъолият мекунад ва омаду рафт ба ҷойи кор ба далели дурии роҳ аз Хуҷанд барояш душвор шудааст. Аммо ноумед ва озурда нест ва мегӯяд, аз номи худ фахр мекунад, зеро ба забон овардани он сабаб мешавад, ки дар лаби ҳазорон нафар ханда гул кунад.
Гулбаҳор Рабиева, шукргузор ва мунтазир
Шавҳари Гулбаҳор Рабиева, кордори Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар Душанбе низ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст ва машғул ба сохтмону бинокорӣ. Агар ӯ он ҷо намебуд, маълум набуд, ин оила чӣ гуна рӯзгори худро пеш мебурд.
Гулбаҳор бо ин вуҷуд аз зиндагии худ қонеъ аст ва ҳамсони таблиғоти расонаҳои давлатӣ аз зиндагӣ ва сарнавишти худ танҳо шукргузорӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, падараш дар ниҳодҳои қудратӣ кор мекард ва ҳамеша баъд аз сафарҳояш ба минтақаҳои Тоҷикистон аз зебоиҳои кишвар қиссаҳо меовард. Гулбаҳор низ бо шунидани ин нақлҳои ҷолиб орзу мекард, ки мисли падараш ба ҳар гӯшаи кишвар сафар карда, ин зебоиҳоро тамошо кунад. Вай мегӯяд, ҳарчанд дар зиндагӣ талоши зиёд накард, ки ба орзуи худ бирасад, гардиши рӯзгор барояш чунин имкониятро пеш овард: "Муҳим, аз ҷавонӣ мехостам кишварро тамошо бикунам ва ба шарофати кор дар театр ба ман муяссар шуд, ки ба ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон сафар дошта бошам. Албатта, маоше, ки мегирам кам аст, вале шукр мекунам, ки зиндагиам хуб аст. Ба корҳои дигар низ машғул мешавам."
Акнун орзуи зиндагии Гулбаҳор Рабиева ин аст, ки шавҳараш рӯзе аз муҳоҷират баргардад ва ҳамеша ҳамроҳи оила бошад. Вай намедонад, кай чунин давроне насибаш хоҳад гашт.
Гулбаҳор Авлиёқуловаи дандонпизишк
Гулбаҳор Авлиёқуловаи 50-сола, дандонпизишк дар шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки аз хурдӣ фикри табиб шуданро дошт. Зеро, дар хонаводаи зиёӣ тарбият гирифта, орзуи давобахшӣ ба мардум аз кӯдакӣ дар дилу зеҳнаш ҷой гирифтааст. Ҳоло ҳар рӯз, вақте касеро табобат мекунад ва сипосгузории ӯро мешунавад, дилашро фараҳ ва қаноат пур мекунанд. Вай дӯст медорад, вақте атрофиён ба ӯ "апаи Гулбаҳор" гуфта муроҷиат менамоянд.
Гулбаҳор Авлиёқулова мегӯяд, ки фикри муҳоҷират ҳаргиз ӯро ҷалб намекард, ҳарчанд имкони кӯч бастан ба кишварҳои дигар зиёд пеш омада буд. Зеро, баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон кишварҳои мухталиф ба даъвати пизишкони тоҷик барои кор дар ин кишварҳо талош мекарданд. Шавҳараш низ пизишк аст ва дар зиндагиву фаъолияти худ мушкили ҷиддие надорад. Ҳарчанд, ба фикри хонум Авлиёқулова хуб мебуд, агар маоши табибон дар Тоҷикистон бештар мешуд ва пизишкони дигар низ дар фикри муҳоҷират ва тарки ватан намешуданд. Ҳайратовар аст, ки ҳоло зиёда аз 20 ҳазор табиби тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва аз байни духтурон хоҳишмандони муҳоҷират аз ватан зиёданд.
Вале Гулбаҳор Авлиёқулова дудила аст: "Фикри дар хориҷа зистанро ҳаргиз надоштам, аммо ҳоло ба ин назарам, ки бояд ба фарзандонам, ки мехоҳанд дар кишварҳои хориҷӣ кору зиндагӣ кунанд, кумак бикунам. Маошам бад нест ва бо ёрии шавҳарам зиндагиро пеш мебарем. Фарзандонам низ аллакай соҳиби оила ҳастанд ва кор мекунанд".
Ҳарчанд дар Тоҷикистон омори дақиқе дар бораи занҳои муҳоҷири корӣ дар даст нест, вале соҳибназарон мегӯянд, ҳамасола даҳҳо ҳазор зани тоҷикистонӣ ҳамсони мардҳо дар ҷустуҷӯи ҷойи кор озими кишварҳое назири Русия ва Қазоқистон мешаванд. Садҳо ҳазор зани дигар дар интизори шавҳарони муҳоҷири худ дар Тоҷикистон мемонанд. Аммо, теъдоди занҳое, ки аз фаъолияти кории онҳо рӯзгори хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон мечархад, дақиқ нашудааст, ҳарчанд маълум аст, ки бори зндагӣ, тарбияи фарзандон, ҳатто нигоҳубини падару модари шавҳар ба дӯши онҳост. Ончӣ бетағйир мемонад, иродаи қавии онҳост, ки ҳаргиз фаромӯш намекунанд, онҳо гулҳои баҳор ва гулҳои зиндагиянд...