Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи пешниҳоди ҷорӣ кардани аксиз (як навъи андоз) ба маҳсулоти гӯштӣ дар кишварро ба ниҳодҳои давлатӣ фиристодааст. Кумитаи андоз аз ин пешниҳод ҳимоят кард, вале Хадамоти зиддимонополӣ онро ба манфиат надонист.
Ин намуд андоз асосан барои маҳсулоти барои саломатӣ зиёновар пешбинӣ шудааст.
Гӯшт аз маҳсулоти қимати бозорҳои Тоҷикистон буда, як килои он беш аз 4 доллар нарх дорад. Ҳисоби миёнаи маош дар Тоҷикистон ҳудудан 100 доллар аст. Бо назардошти гарон будани қимати гӯшт дар Тоҷикистон қишри эҳтиёҷманд талаботи худро ба ин навъи ғизо аз маҳсулоти гӯштӣ бароварда наметавонад.
Хадамот: “Ба камшавии маҳсулот ва гаронӣ мерасонад”
Як манбаъ дар Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод эҳтимоли ҷорӣ шудани аксиз ба маҳсулоти гӯштиро барвақт баррасӣ карда, ба он раъйи мусбат дод. Ба қавли манбаъ, ҷорӣ кардани аксиз ба маҳсулоти гӯштӣ “як бахши барномаест, ки пайдо кардани роҳҳои нави андозбандиро дар назар дорад”.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо на ҳама ниҳодҳо дар Тоҷикистон аз эҳтимоли ҷорӣ шудани аксиз барои маҳсулоти гӯштӣ тарафдорӣ кардаанд. Аз ҷумла, Хадамоти зиддимонополӣ гуфтааст, ин кор метавонад боис ба камчинии маҳсулоти гӯштӣ шуда, бозори истеҳсолкунандаҳои дохилиро касод кунад.
- Дар ин бора бештар бихонед:
Аз Бразилия то Тоҷикистон. Мо чӣ мехӯрем?
Дар хулосаи ин ниҳод ба унвонии ҳукумат, ки як нусхаи он рӯзи 24-уми апрел ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, “ҷорӣ шудани андози аксизӣ... боис ба болоравии нархи маҳсулоти гӯштӣ дар бозори истеъмолӣ гардида, ба рушди минбаъдаи ин соҳа таъсири манфӣ хоҳад гузошт.” Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфтаанд, ҳангоми таҳияи санад дар мавриди ҷорӣ намудани андози аксизӣ ба маҳсулоти гӯштӣ бояд ин омилҳо низ ба назар гирифта шавад.
"Агар ҳасиб гарон шавад..."
Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле қасд дорад ба маҳсулоти гӯштӣ андози аксизӣ ҷорӣ кунад, ки ин намуд андоз асосан барои маҳсулоти барои саломатӣ зиёновар пешбинӣ шудааст. То ба ҳол дар Тоҷикистон барои машрубот, тамоку ва иртиботи мобилӣ аксиз муқаррар шудааст. Ҳаҷми андози аксизиро ҳукумат таъйин мекунад.
Шодӣ Қурбонов 22 сол дорад ва донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон аст. Мегӯяд, тақрибан ҳар ҳафта аз бозор то 1,5 - 2 кило ҳасиб харида, бо ҳамсабақонаш мехӯранд. Харҷи Шодӣ ва 3 ҳамсабақаш барои харидани ин миқдор ҳасиб то 20 сомонӣ аст. Маблағе, ки бар ивази он метавон танҳо ним кило гӯшт харид.
Ин қаҳрамони мо мегӯяд, ҳарчанд ҳасиб ҷойи гӯштро гирифта наметавонад, то ҷое талаботи онҳоро ба ин навъи ғизо бароварда месозад. Хабари эҳтимол гарон шудани ғизои ба қавли худаш ҳаррӯза Шодиро нигарон кардааст. “Агар ҳасиб гарон шавад, на танҳо ба зиндагии ман, балки ба зиндагии қишри дигари камбизоат таъсир мерасонад. Гароншавии арзиши маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла ҳасиб, албатта ба буҷети мо бетаъсир нахоҳад буд”, - гуфт ӯ.
Сайрам маҷбур аст, камтар маҳсулоти гӯштӣ бигирад
Феълан дар фурӯшгоҳҳои Душанбе нархи як кило ҳасиб ва дигар маҳсулоти гӯштӣ аз 10 сомонӣ то 50 сомонӣ ва аз он болотар аст. Маҳсулоти гӯштӣ вобаста ба сифат ва навъ ҷудо мешавад. Ин дар ҳолест, ки як кило гӯшт аз 36 то 38 сомонӣ қимат дорад. Сокинон мегӯянд, агар ҳасиб ҳам гарон шавад, пас, роҳи дигаре ба ҷуз аз кам кардани истеъмоли онро надоранд.
Сайрам Олимова, як сокини пойтахт, гуфт, музди меҳнаташ танҳо барои харидории ҳасибҳои арзонтари тоҷикӣ мерасад ва агар нархи онҳоро ҳам баланд баранд, пас, маҷбур аст аз ин маҳсулот камтар истеъмол кунанд.
“Агар меҳмон ояд, гӯшт мегирем”
Тасмими ҳукумат дар бораи ҷорӣ кардани андози аксизӣ барои маҳсулоти гӯштӣ на танҳо харидорон, балки фурӯшандаҳоро ҳам нигарон кардааст. Тоҷирон аз таҷрибаи худ мегӯянд, вақте пардохти иловагӣ болои маҳсулот зам мешавад, дар он ҳолат қиматҳо низ боло мераванд ва савдо низ кам мешавад.
Манучеҳр Шеров, фурӯшандаи яке аз мағозаҳои шаҳри Душанбе, гуфт, ҳамарӯза чанд муштарӣ аз назди ӯ бо табъи хира мераванд. Шеров ҳар кило ҳасибро бо арзиши аз 20 то 38 сомонӣ мефурӯшад ва ин нархро низ як қисми харидорон барои худ гарон медонанд. Ӯ феълан дар як рӯз аз 10 то 15 кило ҳасиб мефурӯшад ва ниарон аст, ки агар қимати ин маҳсулот боло равад, метавонад ба тиҷорати ӯ таъсири манфӣ гузорад.
"Муштариҳо норозогӣ мекунанд, ки маҳсулот қимат аст"
“Ҳар як муштарӣ омада, норозиёна муомилот мекунанд, ки маҳсулот қимат аст ва бояд арзонтар фурӯхта шавад. Агар қимат шавад, худи ман ҳам маҷбурам барои хонаам камтар ҳасиб бихарам. Шахсан барои хонаи худам “колбаса”-и арзон мехарам. Вақте ки ба хона меҳмон ояд, гӯшт мегирем”, - мегӯяд ин фурӯшанда.
Мушоҳидаҳои мо дар бозорҳои Душанбе низ нишон дод, ки растаи гӯштфурӯшон нисбат ба растаи тоҷироне, ки маҳсулоти гӯштӣ мефурӯшанд камодам аст. Бо ин ҳама, харидорону муштариён умед доранд, ки тасмими ҷорӣ кардани аксиз барои маҳсулоти гӯштӣ амалӣ намешавад.