Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар дубора ҷавон мешудам... Машварати занони шинохта ба духтарон. ВИДЕО


Маслиҳати чанд зани шинохтаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар ба духтарони ҷавон

Дар остонаи Рӯзи байналмилалии занон, ки 8-уми март таҷлил мешавад, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз чанд зан дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар пурсид, ки агар ба даврони ҷавонии худ баргашта метавонистанд, ба худ чӣ машваратҳое медоданд?

Айнура Сағинбоева, раҳбари SIAR, Қирғизистон:

"Ба Айнураи 14, 16 ё 18-сола гуфаниам: Натарс. Шарм накун. Фақат талош кун кореро, ки дилат мехоҳад, бикунӣ. Аввалин чизе, ки ба ту лозим аст, донистани забони англисӣ аст, чунки забони англисӣ имкон медиҳад, бо тамоми ҷаҳон муошират бикунӣ. Ин чиз бароят имконияти сафар, кору тиҷорат ва гирифтани маълумотро фароҳам мекунад. Чизи дигаре, ки аз назари ман хеле муҳим аст: Натарс, чунки ту хато намекунӣ. Хато кардан гуноҳ нест. Хато хуб аст, чунки ин имконият аст. Ин танҳо роҳи андӯхтани таҷриба аст. Муҳимтарин чиз дар ҷаҳон таҷриба аст. Таҷрибаро харида намешавад. Ту аз дигарон таҷриба гирифта наметавонӣ. Аз ин рӯ, амал кун. Ҳеч гоҳ натарс. Фақат ба пеш рав."

Гулнора Абикеева, филмсоз, Қазоқистон:

"Бархе одамон мегӯянд, "ҳунари худро кашф кун ва кореро бикун, ки бештар аз ҳар чизи дигар дӯст медорӣ". Рост мегӯянд. Вале кори осон нест, ки худро кашф кунӣ. Ман бисёриҳоро медонам, ки мактаби олиро хатм карда, ҳанӯз ҳам худро дарнаёфтанд. Ба ҳамин хотир, пеш аз ҳама, ба дили худ гӯш андоз. Ҳамеша орзуҳои худро дар 16, 17 ё 18-солагӣ дар ёд гир. Шояд ин андеша соддалавҳона бошад, вале ҳамин орзуҳои аввал барои амалӣ кардани нақшаҳоят ёрӣ мекунад."

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва фаъоли ҳуқуқи башар, Тоҷикистон:

"Пеш аз ҳама дониши зиёд мегирифтам. Дар вақташ инро мехостам, аммо имконият надоштам. Ҳоло ҷавонҳо бояд имкон ёбанд ва технологияҳои навро аз худ кунанд. Ин бисёр муҳим аст."

Видеоро дар инҷо бинед:

Агар дубора ҷавон мешудам, ба худ чӣ машварат медодам?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Фотима, соҳибкор ва донишҷӯи риштаи тиб, зани туркман аз Афғонистон:

"Ман аз таҳи дил мехоҳам, ки занҳои туркман дар ҷавонӣ саводи дуруст гиранд. Барои онҳо садди аввалин аъзои оилаашон мебошанд. Бисёр мехоҳам, ки оилаҳо ба духтарон дар расидан ба орзуяшон аз роҳи таҳсил ёрӣ кунанд. Инчунин, орзу дорам, ки духтарон барои ояндаи худ мақсадҳои баланд дошта бошанд. Аз онҳо тақозо мекунам, ки дар риштаи интихобкардаашон бисёр заҳмат кашанд. Аз мақомдорони ҳукумат ва калонсолон тақозо мекунам, ки барои духтарҳои таҳсилкарда кор пешниҳод кунанд."

Умеда Аҳмедова, коргардони филмҳои мустанад, ҷоизадори озмунҳо, Узбекистон:

"Агар ман дар ҷавонӣ донишу таҷрибаи имрӯзаро медоштам, вақтамро барои корҳои беҳуда сарф намекардам. Ман энержиамро ба одамони нозарур сарф намекардам. Забономӯзӣ мекардам. Бештар чеҳраи инсонҳоро мекашидам, аксҳои зебо мебардоштам, зиндагиномаи шахсиятҳои барҷастаро, ки дар зиндагӣ дидаам, эҷод мекардам."

Масиҳ Алинажод, журналист, нависанда ва фаъоли сиёсӣ, Эрон:

"Бо назардошти он ки ҳоло кӣ ҳастам: беҳтарин машварат ба мани ҷавонтар ин аст, ки ҳеч гоҳ, ҳеч гоҳ дар интизори қаҳрамоне набош. Қаҳрамони зиндагии худ бош. Чаро? Чунки мо ҳамеша умедворем – худи ман ҳам аз ин тоифаам, ки як касе меояду зиндагии маро тағйир медиҳад. Вале медонед чӣ? Имрӯз ман нафаре ҳастам, ки худам зиндагии худро дигар мекунам."

Хуршед Бону, ҳомии ҳуқуқ аз созмони “Духтари Ҳавво”, Покистон:

"Паёми ман ин аст, ки духтарҳои худро бо эътимод, муҳаббат ва ғамхорӣ бузург кунед. Шумо хоҳед дид, ки чӣ гуна ин духтарон муваффақ ва шаҳрвандони корсози кишвар мешаванд."

