"Шаҳри бехатар" ба кор даромад

Рӯзи 31 октябр дар ҳузури раисиҷумҳур тарҳи "Шарҳи бехатар" дар пойтахти Тоҷикистон расман фаъол карда шуд.
Бо фаъол шудани дурбинҳо ё камераҳои назоратӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе, ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракатро поймол мекунанд, акнун имкони баҳс бо маъмурони пулиси роҳро аз даст дода, илоҷе ба ҷуз аз пардохти ҳатмии пули ҷарима дар бонкҳо нахоҳанд дошт.

Ҳадди ақал масъулони тарҳи «Шаҳри бехатар» дар пойтахти Тоҷикистон, ки рӯзи 31 октябр дар ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон фаъол карда шуд, чунин изҳори хушбинӣ мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Шаҳри бехатар" ба кор даромад


Қудратулло Шоев, сухангӯи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон (БДА) ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин шева ҳам кори маъмурони пулиси роҳро осон мекунад ва ҳам пеши роҳи фасодкориро мегирад: «Маблағи ҷаримаро Кодекси маъмурӣ муайян кардааст. Барои ҳар як қоидавайронкунӣ ҷарримаи алоҳида пешбинӣ шудааст. Мисол, барои чароғаки роҳнаморо сурх гузаштан аз 3 то 5 маоши ҳадди ақал ҷарима дорад. Се маоши ҳадди ақал 120 сомонӣ мешавад, 5 маоши ҳадди ақал - 200 сомонӣ. Барои нақлиётҳои мусофиркашонӣ ҷаримааш аз як то ду нишондиҳанда муқаррар шудааст. Яъне аз 40 то 80 сомонӣ. Дар маҷмӯъ, андозаи ҷарима аз 20 сомонӣ оғоз шуда, то 700 сомон мерасад.»

Мақомоти пулис мегӯянд, ки бахши умдаи ронандаҳо қоидаи ҳаракати нақлиётро поймолмекунанд. Танҳо як дурбини назорати ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Рӯдакӣ, ки барои санҷиш фаъол карда шуда буд, дар 8 соат наздик ба 6000 мавриди нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳро сабт кардааст.

Ҳамаи ин ҳолатҳо дар системаи компютерӣ ба таври автоматӣ сабт шудаанд ва беинтизомии ронандагону пиёдагардонро дар як маҳдудаи хурди вақт нишон медиҳанд. Ин қонуншиканиҳо аз убури роҳ дар зери чароғаки сурх гирифта то пешгузарии нодуруст ва суръати беш аз ҳадди мошинҳо, убури ҷода аз тарафи пиёдагардон дар маҳалҳои номатлуб, исти мошинҳо дар минтақаҳои мамнӯъ ва монанди ин иборатанд.

Бино ба итилоъи ВКД, дар 9 моҳи соли равон дар кӯчаву роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 738 800 вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 6 945 ҳодисаи идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 25 800 ҳолати бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 706 ҳолати истифодаи ғайриқонунии нақлиёти сиёҳшиша, 4 237 ҳолати бе рақамҳои қайди давлатӣ, 6688 ҳодисаи итоат накардан ба корманди милитсия, 11511 ҳодисаи риоя накардани талаботи чароғакҳо, 21 483 ҳолати гуфтугӯи ронанда бо телефони мобилӣ дар пушти чамбараки мошин ошкор шудааст.

Дар ҳамин муддат, ҳамчунин 853 ҳолати истифодабарии нақлиёти давлатӣ ба манфиати шахсӣ, 1696 ҳолати аз меъёр зиёди иштироки воситаҳои нақлиёт дар гузаронидани тӯйю маъракаҳо, 2459 далели истифодабарии воситаҳои нақлиёт бо асбобҳои иловагии баланд садодиҳанда (сирена), ки шабона оромии шаҳрвандонро халалдор месозанд, ошкор карда шудааст.

Дар 9 моҳи соли 2013 дар ҷумҳурӣ 1033 садама ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 350 нафар фавтида, 1110 нафар ҷароҳат гирифтаанд. Дар муқоиса ба соли гузашта 34 садама зиёд рух дода, 25 нафар ҳалок шудааст 13 кас ҷароҳат бардоштааст.

