Чаро ҳукумат ҷазои ҷодугарҳоро шадид кард?

Муҷозоти ҷодугарӣ дар Тоҷикистон шадидтар мешавад ва сеҳргарон барои машғулияти мамнуъ то ҳафт сол ҳукми зиндон мегиранд.

Мақомоти Тоҷикистон бандеро ба қонуни ҷиноии кишвар ворид карданд, ки бар пояи он афроде, ки ба ҷодугарӣ машғуланд, то ҳафт сол ҳукми зиндон мегиранд. Пешниҳоди муҷозоти шадидтари аҳли сеҳру ҷодуро президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон фиристод.

Масъалаи ворид кардани илова ба банди марбут ба муҷозоти ҷодугарон 23 сентябр дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар, дар қатори як идда мавзӯъҳои дигар матраҳ шуд.

То ҳол сеҳру ҷодугарӣ дар Тоҷикистон “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” ба шумор мерафт ва намояндагони ин "пеша" танҳо бо супурдани ҷарима аз таъқиби пулис халос мешуданд.

Як мақоме, ки дар таҳияи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ширкат дошт ва нахост номаш бурда шавад, рӯзи 24 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки солҳои охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шумори зиёди ҷодугаронро боздошт карданд, вале азбаски қонун танҳо ҷаримаро пешбинӣ мекунад, бозоштшудаҳо бо пардохти ҷарима раҳо мешуданд. Ин мақом гуфт, ки ҳамин ҳолат ба бозбинии қонун дар робита ба муҷозоти ҷодугарҳо сабаб шудааст.

Агарчи солҳои ахир ҷомеаи Тоҷикистон бештар мазҳабӣ шудааст ва ҷодугарӣ аз нигоҳи мазҳаб низ гуноҳ ҳисоб мешавад, вале аксаран,

сарфи назар аз саводу бесаводӣ ва шуғлу мақом, мардум ба "хадамот"- и ҷодугарҳо таваҷҷӯҳ доранд ва мехоҳанд бидонанд, ки фардо онҳоро чӣ интизор аст.

Бобоҷон Сангинов, як пажӯҳишгар, ки ба истилоҳ илми ғайбро меомӯзад, мегӯяд дар бисёр маврид мардум дар авҷи ноумедӣ ва ночорӣ ба ҷодугару фолбинҳо рӯ меоранд. Ӯ мегӯяд, “кори мардум дар милисахонаву прокуратура дар бархе маврид ҳал намешавад. Баъд онҳо қассосашонро аз нафарони дигар бо воситаи фолбину ҷодугарон ситониданӣ мешаванд. Ё ин ки дар беморхонаҳо бемориашон шифо намеёбад, баъдан ба фолбинҳо рӯ меоранд. Мансабдорон маъмулан ҳангоме, ки аз кор ронда шуданд, ба хотири гирифтани мансаби нав ба фолбинҳо рӯ меоранд”, гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, авҷи шӯҳрати ҷодугару фолбинҳо ба Тоҷикистони пасошӯравӣ ва махсусан бозгашти фирориҳои тоҷик аз Афғонистон рост омад, ки баъзеи онҳо бо худ китобҳои соҳирӣ, назири «Канз-ул-Ҳусайн», «Ҳалқаи Сулаймонӣ», «Мифтоҳ-ул-ҷинон»−ро оварданд. Сангинов мегӯяд, ки дар бисёр маврид ҷодугарон ба зану шавҳар, келину хушдоман ва дигар пайвандони хонаводаҳо зиёни равонӣ мерасонанд ва боиси хонавайронии онҳо мешаванд.

Қонуни зидди ҷодугарӣ дар Тоҷикистон соли 2007 тасвиб ва ҳама гуна фаъолият дар ин ҷода мамнӯъ эълон шуд. Маҷлиси намояндагон бандеро дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова кард, ки бар асоси он ҷодугарон ҷарима мешуданд. Ҳоло чунин парвандаҳо дар додгоҳҳои Тоҷикистон тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар баррасӣ ва афроди муттаҳам ба миқдори аз 1200 то 1600 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба нерӯи сеҳру ҷоду бовар дорад. Аз корманди ҳукуматӣ гирифта, то артисту сиёсатмадор аз тӯмор ва қуфлу калиди сеҳршудаи ҷодугарҳо истифода мекунанд ва қуфлҳоро ба кӯлу рӯдхонаҳо мепартоянд. Чанд моҳ пеш кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар пайи ҷустуҷӯи силоҳ дар рудхонаи Душанбе ним мошин қулфу калидро ошкор карданд. Агар масъалаи ҷустуҷӯи силоҳ намебуд, шояд ин оҳанҳои “сеҳршуда” солҳо дар қаъри дарёи Душанбе пинҳон мемонд.

Рӯҳониёни тоҷик мегӯянд, ки сеҳру ҷоду дар ислом ҳаром ҳукм шудааст ва ҳар кӣ ба ин кор даст мезанад, "ҳарду дунёи худро барбод медиҳад".

Аммо бо ин вуҷуд, бозори “муллоҳои ҷодугар” дар Тоҷикистон ҳамчунон гарм боқӣ мемонад ва мардум мушкили худро ба пеши нафаре мебаранд, ки ба қавле, “ресепт”-и ҳама дарду ҳама мушкилиро доранд.

Дар давоми чанд соли ахир даҳҳо парвандаи марбут ба “сеҳру ҷоду” дар Тоҷикистон расонаӣ ва беш аз ҳазор сокини Тоҷикистон барои машғул шудан ба сеҳру ҷодугарӣ ҷарима шудаанд.