Сайфулло Салимов, сухангӯи "Амонатбонк", ба Радиои Озодӣ гуфт, хариди саҳмияҳо рӯзи 13-уми май шурӯъ шуд ва ҳар саҳмияро бо қимати 10 доллар аз соҳибонаш мехаранд.
Ба гуфтаи ӯ, бонк бо назардошти қурби расмӣ ин маблағро бо сомонӣ пардохт мекунад. Агар саҳмияи "Сангтӯда"-ро дошта бошед, пас, ду соли дигар, яъне то соли 2021 фурсат доред, онро ба "Амонатбонк" биёред ва дар ивази онҳо пулеро, ки тақрибан 23 сол пеш пардохтаед, бигиред.
Сайфулло Салимов гуфт: "Аллакай мардум аз хариди саҳмияҳо огоҳ шуда, ба бонк муроҷиат карданд ва маблағи саҳмияҳо ба аввалин муштариён пардохта шуд."
Ҳукумати Тоҷикистон имсол барои хариди саҳмияҳо аз соҳибонашон аз будҷа 10 миллион сомонӣ, ё каме беш аз 1 миллион доллар, ихтисос додааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Модаркалони Роғуншоҳ: “Орзу дорем, Саҳмиябонуро арӯс кунем”Ҷамъияти "Сангтӯда"-ро давлати Тоҷикистон соли 1996 барои бунёди нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар ноҳияи Данғара ташкил дод ва саҳмияҳои онро ба мардум фурӯхт. Дар он сол саҳмияҳоро бо қимати 3 ҳазор рубл (воҳиди пулии ҳамонвақтаи Тоҷикистон) фурӯхтанд. Ҳоло мақомоти Тоҷикистон 3 ҳазор рубли соли 1996-ро 10 доллар ҳисоб кардаанд.
Теъдоди саҳмияҳои фурӯхташударо мақомот ошкор намекунанд, аммо он замон давлат аз фурӯши саҳмияҳо 500 ҳазор доллар ба даст овард ва қарор буд, ки онро барои сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" харҷ кунад.
Аммо ба сабаби идомаи ҷанги дохилӣ ва набуди пули кофӣ, сохтмони нерӯгоҳ оғоз наёфт ва тарҳи нерӯгоҳ то соли 2005 иҷро нашуда монд. Дар он сол Тоҷикистон бо Русия барои сармоягузории сохтмони нерӯгоҳ созишнома баст ва ҷамъияти “Сангтӯда”-ро барҳам доданд. Дар қарор гуфта мешуд, ки бо вуҷуди аз байн рафтани ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқи саҳмиядорон пойбарҷо мемонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Сангтӯда 2"-ро кӣ ба Тоҷикистон "ҳадя" кардааст? ВИДЕОАйни замон тақрибан 75 дар сади саҳмияҳои нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар дасти ширкатҳои давлатии Русия – "Росатом" ва "Интер РАО ЕЭС" ва 25 дар сади дигар дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дорад.
Сохтмони нерӯгоҳ соли 2006 оғоз ёфта, соли 2009 ба анҷом расид. Қудрати нерӯгоҳ 670 мегават дар як солро ташкил медиҳад ва дар се моҳи имсол бештар аз 600 миллион киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.
Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” нерӯи барқро ба ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” мефурӯшад ва мегӯяд, ки то кунун ширкат беш аз 1 миллиард сомонӣ пули барқро напардохтааст.