Будиёнии Тоҷикистон. Деҳаи чашм ба сӯи Русия ва кӯдакони дур аз падар

Баробари нишастани офтоб дар деҳаи Будиёнӣ (вайроншудаи Будённий) дар вилояти Хатлон, ҷануби Тоҷикистон, майдончаи футбол аз бачаҳо пур мешавад. Бархе дар болои як мошини обкаши вайрона дар канори киштзор бозӣ дар майдони пур аз чангу хокро тамошо мекунанд.

Ба назар мерасад, нисфе аз кӯдакони Будиён дар инҷо ҷамъ меоянд, то шоҳиди бозӣ бошанд. Чанд вақт нагузашта бисёре аз онҳо ба хонаҳояшон бармегарданд. Падарони онҳо дар хона нестанд.

Ноноварони хона барои моҳҳо ва гоҳе барои солҳо дар Русия мемонанд. Кишваре, ки замоне Шӯравиро назорат мекард ва Тоҷикистон низ ҷуъзе аз он буд. Имрӯз ҳам коргарон аз Тоҷикистон барои ёфтани пул ба онҷо мераванд, то ба хонаводаҳои пушти сар гузоштаашон кумак кунанд.

Маблағҳои фиристодаи онҳо аз Русия тақрибан аз се як ҳиссаи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад. Вале баъзе аз мардони тоҷик дар Русия ҳамсарони нав пайдо карда, ҳеч гоҳ ба назди зану фарзандони хеш, барнамегарданд.

Ман ба Будиён ба хонаи Абдулхолиқ Гадоев, пахтакори 67-сола ва имоми масҷиди маҳаллӣ омадам. Чеҳраи пурожанги Гадоев баёнгари ин буд, ки гузаштаи сахтеро шоҳид будааст – ҷанги дохилии даҳаи 90-ум, камҳосилӣ ва ахиран аз даст додани яке аз панҷ писараш дар 24-солагӣ.

"Ин мард дар инҷо ниҳоят муҳтарам аст", -- гуфт Аъзам, яке аз дӯстони хонавода, ки ду писараш дар Маскав қарор дорад. Вай пас аз ҳар намози пешин ба хонаи Абдухолиқ Гадоев меояд. Мисли дигар мардони тоҷики ҳамсоли худ, ӯ ба русӣ равон, аммо лаҳҷавӣ суҳбат мекунад.

Ман аз Душанбе ҳамроҳи Бахтиёр - писари 31-солаи Абдухолиқ Гадоев, ки хонадор аст ва дар пойтахт корманди давлатӣ мебошад, сафар кардам. Ин сафари дусоата тавассути роҳи 100-километрӣ сурат гирифт, ки аз сӯи роҳсозони чинӣ бунёд мешавад. Ширкатҳои чинӣ барои навсозии зерсохтҳои Тоҷикистон қарордодҳоеро ба даст овардаанд - аксаран чунин корҳоро барои ҳукумати Тоҷикистон бо қарз анҷом медиҳанд.

Манзили Гадоев пур аз кӯдакон аст ва онҳо дар ҳавлӣ ва боғ давутоз ва бозӣ мекунанд ва модарони ҷавону комилан пӯшида, ки духтарони Гадоев ва ҳамсояҳо мебошанд, аз онҳо муроқибат менамоянд.

Манзили онҳо аз ҳашт ҳуҷраи алоҳида иборат аст. Ба ҳар кадом аз инҳо метавон аз дари вурудии боғ дохил шуд. Утоқҳои қисмати асосии хона бо пардаҳои рангоранг ва қолинҳо зеб дода шудааст. Танҳо дар толори калон мебел гузоштанд. Ду сандалӣ, як диван ва телевизиони калони Плазма. Монанди бисёре аз хонаҳо дар Будиён, оби ҷорӣ вуҷуд надорад.

Дар утоқи умумӣ як мизи пастак қарор дорад. Утоқ бо болиштҳо иҳота шудааст. Мо панҷ нафар – ман, Гадоев, Аъзам, Бахтиёр ва Исмоил ба ин болиштҳо такя зада, аз меваҳои тоза, шириниҳои гуногуни тоҷикӣ ва як табақи калони палав хӯрдем. Ҳама чизҳои рӯйи миз маҳаллӣ ва аз сӯи занон ва духтарон ин мардон таҳия шуда буд.

Пас аз он ки хӯрокро хӯрдем, дар наздиктарин майдони пахта кор карданд. Тобистони ғайримунтазираи гарм, ҳатто бештар аз меъёр дар ҷануби Тоҷикистон, пахтаро имсол хушк кард ва ҳосили каме ба ҳамроҳ дошт. Гадоев нигарон аст, ки иқлим дар ҳоли тағйир аст.

Аммо ин хонаводаи калон ин деҳаро обод кардааст.

Дар пахтазор вай ба духтаронаш ишора кард, ки бо дигар занон кор мекарданд. Фарзандонашон ба тарафи роҳ мерафтанд, то говҳоеро, ки дар масир саргардон буданд, ба ақиб багардонанд. Ӯ хонаи яке аз писаронашро ба ман нишон дод ва бо ифтихор пардаеро кашид, то дида шавад ва гуфт, "танҳо душе, ки дар Будиён кор мекунад".