Ба гуфтаи масъулони БДА, ҳоло дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Шаҳри бехатар», ширкати чинии «Ҳуавей технолоҷӣ» 855 адад камера ё дурбинҳои назоратиро дар роҳҳои пойтахт насб кардааст. Ин тарҳ 22 миллион доллар харҷ дошта, аз ҳисоби қарзи давлатии Тоҷикистон аз Чин амалӣ мешавад. Ҳадафи аслии иҷрои ин лоиҳа, таъмини амнияти сокинон ва назорат бар риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ унвон мешавад.

Ҳамин тавр, фаъол шудани дурбинҳо ё камераҳои назоратӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро иддае аз ронандагон, алалхусус ҷавонон хуш напазируфтанд. Онҳо мегӯянд, дар шарту шароити кӯчаҳои Душанбе риояи қоидаҳои ҳаракат хеле мушкил аст.

Бекназари Расул, як ронандаи таксӣ ба Озодӣ гуфт, будани дастгоҳҳои наворбардорӣ кори беҳуда буда, ба кисаи ронандагон хисороти зиёд мерасонад. Ба қавли ӯ, вақте ронандаҳо қоидаҳои ҳаракатро вайрон мекарданд, ба «через»-ҳои худ тамос гирифта, ҳамон лаҳза аз пардохти ҷарима озод мешуданд, аммо ҳоло дигар «тағо»-ҳо чандон ба кор намераванд: «Шахсан худи ман дар як рӯз 40-50 маротиба ба қавле «нарушение» мекунам. Агар барои ҳар як қоидавайронкунӣ 80 сомонӣ супорам, мумкин падарам хонаамонро фурӯхта, пули ҷарима диҳад. Бинобар ин, маҷбур мешавам минбаъд мошин наронам.»

Аммо бар хилофи андешаҳои Бекназар, ронандаи дигар Акмал Баҳодуров мегӯяд, кори «тағо»-ҳо акнун сар мешавад. Зеро ба қавли ин ронанда, насби дурбинҳо баръакс боиси бештар шудани ришва мегардад. Шахсони сарватманд бо додани маблағ акси мошинҳои худро аз бойгонии компюторҳо пок мекунанд ва ҳамчунин: «Дурбинҳо аз лиҳози техникӣ чӣ гуна метавонанд қоидавайронкуниро ба қайд гиранд? Зеро ҳастанд камераҳое, ки аз лиҳози техникӣ хато мекунанд. Масалан, як мошин қоидаро вайрон мекунад, вале дурбин мошини паҳлуяшро сабт мекунад.»

Ба сурати умум, аксари ронандагон ва мусофирон аз фаъол шудани дурбинҳои назоратӣ дар хиёбонҳои пойтахт истиқбол мекунанд ва мегӯянд, ки ин амр омили риояи бештари қоидаҳои ҳаракат ва коҳиши тамба ё «пробка» мегардад.

Ба гуфтаи ин ронандагон, ҳукумат бояд пештар дурбинҳоро дар роҳу куҷаҳо фаъол мекард, то аз вуқӯъи садамаҳои нақлиётӣ ҷилавгирӣ мешуд. Онҳо ба хусус аз садамаҳои ахир дар маркази шаҳри Душанбе ёд мекунанд, ки бо ширкати писарони афроди мансабдор рух доданд.

Аммо Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқдони тоҷик, чандон бовар надорад, ки дурбинҳои амниятӣ битавонанд амниятро дар роҳҳои Тоҷикистон таъмин кунанд ва монеъи фасоду ришваситонӣ шаванд. Ба гуфтаи ҷаноби Ёров, қоидавайронкуние, ки дар наворҳои назоратӣ насб мешавад, тавассути маъмурони дурбинҳо метавонад ба осонӣ пок карда шавад: «Агар дар ёд дошта бошед, пули барқро намепардохтанд, рафта квитансияи қалбакӣ мегирифтанд, ки гӯё маблағи барқ пардохт шудааст. Ё дар низоми БДА талонҳои техникиро ба таври ғайриқонунӣ мехариданду ранга сканироват мекарданд, ки гӯё қонунӣ гирифта шуда бошад. Ҷиноятҳои компютерӣ ҳам кам нестанд.»

Мояи дигари танқидҳо аз "Шаҳри бехатар" 22 миллион долларест, ки барио насби 855 камера дар ҷодаҳои Душанбе масраф шудааст. Яъне қариб 26 000 доллар барои ҳар камера.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дурбинҳои назорати роҳ ба кор сар карданд