Дар як соли ахир тақвияти ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар заминаи масоили амниятӣ ба назар мерасад. Коршиносон рӯйи ҳузури таҳдидҳо ишора мекунанд, ки мавқеи кишварҳоро наздик кардааст.
Рӯзи 17-уми сентябр дар шаҳри Тошканд машварати дуҷониба миёни Шӯрои амнияти назди президенти Узбекистон ва Шӯрои амнияти Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре Оҷонси иттилоотии миллии Узбекистон хабар дод, дар ҷараёни дидор "масъалаҳои беҳбуд бахшидани муқовимат зидди фаъолиятҳои ифротиву террористӣ, таъмини амнияти наздимарзӣ ва ҳимоя аз манфиатҳои иқтисодӣ дар марз" баррасӣ шудаанд. Ҷонибҳо Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои Шӯрои амнияти ду кишварро ба имзо расониданд.
Мубориза алайҳи "ҷиҳодӣ"-ҳо
Пештар агар ба далоили мухолифатҳои сиёсӣ Душанбе ва Тошканд аз доштани равобит худдорӣ мекарданд, ҳоло дар як соли ахир равобити мутақобилаи онҳо дар соҳаи амният дучори тағйироти қобили таваҷҷуҳ шудааст. Дар моҳи марти соли 2018 ҷонибҳо бори нахуст ба созишномаи ҳамкориҳои низомӣ имзо гузоштанд. Бо вуҷуди ин, бар асари пӯшида будани ин дидор ва ҳарфҳои умумӣ дар атрофи он дар ҷомеи ҳар ду кишвар тасаввуроти хосе дар мавриди арзиши амалии онҳо вуҷуд надорад.
“Мушкилоти муштарак барои ҳар ду кишвар созмонҳои "ҷиҳодӣ" ва фаъолияти онҳо дар Осиёи Марказиву Афғонистон мемонад. Ин созмонҳо аз қабили Ҳаракати исломии Узбакистон, “Ансоруллоҳ” имрӯз ҷузъи як паймон ба шумор мераванд ва дар ҳамкории танготанг бо ДОИШ ва Ал-Қоида қарор доранд. Ҳамчунин Ҳизб-ут-таҳрир вуҷуд дорад, ки лонаҳои худро дар ҳар ду кишвар дорад ва ҳамаи ин гуруҳҳо дардисаре барои ҳар ду кишвар мебошанд”, - мегӯяд сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов.
Ба гуфтаи вай, ҷонибҳо ҳамчунин шояд ба масоили таъмини субот дар минтақа ва ҳузур дар намунаҳои гуногуни ҳамгароие, ки Русия пешниҳод мекунад, дахл кунанд.
"Ман бар инам, ки ҳар ду ҷониб мавқеи Русия ва Чинро дар масоили асосии марбут ба мушкилоти минтақаӣ ба назар мегиранд. Дар ин гуна масоил мавқеи ҷониби Тоҷикистону Узбекистон ба ин ё он шева пешакӣ бо мавқеи бозигарони пештоз мувофиқ карда мешавад. Дар айни замон қисми бештари равобити дуҷониба бидуни машвараҳои мустақим ҳал карда мешавад”, - таъкид кард Муллоҷонов.
Бояд гуфт, Тоҷикистону Узбекистон ҳам миёни худ ва ҳам бо Пекину Маскав шарикии стратегӣ доранд, ки тақозо мекунад ҳангоми ҳалли масоили муҳими сиёсати берунӣ манфиатҳо дар назар гирифта шаванд.
«Амният ба хотири рушд»
Моҳи августи соли 2018 вазирони дифои Тоҷикистону Узбекистон дар Тошканд тарҳи ҳамкориҳои дуҷониба барои соли 2018-ро имзо карданд ва моҳи августи ҳамон сол бори аввал дар ҳудуди Тоҷикистон нахустин тамринҳои муштараки низомии ду кишвар баргузор шуд.
Ҳамчунин дар моҳи апрели имсол низомиёни бахши истихборотии Тоҷикистону Узбекистон дар тамрингоҳи “Фахробод” давраи омӯзишии муштарак баргузор намуданд, ки дар он ҷо интихоби амалкардҳои муштарак барои ошкор ва маҳор кардани таҳдидҳои террористиро коркард намуданд.
Ба гуфтаи коршинос Шералӣ Ризоён, ҳамоҳангии танготанги кишварҳо барои муқовимат ва пешгирӣ аз терроризму ифротгароӣ шанси онҳоро барои таъмини амнияти худ ва минтақа боло мебарад. Вай гуфт, “шиддат бахшидани ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон ҳамон фосилаеро пурра мекунад, ки дар тӯли солҳо ба вуҷуд омада буд ва ба ҳимояи манофеи миллӣ равона шудааст."
Коршиносон таъкид мекунанд, ки таъмини амният дар минтақа ба таври қобили мулоҳиза ҳам ба рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳам ба равобити гуманитарӣ асаргузор мешавад.
“Душанбе эҳтимолан ба дунболи пуштибон аст”
Ба ҷуз ишораҳо ба вуҷуди хатарҳои муштарак, миёни доираҳои коршиносӣ андешаи дигар ҳам вуҷуд дорад, ки сатҳи дигари равобити мутақобиларо нишон медиҳад. Коршиноси масоили равобити байналмилал Сулаймон Шоҳзода ишора мекунад, ки Душанбе дар симои Тошканд ба дунболи пуштибон аст. “Эҳтимол аст, ки дар Душанбе ба ҷуз масоили дигар ҳамчунин ба дунболи пуштибони минтақавӣ дар симои Тошканд барои масоили фаъолияти муштарак дар заминаи мушкилоти марз бо Бишкек мебошанд. Бо дар назар гирифтани ин нукта, ки Узбекистон баҳсҳои инчуниние бо Бишкек дорад”, - ҳадс мезанад Шоҳзода.
Дар баробари ин ӯ таъкид мекунад, ки Узбекистон бино ба анъанаи сиёсати берунияш ба ин гуна масоил бо эҳтиёт бархӯрд мекунад.
Равобити Тоҷикистону Узбекистон дар тайи 25 соли баъди ба даст овардани истиқлол фарогири давраҳои на чандон хубе буд. Дар 10 соли поёни умри раисҷумҳури нахустини Узбекистон Ислом Каримов, ки соли 2016 даргузашт, робитаҳои сиёсӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ миёни кишвар ба сатҳи сифр расида буданд. Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев равобит дар ҳама соҳаҳо эҳё шуданд.