Тоҷикистон дар соли 2013 ба харидори аслии барқи худ, ҳамсоякишвари Афғонистон, беш аз як миллиард киловатт соат барқ содир мекунад
Ширкати Барқи Тоҷик мегӯяд, ки созишномаи интиқоли барқи бештар ба Афғонистон дар поёни музокироти ҳайатҳои энержии Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе ба имзо расид.
Дафтари матуботи ширкати "Барқи тоҷик" бо тасдиқи ин хабар ба РО гуфт, ки ин ҳайъат бо ҳадафи музокирот ва имзои қарордоди интиқоли барқ ба Афғонистон, авоили ҳафтаи равон ба Душанбе омад.
17 апрел, дар мулоқоти ҳарду ҳайъат, дар ширкати Барқи тоҷик қарор шуд, ки бо назардошти барқи содиршуда ба Афғонистон, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, Тоҷикистон боз ба ин ҳамсоякишвар ҳудуди 1 миллиард киловатт соат барқ бифурӯшад, ки беш аз 36 миллион арзиш хоҳад дошт.
Ба гуфтаи ширкати "Барқи тоҷик" Афғонистон ҳар киловатт соат барқи тоҷикро дар ивази 3, 64 сенти амрикоӣ харидорӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир Афғонистон аз истифодабарандагони аслии баоқи тоҷик буда, 90 дар сади захоири барқи тоҷикро харидорӣ мекунад
Дар соли гузашта Тоҷикистон беша аз 600 миллион киловатт соат барқи худро дар ивази беш аз 21 миллион доллар ба ин кишвари ҳамсояаш содир карда буд.
Чанде пеш мақомоти Барқи Тоҷик гуфтаанд, ки ба кор даромадани хатти 220-киловаттии Сангтӯда-1-Пулихумрӣ ва қарордоди басташуда бо ширкати қазоқистонии “ГЭС-Энерго Алматӣ” имкон дод, ки Тоҷикистон соли гузашта содироти нирӯи барқшро 2,5 маротиба афзуда, ба 666,7 миллион киловатт-соат бирасонад ва аз ин ҳисоб 21,1 миллион доллар ба даст биорад. Гуфта мешавад, 90 дарсад аз ин барқи содиротӣ маҳз ба Афғонистон рафтааст.
Масъулони соҳаи энержии Тоҷикистон мегӯянд, афзоиши содироти нирӯи барқ дар мавсими гармо, ки кишвар маъмулан на бо камбуди барқ, балки бо тавлиди беш аз ҳаддаш дучор мешавад, танҳо василаи гирифтани пеши роҳи исрофи беҳудаи оби обанборҳост. Бино ба ҳисобҳо, дар мавсими баҳору тобистони соли гузашта аз обанборҳои нирӯгоҳҳои воқеъ дар рӯдхонаи Вахш ва аз обанбори Қайроқум дар шимоли Тоҷикистон он қадар обе беҳуда рафтааст, ки барои тавлиди беш аз 6 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ, яъне ду маротиба бештар аз ҳаҷми барқе, ки худи Тоҷикистон дар фасли сармо ниёз дорад, кифоят мекард.