"То ҳол нафаҳмидем, ки чӣ ҷомеа бунёд мекунем: автократӣ ё демократӣ?"

Як таҳқиқоти байналмилалӣ мегӯяд, Тоҷикистон аз назари дастрасӣ ба илму таҳсил пешрафт карда, вале аз озодиҳои сиёсӣ маҳдуд аст.

Тоҷикистон бар асоси арзёбиҳои Шохиси пешрафти иҷтимоӣ дар соли 2019 (Social Progress Index) дар миёни 149 кишвари мавриди таҳқиқ дар мақоми 107-ум қарор гирифт. Таҳқиқотро созмони Social Progress Imperative, қароргоҳаш дар Амрико, анҷом додааст. Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, бар асоси арзёбиҳои 12 бахш ё нишондоди пешрафти иҷтимоӣ, дида мешавад, ки дар Тоҷикистон дастрасии мардум ба тиб назар ба озодиҳои сиёсӣ "хеле беҳтар ба роҳ монда шудааст".

Муаллифон мегӯянд, давоми шаш соли охир ҳамасола пешрафти кишварҳоро дар се бахши азим баррасӣ мекунанд:

  • Бахши "эҳтиёҷоти бунёдӣ" дар заминаи дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ, обу санитарӣ, сарпаноҳ ва хадамоти зарурие ба мисли таъмини барқу газ, амнияти шаҳрвандон ва дигар масоил;
  • Бахши “эҷоди шароити некӯаҳволӣ” ба саводнокии ҷавонону калонсолон, дастрасӣ ба иттилоъ, интернет ва сензураи матбуот, сифати муҳити зист;
  • Бахши “имкониятҳо” ба озодиҳои сиёсӣ, озодиҳои хусусӣ ва ҳуқуқи занон.

Бар асоси арзёбиҳои ин созмон, соли 2019 дар Шохиси пешрафти иҷтимоӣ Норвегия дар баландтарин мақом қарор гирифтааст ва дар миёни 15 кишваре, ки дар муқоиса бо кишварҳои дигар бо пешрафти фавқулода рӯ ба рӯ шудаанд, инчунин Дания, Швейтсария, Финляндия, Шветсия, Олмон, Бритониё ва дигарон шомил шудаанд. Дар гурӯҳи дуюми кишварҳои дар ҳоли пешрафти иҷтимоӣ, инчунин ҷумҳуриҳои пасошӯравие ба монанди Литва, Беларус ва Гурҷистон ёд шудаанд. Ба гурӯҳи сеюм бо фосилаҳои муайян дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон, инчунин Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон зикр мешаванд. Тоҷикистон ва Туркманистон дар гурӯҳи панҷуми кишварҳо, дар як қатор бо Кенияву Руанда ёд шудаанд.

Муҳаққиқон мегӯянд, Тоҷикистон дар бахшҳои мисли "эҷоди шароити некӯаҳволӣ" бо пешрафти бештар рӯ ба рӯ аст. Масалан, аз назари саводнокии калонсолон, таҳсили кӯдакон дар мактабҳои ибтидоиву миёна, дастрасӣ ба таҳсили олӣ, имкони таҳсили духтарон, дастрасии аҳолӣ ба телефони мобил нишондодҳои Тоҷикистон хеле баланд назар ба бахшҳои дигар будааст.

Дар миёни нишондодҳое, ки дар муқоиса бо кишварҳои дигар дар сатҳи миёна арёзбӣ мешавад, дастрасӣ ба об, нирӯи барқ, ҷинояткорӣ, дастрасӣ ба интернет ва ҳузури донишҷӯён дар донишгоҳҳои хориҷӣ номбар мешаванд. Вале он чи ки таҳлилгарони "2019 Social Progress Index" ҳамчун "имкониятҳо" ва ё озодиҳои сиёсӣ ёд мекунанд, нишондодҳои кишварро дар сатҳи поин ва ё мавриди нигаронӣ қарор медиҳанд.

