Рӯзи 29-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, масъалаи ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ баррасӣ шуд. Дар ин ҷаласа кормандони масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва роҳбарону намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ ширкат доштанд.
Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Боку дар ҳамоиши намояндагони кумитаҳои олимпии кишварҳои исломӣ ширкат дошт, гуфт, “Бозиҳои чаҳоруми ҳамбастагии исломӣ, ки тавассути мусобиқоти варзишӣ ҷаҳони исломро муттаҳид месозанд, аз 12-ум то 22-юми майи соли 2017 дар пойтахти Озарбойҷон – Боку - баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо ҳудуди 5 ҳазор варзишгари кишварҳои исломӣ дар 16 иншооти муосири варзишии Боку сабқат мекунанд.”
Ба барномаи мусобиқоти Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ чунин намудҳо дохиланд: варзиши сабук, ҷаҳидан ба об, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, баскетбол 3х3, футбол, гимнастикаи бадеӣ, гимнастикаи варзишӣ, ушу, тенниси рӯи миз, ҳандбол, ҷудо, гуштии юнониву румӣ, гуштии озод, тирандозӣ, теннис, волейбол, бокс, зӯрхонаӣ, каратэ, таэквондо ВТФ ва вазнабардорӣ.
Ба иттилои оқои Раҷабалиев, ширкати варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо аз рӯи 14 намуд дар назар аст. Намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ дар бораи иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ таклифҳои судбахш пешниҳод карданд.
Дар ин ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар Боку ситоди корӣ таъсис дода шавад. Федератсияҳои миллии варзишӣ муваззаф шуданд, ки рӯйхати беҳтарин варзишгаронро барои ширкат дар ин Бозиҳо ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Бояд тазаккур дод, 17 сентябри соли 2015 президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар бораи таъсиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ соли 2017 дар Боку фармоиш ба тасвиб расондааст. Бар асоси ин фармоиш узви кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Озарбойҷон Меҳрубон Алиева, ки ҳамсари раисиҷумҳур ва раиси Бунёди Ҳайдар Алиев мебошад, роҳбари кумитаи тадорукоти Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ таъин шудааст.
Тасмим дар бораи баргузории ин Бозиҳо дар Боку моҳи июли соли 2013 дар Ассамблеяи кулли Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ дар Ҷидда гирифта шудааст.