Татяна Локшина, мудири дафтари Human Rights Watch дар Маскав:

"Ман 25 сол доштам, ки ба ҳаракати ҳуқуқи башар ҳамроҳ шудам. Агар имкони машварат додан ба худамро медоштам, яъне ба мани 25-сола мегуфтам, "медонӣ, ба ин чиз бовар кардан мушкил ҳам бошад, вале фарзанддорӣ ҳеҷ гоҳ барои кор монеа намешаванд. Ва вақте шумо соҳиби фарзанд ҳастед, баробари ин метавонед кори хатарноку пуртаҳдиди худро идома бидиҳед. Ҳатто дар минтақаҳои ҷангӣ ҳам кор карда метавонед. Фарзанд доштан хеле олӣ аст. Шумо аз онҳо бисёр чизҳои хубе мегиред. Ба ҳамин хотир фикр накунед, ки ё инро бояд кард ё онро интихоб кард. Ҳамаро дар як вақт доштан мумкин аст."

Галина Алмазова, ронандаи мошинҳои босуръати мусобиқаӣ, собиқадори ҷанг, соҳибкор, Украина:

"Ҳамчун шахсе, ки шаш сол дар ҷанг хидмат кардааст, агар худро дар хурдсолӣ медидам, мегуфтам, ҳар як рӯзро ҳамчун рӯзи охири зиндагӣ пушти сар кун. Ҳар як лаҳзаи зиндагиро қадр кун. Ба азизонат бигӯ, ки чӣ қадар онҳоро дӯст медорӣ, дар фикри онҳо ҳастӣ ва гарм ба оғӯш мекашӣ."

Светлана Синкевич, раиси Созмони пажӯҳишҳои аврупоӣ ва иртибот, Беларус:

"Ба худам дар 20-солагӣ чӣ машварат медодам? Кореро бикун, ки туро хушбахт мекунад. Чунки ту наметавонӣ дили ҳамаро ба даст орӣ. Агар кумак лозим шуд, ба дигарон муроҷиат кун. Дар ҷаҳон одамони хуб хеле зиёданд. Хушбахт бош, биханд, сафар кун, ошиқ шав, нороҳат нашав. Ҳама чиз имконпазир аст. Ҳар коре, ки мекунӣ, олӣ аст. Худро дӯст бидор. Бидон, ки ҳама чиз хуб мешавад. Мутмаин бош."

Мариана Грама, нахустин зан дар мақоми котиби давлатӣ ва вазири умури дохилӣ, Молдова:

"Ту бояд бидонӣ, ки роҳи зиндагиат ҳамвор нахоҳад буд. Садди зиёде пеш меояд, талоши бисёр лозим аст. Ин чиз туро хаста мекунад, вале ноумед нашав. Шояд аз по биафтӣ, вале боз ҳам аз замин баланд мешавӣ. Ҳеч роҳ ҳамвор нест, аз ин рӯ, роҳатро оқилона интихоб кун, чунки қарори қабулкардаат метавонад манзили муродатро ҳам тағйир диҳад. Дар ёд бигир, ки садҳо ҳазор зан ба ту бовар мекунанд, туро ташвиқ мекунанду аз ту ибрат мегиранд. Нусхаи беҳтарини худат бош! Худро ҳамарӯза беҳтар кун."

Мартина Млинаревич, сафири Боснияву Ҳерсоговина дар Ҷумҳурии Чех:

“Ба ҷавониҳои худам чунин мегуфтам: дар 35-солагӣ ту гирифтори саратони сина мешавӣ. Пеш аз он фарзандатро аз даст медиҳӣ. Баъди ин ҳама, узвҳои занонаатро бурида мепартоянд. Ба ту миллатгароҳои гуногун ҳамла мекунанд. Ҳамаи ин гӯиё як мушкили хеле ҷиддӣ хоҳад буд. Вале, илтимос, дигаргуна рафтор накун. Балки бо ҳамин муҳаббату ҷасорате, ки дорӣ, сад баробар қавитар, сад баробар ҷастуртар ва сад баробар далертар амал кун. Парво накун, дар болои сементи хунук нишаста аз сармохӯрдагӣ намемурӣ. Марг замоне меояд, ки ту бо он чи ки туро азият мекунад, канор оӣ, замоне меояд, ки чизи бадро ислоҳ накунӣ. Шадидан мубориза бар, садоятро баланд кун. Ба як афтодае даст дароз кун, барои зан ва барои ояндаи беҳтар мубориза бар.”

Ирма Хетсурианӣ, қаҳрамони шамшербозӣ, Гурҷистон:

“Дар оғози карйера ба худ чӣ машварат медодам? Эҳсосотӣ мабош, камтар битарс ва ба худ бовар дошта бош. Тарс пеши роҳи пешрафтро дар навъи варзише, ки ман машғулам, мегирад. Замоне буд, ки хаёл мекардам аз баҳри ин варзиш гузарам, вале накардам. Тамрину машқ, таҷриба ва ҷасорат маро ба дарки ин воқеият овард, ки ман аз ҳама сад(д)ҳо убур карда метавонам. Агар ман аз ӯҳдаи ин кор бароям, пас, дигарҳо ҳам мебароянд.”

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG