Кумитаи андоз мессенҷерҳоро сабаби пур нашудани буҷа номид. ВИДЕО

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон

Масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон сабаби кам шудани даромади ширкатҳои мобилӣ ва пур нашудани буҷаро ба "афзоиши истифода аз мессенҷерҳо" рабт доданд, ки ба гуфтаи мақомот "моликонашон ба кишвар андоз намесупоранд". Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, рӯзи 12-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ним соли ахир пардохти андоз аз сӯи ширкатҳои мобилӣ 432 миллион сомонӣ кам гаридааст. "Коҳиши даромади ширкатҳои мобилӣ боиси иҷро нагардидани даромади буҷа шуд", -- афзуд ӯ.

Давлатзода гуфт, солҳои охир суҳбатҳои телефонӣ ба шиддат кам шуда, аксари сокинон барои суҳбат бо хориҷ аз мессенҷерҳо истифода мекунанд. Ӯ афзуд, кам шудани суҳбатҳои телефонӣ ба кам шудани андози ширкатҳои мобилӣ сабаб гардид. «Аз соли 2015 хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ тағйир кард ва ба ҳама маълум аст, ки суҳбатҳои телефонӣ кам шуда, аксари муштариён аз Интернет истифода мекунанд. Ва ин манбаъҳо дар мо қариб ба танзим дароварда намешавад, ки маблағи ночиз мегирем», -- афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир чаҳор ширкати мобилӣ фаъол аст. Бино ба омори расмӣ, 3 миллион сокини Тоҷикистон аз хадамоти интернет истифода мекунанд. Дар Тоҷикистон нархи интернет назар ба аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ гаронтар аст.

Назари гуногунро дар ин навор бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пешниҳоди андозситонӣ аз месенҷерҳо

Нусратулло Давлатзода бо овардани мисол аз таҷрибаи кишварҳои дигар гуфт, тамоми моликони ширкатҳои паёмрасон ба буҷаи давлатҳо андоз месупоранд, аммо ин чиз дар Тоҷикистон танзим нашудааст. Ӯ гуфт, дар ин роҳ бархе аз корҳо анҷом шуда талош доранд бо ворид кардани тағийрот ба қонунгузорӣ ин низомро дар кишвар танзим кунанд.

«Агар дар қонунгузории мо пешбинӣ шавад ва мо онро ҷорӣ карда тавонем, дар ин ҳолат моликони ширкатҳои паёмрасон худро ихтиёран сабтином мекунанд ва мисли кишварҳои дигар ихтиёран андоз аз арзиши иловашударо ба Тоҷикистон ҳам пардохт мекунанд», -- гуфт ӯ.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, агар дар соли 2015 сокинони кишвар бо хориҷа ба ҳисоби 3 миллиарду 600 миллион дақиқа суҳбати телефонӣ (ҳам мобиливу ҳам маъмулӣ) доштанд, ин рақам дар соли 2019 то ба беш аз 700 миллион дақиқа коҳиш ёфтааст. Беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон барои кору иқомат дар Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар қарор доранд.

Хонаводаҳо дар гузашта барои тамос бо муҳоҷирон аз телефони мобилӣ истифода мекарданд ва ҳар як дақиқаи он на камтар аз 1 сомониву 20 дирам арзиш дорад. Аммо чаҳор соли ахир ин суҳбатҳо аксаран тавассути мессенҷерҳо, ба мисли Вайберу Вотсап, ИМО ва ё дигар паёмрасонҳо анҷом мешавад, ки бо харҷи камтар гуфтугӯи бемаҳдудро фароҳам меорад.

Қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ширкатҳои мобилӣ ҳар дақиқа гуфтугӯи корбаронро тавассути Viber, Whatsapp, IMO ва паёмрасонҳои дигар ҳисоб карда, аз рӯи он андоз супоранд. Вале ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷавоб доданд, ки имкони техникии ҳисоб кардани гуфтугӯи одамонро тавассути паёмрасонҳо надоранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!