Тоҷикистон ният дорад, аз Созмони Милали Муттаҳид бихоҳад, ки забони тоҷикӣ-форсиро ба унвони забони ҳафтуми коргузорӣ дар ин созмон эътироф кунад. Ҳоло арабӣ, англисӣ, чинӣ, фаронсавӣ, испониёӣ ва русӣ аз ин мақом бархӯрдоранд ва чор забони дигар - банголӣ, ҳиндӣ, португалӣ ва туркӣ барои дарёфти ин унвон дар навбат истодаанд.
Масъулони Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин мавзуъ рӯзи 9 июн дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ шуда, баъдан дар шакли расмӣ ба Созмони Милал фиристода хоҳад шуд. Абураҳим Зулфониён, сардори шуъбаи танзими Кумита, рӯзи 8 июн дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, дар ин ҳамоиш донишмандон аз Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Бритониё, Русия ва кишварҳои минтақа (ба истиснои Узбакистон) иштирок мекунанд.
Ба қавли ӯ, "бо дарназардошти рисолати забони тоҷикӣ-форсӣ дар таърихи башар ва дар тарбияи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаҳои гуногун, зарурат ба баргашти ин забон ба ҷойгоҳи аслии худ ба вуҷуд омадааст".
Ин масъули Кумитаи забон ва истилоҳот аз ҷумла гуфт, бо забони русӣ дар саросари ҷаҳон ҳамагӣ 170 миллион нафар сӯҳбат мекунанд ва он яке аз забони расмии СММ пазируфта шудааст, аммо чаро забони тоҷикӣ-форсӣ бо беш аз 230 миллион гӯяндааш аз чунин мақом маҳрум аст?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи Абдураҳим Зулфониён, ба хотири дақиқ кардани санадҳо барои тавсия ба ЮНЕСКО, аз Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ хоҳиш кардаанд, ки шумораи дақиқи форсизабонҳои дунёро ба онҳо пешниҳод намоянд. Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки дар саросари ҷаҳон ҳоло 237 миллион нафар ба забони тоҷикӣ-форсӣ суҳбат мекунанд.
Ин масъули Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, ки дар ҳоли ҳозир талошҳо барои мақоми забони муоширати байни ҷомеаи Тоҷикистон додани забони тоҷикӣ идома дорад. Оқои Зулфониён дар ин робита гуфт, "забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон ҳамчун забони давлатӣ аст, вале бар асоси сарқонун медонем, ки забони муоширати байнимиллатҳо забони русӣ мебошад. Мо кӯшиш дорем бо рушди ҳарчӣ бештари забон ва доираи омӯзиши он дар сафоратхонаҳо ва ба роҳ мондани курсҳои омузиши забони тоҷикӣ ва иқдомҳои дигар, забони давлатиро мисли забони русӣ мақоми муоширати байни миллатҳо дар Тоҷикистон гардонем.”
Форсӣ ё порсӣ, яке аз забонҳои ҳинду-аврупоӣ дар шохаи забонҳои эронии ҷануб-ғарбӣ аст, ки дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ба он сухан мегӯянд. Забони тоҷикӣ-форсӣ дар Эрон ва Тоҷикистон ва яке аз ду забони расмии Афғонистон аст. Забонии расмии Ҳиндустон низ то пеш аз истеъмори Бритониё форсӣ буд. Забони форсиро дар Афғонистон ба таври расмӣ дарӣ ва дар Тоҷикистон тоҷикӣ мегӯянд.
Аз мақоми давлатӣ касб кардани забони тоҷикӣ дар Тоҷиистон ҳоло 26 сол мегузарад. Тарҳи якуми Қонуни забон дар рӯзи 22 июли соли 1989-ум, дар пайи талошҳои як идда аз рӯшанфикрони тоҷик, тазоҳуроту гидиҳамоии ҷавонон ва баҳсҳои шадид дар матбуоти кишвар аз тарафи Шӯрои олӣ ё парлумони вақти кишвар қабул шуда буд.
Тоҷикистон тайи 20 сол Иди забонашро рӯзҳои 22 июл таҷлил мекард, вале парлумони Тоҷикистон 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро низ ба 5 октябр кӯчонд.