Тадқиқоти солонаи “Рушди инсон-2013” маълум кардааст, ки Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз фақиртарин кишварҳои Осиё Миёна боқӣ мемонад.
Тадқиқоти солонаи “Рушди инсон-2013” маълум кардааст, ки Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз фақиртарин кишварҳои Осиё Миёна боқӣ мондааст. Ин таҳқиқот, ки ҳамасола аз сӯи ниҳодҳои СММ дар кишварҳои ҷаҳон анҷом дода мешавад, муайян кардааст, ки 3,1 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар шароити камбизоатии шадид қарор доранд. Ин ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон дар як рӯз камтар як доллари амрикоӣ масраф мекунанд.
Ин пажӯҳиш ҳамчунин муайян кардааст, ки беш аз 47 дарсади аҳолии Тоҷикистон камбизоатанд ва даромади рӯзонаашон аз 2 доллару15 сент камтар аст. Мизони камбизоатии шадид дар Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳама боло будааст. Дар Қирғизистон камтар аз як дарсади аҳолӣ ва дар Ӯзбакистон 0,1 як дарсади аҳолӣ дар шароити камбизоатии шадид мезистаанд.
Дар Қазоқистон афроде, ки дар шароити камбизоатии шадид зиндагӣ мекунанд қариб вуҷуд надоштаанд ва танҳо 5 дарсади аҳолии ин кишвар дар шароити наздик ба камбизотӣ ба сар мебурдаанд.
Бояд гуфт, суръати коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон низ дар чанд соли охир сусттар шудааст. Агар аз соли 2003 то соли 2007 мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон беш аз 23 дарсад коҳиш ёфта бошад, пас дар чорсолаи баъдӣ мизони камбизоатӣ беш аз як дарсад коҳиш ёфтааст.
Аммо мизони камбизоати миёни аҳолии шаҳру деҳот ва ҳамчунин минтақаҳои Тоҷикистон низ аз ҳам фарқ доштааст. Мувофиқи натиҷаҳои пажӯҳиши охири “Рушди инсон” беш аз 36 дарсади аҳолии шаҳрҳои Тоҷикистон камбизоат будаанд. Дар ҳоле, ки мизони камбизоатӣ дар деҳот аз 50 дарсад бештар будааст.
Мизони аз ҳама болои камбизоатӣ дар вилояти Суғд ба назар мерасад. Беш аз 52 дарсади аҳолии ин вилоят камбизоат будаанд. Пас аз вилояти Суғд, дар ин раддабандӣ вилояти Хатлон меистад, ки беш аз 50 дарсади аҳолияш зери хатти фақр ба сар мебаранд.
Ҳамчунин фақр дар Тоҷикистон тобиши ҷинсӣ ва ё гендерӣ низ доштааст. Бинобар натиҷаҳои ин пажӯҳиш, миқдори оилаҳои камбизоат, ки сарвариашонро занон бар ӯҳда доранд, нисбати мардон чор дарсад бештар будааст. Ҳангоми пурсиши сокинон дар бораи камбизоатӣ, пажӯҳишгарон муайян кардаанд, ки эшон қабл аз ҳама, аз норасоии либос, хӯрок, нокофӣ будани маош, нафақаи ночиз, шумораи зиёди пардохтҳои ҳатмӣ ва андозҳо шикоят кардаанд. Ғайр аз ин, баъзе аз пурсидашудагон нокофӣ будани замин ва чорвои хонагиро аз иллати камбизоатишон донистаанд.
Пажӯҳишгарон сатҳи баланди бекорӣ, набуди дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, харобшавии беш аз 90 дарсади захираҳои замин, камбуди дастрасӣ ба нерӯи барқ, оби нӯшокӣ ва канализатсияро омилҳои асосии камбизоатӣ донистаанд.
Таҳиякунандагони ин гузориш ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон баҳри коҳиш додани мизони фақр дар кишвар ба се нуктаи асосӣ таъкид кардаанд. Ин такмил додани идоракунии давлатӣ, мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ ва рушди инсонӣ мебошад.