Омодагие, ки сокинони Душанбе ба он чандон одат накардаанд. Ҳоло аксаран дар кӯчаҳои марказии шаҳр парчамҳои даҳҳо кишварро меовезанд, бошитоб гул мешинонанду поккорӣ мекунанд.
Дар рӯзҳои нишаст, бо ҳадафи таъмини амният, мақомот ба кормандони фурӯшгоҳҳои бузург ва бозорҳо дастур додаанд, рӯзҳои 14 ва 15-уми июн дарҳои худро банданд. Далер - фӯрушандаи маркази тиҷоратии "Садбарг" гуфт, огаҳӣ гирифтанд, ки дар ин рӯзҳо ба кор наоянд: «Гуфтанд меҳмон меояд, президентҳои чанд кишвар, барои ҳамин ҳамаҷоро маҳкам мекунанд.»
Тамоми донишгоҳҳо, ки мавсими имтиҳонсупорӣ доранд, ду рӯз истироҳат хоҳанд кард. Мақомоти интизомӣ аз сокинони ноҳияҳо хостаанд, дар рӯзҳои баргузории нишаст бе зарурат ба Душанбе наоянд, то саргардон нашаванд. Раёсати умури дохилии Душанбе бо нашри як огаҳии расмӣ гуфт, ба сабаби баргузории нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё чанд роҳи марказии Душанбе як қисмати шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ баста мешавад.
Ду рӯз марказ бастааст
Айни замон аз сокинони пойтахт хоста шудааст, ки дар ин ду рӯз бо мошин ба ҷойи кор, ё дигар маҳал нараванд ва аз нақлиёти умумӣ истифода баранд. Баъзе аз мусоҳибони Радиои Озодӣ аз он изҳори ҳайрат мекунанд, ки чӣ гуна нишасте сабаби ба қавли онҳо "мутаввақиф шудани зиндагӣ" мегардад. Дӯстмуҳамад Хоҷаев як сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфт, умедвор аст, мақомот роҳҳои дигарро боз мегузоранд, то ҳаракати нақлиёт дар Душанбе фалаҷ нашавад ва мардум ба ҷойи кор бирасанду аз пайи корашон бошанд.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё мумкин аст, раҳбарони Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Русия, Тайиланд, Туркия ва Узбекистон ширкат кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумон, ки ҳангоми сайругашт дар хиёбонҳо бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт дар ин нишаст ҳайатҳои баландпоя барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар Осиё иқдом мекунанд, аммо муҳимтар аз ҳама сафари президенти Эрон аст. Ба қавли ӯ, мумкин аст, ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шавад ва дар ислоҳи робитаҳо мусоидат кунад.
Робитаҳои Тоҷикистону Эрон соли 2015 баъди он сард шуд, ки мақомоти Эрон гуфтанд, Бобаки Занҷонӣ, миллиардери зиндонии эронӣ қисме аз пулҳои худро ба Тоҷикистон бурдааст. Ӯ, ки ба дуздии маблағҳои бузурге гунаҳкор дониста мешавад, дар Тоҷикистон чандин тарҳи бузурги иқтисодӣ амалӣ кардааст. Аз ҷумла истгоҳи муосири автобусҳо дар Душанбе бо пули ширкатҳои ин тоҷири эронӣ сохта шудааст.
Аммо ин робитаҳо баъди ҳузури раиси Ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар як конфронсе дар Эрон комилан ба сардӣ гароид. Тоҷикистон ҳизбро созмони ифротӣ эълон кардааст. Ҳарчанд раҳбарияти ҳизб онро беасос медонад.
Баъд аз соли 2017 робитаҳо бо Эрон ба ҳадде тира шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ин кишварро ошкоро ба талош барои барангехтани низоъ ва ҳимоят аз терорризм муттаҳам кард.
Бетафовутӣ ба нишаст
Қурбон Қутбиддинов, як сокини Душанбе мегӯяд:«Агар дар пайи сафари Ҳасани Руҳонӣ ва мулоқоти ӯ бо президенти Тоҷикистон масоили иқтисодӣ матраҳ шавад, кори хубе хоҳад шуд. Ҷалби сармоя, ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳатман ба фоидаи ҳарду тараф хоҳад буд».
Бархе ҳам дар бораи ин нишаст иттилои зиёде надоранд ва мегӯянд, барояшон омадани меҳмонони баландпоя муҳим нест. Абдулло, яке аз раҳгузарон ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ба чунин мавзуъҳои сиёсӣ чандон майл надорам ва беҳтар аст, аз пайи кори худам бошам." Ӯ хабар надорад, ки дар рӯзҳои баргузории нишаст ҳаракат дар маркази Душанбе тақрибан қатъ мешавад.
Тоҷикистон бори аввал аст, ки мизбони нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё мешавад. То кунун мизбони чандин нишастҳои байналмилалӣ будааст, вале дар як даҳсолаи ахир нишастеро дар чунин сатҳ ва бо ҳузури даҳҳо раҳбар мизбонӣ накардааст.
Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё форуми байнулмилалӣ буда, соли 1992 бо пешниҳоди Қазоқистон таъсис ёфтааст. Ҳадаф аз ҷамъ омадани раҳбарон фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар самти таъмини амният дар Осиё гуфта мешавад.
Тирамоҳи соли 2018 раёсат дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.