Аз ҷумла, муҳаққиқон навиштаанд, он чи ба "ҳуқуқи инфиродӣ" шомил мешавад, яъне озодиҳои сиёсӣ, озодии баён, озодии мазҳаб ва дастрасӣ ба адолат, аз назари таҳлилгарон дар сатҳи поин қарор гирифтааст. Дар бахшҳое, ки аз назари муҳаққиқон ҳамчунин мавриди нигаронӣ аст, мавзӯи "бархӯрд ё қабули ҳамҷинсгароҳо аз ҷониби ҷомеа", "баробарии нирӯҳои сиёсӣ бар асоси ҷинсият", "баробарии сиёсӣ бар асоси мавқеи иҷтимоиву иқтисодӣ" ва "баробарии нирӯ аз рӯи мансубият ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ" дар сатҳи поин қарор дорад.

Муҳаққиқон инчунин мавзӯи олудагии муҳити зистро баҳогузорӣ карда, гуфтаанд, дар муқоиса бо нишондодҳои истихроҷи гази гулхонаӣ, ки ба экология зарар дорад, олудагии ҳаво ва таъсири он ба сиҳатии сокинон мавриди интиқод аст.

Як ҷомеашиноси тоҷик, ки бо нишондодҳои муҳаққиқони амрикоӣ шинос шуд, дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, он чи ки дар ин шохис оварда шудааст, "ғайримаъмулӣ" нест ва он "то андозае бозгӯи ҳақиқати ҳол аст".

Вале сиёсатшинос ва муовини пешини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мегӯяд, иттилои коршиносон "пурра нест". Сафаров гуфт, Тоҷикистон бо як "суръати рушди иҷтимоӣ ҳаракат мекунад, ки дар кишварҳои дигар вуҷуд надорад".

"Тамоми дастовардҳои иҷтимоӣ зери назорати президент аст. Шахсан худашон деҳа ба деҳа, ноҳия ба ноҳия сафар мекунанд, ҳамаро тафтиш мекунанд ва умуман, дар ин се сол бояд пешравиҳои бештар шавад. Ба муносибати 30-солагии истиқлол як нақшаи махсуси ҳалли масъалаҳоро пешниҳод кардааст. Бояд ба ин муносибат 28 ҳазор иншооти иҷтимоӣ бунёд шавад. Ин чизест, ки дар 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ нашуда буд", -- афзуд ӯ.

Сафаров гуфт, ду мушкиле, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон эҷод шуд ва "сари вақт ҳалли худро пайдо кард", пешгирӣ аз қарори гароншавии нархи интернет ва ҳам табдили шиносномаҳои дохилӣ буд, ки мӯҳлаташ дароз шуд. Дар миёни дастовардҳои дигари Тоҷикистон дар бахши иҷтимоӣ, ба назари Сайфулло Сафаров, мешавад роҳандозӣ шудани барномаи ғамхорӣ дар ҳаққи "30 ҳазор ятими кул" ва ҳам "афроди бехона ё бомж" дар кӯчаҳои Душанберо номбар кард.

Сайфулло Сафаров инчунин ба ин андеша аст, ки дар Тоҷикистон озодиҳои сиёсӣ, аз ҷумла, озодиҳои динӣ таъмин аст. Ӯ гуфт, "давлат зидди дин нест, зидди озодиҳои динӣ нест, баръакс, мехоҳад тамоми шароитро барои диндорон дар сатҳи муосир анҷом диҳад. Барои онҳо шакли фарҳангии диндориро ҷорӣ кунад". Ӯ гуфт, дар кишвар масҷидҳои муосири таъмин бо барқу интернет ва тозаву озода бунёд мешаванд ва ин ҳама танҳо ба манфиати мардум хидмат мекунанд.

Эколог: "Манфиатҳои иқтисодӣ аз масоили муҳити зисту иқлим болотар меистанд"

Мушовири аршади созмони ҳифзи муҳими зисти "Замини хурд" ("Маленькая Земля") Тимур Идрисов мегӯяд, дар Тоҷикистон "манфиатҳои иқтисодӣ мисли гузаштаҳо имрӯз ҳам болотар аз масоили муҳити зистӣ ва тағйироти иқлим мебошад". Идрисов дар як вокуниши хаттиаш ба Радиои Озодӣ дар заминаи гузориши созмони амрикоӣ рӯзи 23-юми сентябр навишт:

"Тоҷикистон яке аз заъфпазиртарин кишварҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки аз ҳоло паёмадҳои манфии тағйироти иқлимро эҳсос мекунад. Коҳиши ҳаҷми пиряхҳо, афзоиши хушксолиҳо, афзоиши офатҳои табиӣ ва тағйироти экосистема ба як таҳдиди дарозмуддати рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон табдил шудааст. Вале айни замон дар Тоҷикистон имкониятҳои мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим хеле маҳдуд аст. Бо вуҷуди ҳама изҳорот дар ин замина, манфиатҳои иқтисодӣ назар ба масоили муҳити зист ва иқлимӣ болотар меистанд. Дар Тоҷикистон ба таври фаъол саноати "ифлос", аз ҷумла, корхонаҳои сементу маъдан, истеҳсоли ангишт ҷараён дорад, дар минтақаҳо эрозия ё табоҳшавии замин ва чарогоҳҳо мушоҳида мешавад. Дар натиҷаи фаъолияти босуръати хоҷагии деҳот, охирин ҷангалзорҳо бо хатари нобудшавӣ рӯ ба рӯ шуда, ҳаҷми умумии партовҳо ва олудашавӣ афзоиш меёбад."

Сиёсатшинос: "То ҳол нафаҳмидем, ки чӣ ҷомеае бунёд мекунем"

Шореҳи иқтисодӣ аз Тоҷикистон Нур Сафаров мегӯяд, нишондодҳои Тоҷикистон дар Шохиси рушди иҷтимоӣ мавриди таассуф аст. Ӯ мегӯяд, дар остонаи таҷлили 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон "ба ҳайси як шаҳрванди ин кишвар" бисёр мехост шоҳиди пешрафтҳое дар заминаи рушди инсонӣ, дастрасӣ ба иттилоъ ва мухобирот, тиб, сифати муҳити зист ва ҳам дар бахши озодиҳои ҷамъиятиву сиёсӣ бошад.

Нур Сафаров мегӯяд, "шояд бархе бигӯянд, ки дар ҷаҳон кишварҳое бо нишондиҳандаҳои аз мо бадтар ҳам вуҷуд доранд. Вале посухи ман ба онҳо ин аст, ки дар кишвари мо имкониятҳои хеле зиёд барои пешрафт вуҷуд дорад ва танҳо ирода ва пеш аз ҳама як орзу лозим аст, ки ҷомеаи мо ба он самт ҳаракат кунад. "Ба назари ман, - мегӯяд таҳлилгар, - мо то ҳол нафаҳмидем, ки чӣ ҷомеае бунёд мекунем: автократия ё демократия? Кишваре бо манфиатҳои маҳдуди оилавӣ ва ё кишваре бо имкониятҳои баробар барои ҳама? Кишваре, ки мехоҳад ба сатҳи Ҳахоманишҳову Дорои бузург баргардад ваё мехоҳад дар як сатҳ бо демократия ва иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор бигирад?"

Ин шореҳи иқтисодӣ мегӯяд, Тоҷикистон ба марҳилаи нави тағйирот наздик мешавад, ки онро мешавад "насли нави мудирону соҳибкорон ва ҷомеаи нав" ном бурд. Бисёр чиз, ба гуфтаи ӯ, аз "ҳунари таҳлил ва тасмимгириҳои дуруст бастагӣ хоҳад дошт". Ӯ мегӯяд, нишондодҳои Тоҷикистон дар гузориши мазкур "ишора ба заъфу камбудиҳост", ки ислоҳи онҳо метавонад барои рушди ҷомеа мусоидат кунад.

Муаллифони индекс ё шохиси пешрафти иҷтимоӣ ҳам мегӯянд, ки бисёр қисматҳои ҷаҳон дар чанд соли охир бо таҳаввулоти шадиде рӯ ба рӯ шуданд, ки аз ноқаноатмандии иҷтимоиву иқтисодии мардум бармеояд. Муаллифон, аз ҷумла, навиштанд, ки Баҳори Араб ва ҳам бӯҳрони молии соли 2008 тақозои шаҳрвандони кишварҳои гуногунро ба пешрафти иҷтимоӣ ошкор кард ва арзёбиҳое, ки мутахассисони ин созмон пешкаш кардаанд, пеш аз ҳама ба манфиати ҳукуматҳое нигаронида шудааст, ки аз эътирофи ин мушкилот парҳез мекунанд.