Дар ҳамин кӯча мо дар назди хонаи яке аз чаҳор бародари Бахтиёр таваққуф кардем, ки ҳамроҳи коргарон машғули корҳои сохтмонии манзилаш буд. Дар гӯшае аз замини паҳлӯи хонаи ӯ, ҳудуди бист зан бо сару чеҳраҳои баста барои барои ҳифозат аз офтоб, боло алафҳои хушки ҷорӯб нишаста буданд. Онҳо ин алафҳоро майда мекарданд ва донаҳои онҳоро барои истифодаи баъдии ҳайвонот ҷудо менамуданд. Ҳамон тавр ки кор мекарданд, механдиданд ва шӯхӣ менамуданд.

Ба назар мерасид, ҳама инҷо нақши худро доранд. Занон дар инҷо дар киштзор кор мекунанд ва кӯдаконро нигоҳубин менамоянд, дар ҳоле ки аз падарон интизор доранд хона бисозанд ва хонаводаро таъмин кунанд.

Тақрибан ҳама мардони ин деҳа дар Русия буданд ва ё қасди рафтан доранд. Кишваре, ки дар онҷо маоши як коргари мағоза 20 ҳазор рубл, муодили 310 доллар ва се баробари дастмузди Бахтиёр аст, ки дар идораи давлатӣ дар Тоҷикистон кор мекунад.

Дар минтақаҳои рустоии Тоҷикистон шумораи бисёри кӯдакон боис мешавад, то хонавода пур аз ханда -- ҳатто дар набуди волидон бошад. Бо вуҷуди либосҳои одӣ ва надоштани телефон, онҳо пурэнержӣ, кунҷкоб ва хушҳол ҳастанд. Дар берун аз манзили писари Исмоил – ҷое, ки алафҳои ҷоруби тозашуда ба деворҳо такя дода шудаанд, боз ҳосили бодимҷон, картошка ва меваҳои дигар дида мешавад. Ду кӯдак дар курсӣ нишастаанд, дар ҳоле ки модаронашон дар бухорӣ хӯрок мепазанд.

Вақте Исмоил яке аз кӯдаконро аз гунаҳояш бӯсид, гуфт, ки падари ин писар аз се моҳ ба ин тараф дар Русия мебошад. Кӯдакон ниҳоят хурданд, то инро дарк кунанд ё бидонанд, ки чаро падари ӯ зуд нопайдо мешавад. Маълум нест, кай бармегардад.

Худоҳофизӣ бо Абдухолиқ Гадоев ва оилаи ӯ хеле сахт буд. Вай чанд бор гуфт, орзу дорад мо шаб ҳамроҳаш бошем, ғолибан барои тарҷумаи суханони худ ба писараш такя мекард, ки гӯё нигарон аст, русии шикастаи ӯ дар баёни эҳсосаш ноком бошад.

Аммо ман дар Душанбе қарори мулоқот доштам ва ваъда додам, ки рӯзе меоям. Гадоев ва ду писараш маро мутмаин карданд, ки бояд ҳамроҳи хонаводаам баргардам. Ман онҳоро даъват кардам, ки ба навбати худ ба Бритониё сафар кунанд, ҳарчанд медонистам, шумораи ками онҳо чунин фурсатро ба даст меоваранд.

Дар роҳи бозгашт ба Душанбе, пулиси роҳ ронандаи моро барои тафтиш нигаҳ дошт.

Ман аз меҳмоннавозие, ки ба он рӯбарӯ шудам, тааҷҷуб кардам. Дар назди афроде, ки бо ман мисли як дӯсти аз дерзамон гумшуда рафтор карданд ва дар иваз ҳеч интизоре надоштанд, эҳсоси камӣ кардам.

Тасаввури фаврӣ аз зиндагии рустоие, ки ман дарёфт кардам -- фарзандони онҳо боиси хушҳолии онҳо шуданд. Ханда ва энержӣ ҳаргиз аз байн нарафтааст.

Дар бозгашт ба Душанбе дар шомгоҳи дигар, ман ҷанбаи бисёр фарқкунанда аз робитаи хонаводагӣ дар Тоҷикистонро дидам.

Ман ба тамошои шаҳр ҳамроҳи як тоҷики дорои таҳсилоти ғарбӣ, ки дар як ширкати байналмилалии сохтмонӣ кор мекард, баромадам ва мо дар ҷодае будем, то дувумин баландтарин парчами дунёро бубинем.

Вақте аз як гузаргоҳ дар наздики Қасри президентӣ убур кардем, як мошини Range Rover-и сафед аз боло намоён шуд ва бо суръати баланд ба тарафи мо ҳаракат мекард. Вақте мутаваҷҷеҳ шудам, ки ронанда қасд надорад суръаташро кам кунад, маҷбур шудам чанд метрро зудтар ҳаракат кунам.

"Ин гузаргоҳ барои убури пиёдаравҳо аст, чаро ӯ наистод?" -- пурсидам аз ҳамроҳам.

Дар ҳоле ки мошин ба сурат ақиб гашт, духтараки ҳамроҳам ба шумораи он ишора кард. "Чаҳор шумораи пайдарпай – 1111 – ба ин маънӣ аст, ки мошин ба аъзои хонаводаи раиси роҳи оҳан тааллуқ дорад", -- шарҳ дод ӯ. "7" барои хонаводаи президент ва шумораҳои дигар барои мақомоти баландпоя ҳастанд.

Пулис беҳтар медонад, ки чунин мошинҳоро барои нақзи қонун мутаваққиф накунад.