Чопхонаи хурди Амрико ба нашрияҳои мустақили Тоҷикистон

Сафорати Амрико як чопхонаи хурди 58 ҳазор доллариро дар ихтиёри "Медиа Алянси Тоҷикистон" гузоштааст. Соҳибони баъзе нашрияҳо мегӯянд, ин чопхона имкони интихобро бештар кардааст.

Сафорати Амрико дар Душанбе як чопхонаи хурдро дар ихтиёри созмони “Медиа Алянси Тоҷикистон” гузоштааст, ки барои чопи нашрияҳои мустақил истифода хоҳад шуд. Ин чопхонаи кӯчак 58 ҳазор доллар арзиш дошта, ба қавли сафири Амрико Элизабет Миллард, кумаки билоивази Амрикост.

Муним Оламов, дабири кулли "Медиа Алянси Тоҷикистон", 28 апрел ба Озодӣ гуфт, датсгоҳи нав метавонад дар як соат 2,5 ҳазор нусха нашрияро чоп бикунад. Рӯзномаи "ИмрӯзNews" аз ҷумлаи нахустин нашрияи мустақили Тоҷикистон будааст, ки тавассути ин чопхона нашр шудааст.

Ӯ мегӯяд, ҳамакнун панҷ нашрияи марбут ба созмони “Медиа Алянси Тоҷикистон”, ба мисли "ИмрӯзNews", "Фараж", "Бизнес и политика", "Варзиш-Спорт" ва "Вечёрка" дар ин чопхона ба табъ мерасанд, ки хараҷоташон хеле камтар хоҳад шуд.

Муним Оламов

“Дар чопхонаи нав аз ин нашрияҳо танҳо пули коғаз ва ранг гирифта шуда, хадамоти диагр бепул аст. Танҳо мушкили чопхона тарзи чоп ва бандубаст кардани нашрияҳост. Яъне, дар ин ҷо пушту рӯи саҳифаҳои нашрияҳо алоҳида чоп шуда ва банду басти онҳо низ дастӣ сурат мегирад,” - афзуд ӯ.

Хуршеди Атовулло, муассиси нашрияи "Фараж” гуфт, фаъол шудани чопхонаи нави созмони "Медиа Алянси Тоҷикистон" барои нашрияҳои мустақил имкони интихоби нашриётро фароҳам кардааст. Ӯ гуфт, ки ба иллати буҳрони иқтисодӣ арзиши коғаз, пластика ва хизматрасонӣ дар нашриёти давлатии "Шарқи Озод" якбора боло рафта ва бештари нашрияҳои мустақилро ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ карда буд.

“Ба ин далел, адади нашри "Фараж" низ аз 8 ҳазор то 5 ҳазор коҳиш ёфтааст,” – гуфт Хуршеди Атовулло. Ба қавли муассиси “Фараж”, дар сурати мувофиқ будани навъи коғази чопхонаи созмони "Медиа Алянси Тоҷикистон" ва арзон будани ҳаққи хизматрасонӣ нашрияии ӯ низ аз хаадмоти ин чопхона истифода хоҳад кард.

Дар тӯли ду соли охир ба дунболи бӯҳрони иқтисодӣ, коҳиши теъдоди муштариёни нашрияҳо ва афзоиши қимати коғазу хадамоти чопхона бархе аз нашрияҳои мустақил баста шуда, нашрияҳои дигаре чун "ИмрӯзNews" як муддат аз фаъолият бозмонданд.

Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки кишвараш ба манзури пуштибонӣ аз озодии матбуот ва мусоидат ба фаъолияти нашрияҳои мустақил чопхонаи кӯчакро ҳамчун ёрии билоиваз дар ихтиёри нашрияҳои мустақил гузоштааст. Дар назар аст, дар ин чопхона 12 нашрияи мустақили Душанбе мунташир шавад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соли 1992 то ба ҳол дар бахшҳои рушди иқтисод, интитутҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон ба миқдори беш аз 1 миллиард доллар кумаки молӣ ироа кардааст.