Манобеъ дар Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфтанд, дар ин қазия Ватслав Скоҳоутил танҳо нест. Се шарики ӯ аз Тоҷикистон низ ба қаллобӣ муттаҳам мешаванд. Ду нафари онҳо -- Бахтиёр Арабов ва Товус Хушқадамов -- дастгир шудаанд ва дар боздоштгоҳи Вазорати адлия ҳастанд, аммо нафари севум бо номи Тоҳир Рустамов дар пайгарди байналмилалист.
Алайҳи онҳо беш аз 80 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон шикоят карда, аз мақомот хостаанд, ҷуброни зарари молиашонро биситонанд. Онҳо мегӯянд, бо умеди кор дар як кишвари аврупоӣ ба "миёнрав"-ҳо аз 500 то 1300-долларӣ доданд. Вале натанҳо ба Чехия нарафтанд, балки маблағи худро пас гирифта натавонистанд.
"Ватслав Скоҳоутил ва шарикони тоҷикаш ба мардум ваъда додаанд, ки барои ҷалби кор ба ширкати "Шкода" ба Чехия мебаранд. Дар нимаи роҳ онҳо саргардон шуда, аз Тошканд ба Душанбе баргаштаанд", -- гуфт як манбаи огоҳ аз тафтиши парванда.
Дар Оҷонси зидди коррупсия рузи 7-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шаҳрванди Чехия ва се шаҳрванди Тоҷикистон ба "қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон" муттаҳам шуда, парванда барои муҳокима ба Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт фиристода шудааст.
Парвандаи мазкур таҳти баррасии додрас Ширинзода қарор дорад, вале ба далели ҳузур надоштани шаҳрванди Чехия Ватслав Скоҳоутил мурофиа ҳанӯз оғоз нашудааст.
Шаҳрванди Чехия бо се ҳамкори тоҷики худ дар ҳоле бо ваъдаи таъмини кор дар Чехия аз шаҳрвандон маблағ гирифтаанд, ки Тоҷикистон бо ин кишвар шартнома барои муҳоҷират надорад. Тоҷикистон феълан бо Русия, Қазоқистон, Белорус ва Қатар шартнома дар бораи таъмини ҷойи кори шаҳрвандонро ба тасвиб расондааст.