Масъулони Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон ҷузъиёти парвози ҳавопаймоҳоро ба Тошканду Дубай шарҳ доданд. Азиз Набизода, муовини аввали раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, тартиби парвозҳоро дар шароити коронавирус ба ҳукумат пешниҳод карданд ва дар сурати тасдиқи низомнома аз аввали моҳи июл парвозҳо ба ин ду масир шуруъ мешавад.
Ба гуфтаи Набизода, мусофирон вазифадоранд, то 24 соати пеш аз парвоз аз ташхиси тиббӣ гузашта, ба маъмурони фурудгоҳ ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод кунанд. "Дар акси ҳол, мусофирон ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Дар дохили ҳавопаймо низ мусофирон бояд масофаи иҷтимоиро риоя кунанд ва ба ин далел миёни онҳо бояд як курсии холӣ бошад", -- шарҳ дод ӯ.
Чунин тарзи интиқоли мусофирон, мумкин аст, ширкатҳои ҳавопаймоиро бо хисороти молӣ рӯбарӯ кунад. Ба бовари Азиз Набизода, ин мушкили худи ширкатҳо аст ва онҳо метавонанд дар бораи нархи билетҳои парвоз тасмим бигиранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вай афзуд, "ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai ва Узбекистон ҳаво юуллари муқаррароти нави анҷоми парвозҳоро дар шароити коронавирус эътироф ва риоя мекунанд. Ба ин хотир, тасмим шуд, ки нахуст барои парвоз дар ин ду масир иҷозат дода шавад. Зеро, ҳам аз Узбекистон ва ҳам аз Дубай ба бештаре аз шаҳрҳои ҷаҳон парвозҳо роҳандозӣ шудааст. Музокирот бо Чину Русия ва Туркияву Қазоқистон барои азсаргирии парвозҳо ҳанӯз ҳам идома дорад."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистон ба баргузории тӯй ва парвозҳо ба Узбекистону Дубай иҷозат додҲасан Юсуфи Файзбахш, сокини шаҳри Душанбе, аз тасмими азсаргирии парвозҳо, бавижа ба самти Узбекистон истиқбол кард. Зеро, дар пайи анҷоми рисолати адабиву пажӯҳишкориаш водор мешавад зуд-зуд ба Самарқанду Бухоро сафар кунад.
"Ин тасмимест, ки сокинони кишвар се моҳ интизори он буданд. Албатта, пеш аз ҳама ин масъалаи сиҳатӣ аст ва ба ин хотир парвозҳо мутаввақиф шуда буданд. Акнун, мушкили ман осон мешавад", - гуфт ӯ.
Тоҷикистон бо нигаронӣ аз эҳтимоли сирояти COVID-19 парвози ҳавопаймоҳоро ба қаламраваш аз рӯзи 19-уми март ба таври ногаҳонӣ қатъ кард. Баъд аз қатъи парвозҳо то ин вақт танҳо чанд парвози махсус барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва кумакҳои башардӯстона анҷом шудааст. Садҳо корманди фурудгоҳҳо ва ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.
Бо азсаргирии парвозҳо дар масири Тошканд ва Дубай бахше аз ин кормандон дубора сари кор хоҳанд баргашт. Агар қабулу гусели мусофирон вазифаи фурудгоҳҳо аст, “Сомон Эйр” дар гузашта ҳам ба Тошканд ва ҳам ба Дубай парвозҳо анҷом медод.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Посухи мақомот ва ширкатҳо ба муҳоҷирон: То охири июн парвози доимӣ намешавадДар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон аз 15-уми июн бахше аз маҳдудиятҳои вобаста ба коронавируси навро бекор карданд ва ба фаъолияти дубораи даҳҳо кошонаи ҳусну сартарошхона, нуқтаҳои фурӯши телефон ва бозорҳои либос иҷозаи фаъолият доданд. Кори ин бозору марказҳои хидматрасонӣ аз охири моҳи апрел ба далели паҳншавии бемории COVID-19 мутаваққиф шуда буд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, мизони гирифторшавии сокинон ба бемории ҳамагир ва марг аз коронавирус дар ду ҳафтаи ахир кам шудааст. Ба иттилои расмӣ, то ин дам беш аз 5 ҳазор нафар ба COVID-19 мубтало шуда, 51 нафар фавтидаанд ва тақрибан чаҳор ҳазор кас шифо ёфтаанд. Омори ғайрирасмӣ аз ин бештар аст. Қаблан намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон гуфта буд, ҳанӯз авҷи беморӣ нагузаштааст.