Насби камераҳои назорати доимӣ дар масҷиди марказии Душанбе
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шаҳрдории Душанбе амр додааст, дар масҷиди марказии пойтахт, тадбирҳои амниятӣ тақвият дода шавад. Дар қарори ҳукумат омадааст, барои иҷрои қонун дар бораи мубориза бо терроризм бояд дар Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб камераҳои иловагии назорати доимӣ ва дастгоҳҳои ташхиси метал насб карда шаванд.