Тоҷикистон ба Кувайт 200 тонна об мефиристад

Ширкати "Оби зулол"-и Тоҷикистон барои аввалин бор ба як кишвари арабӣ оби поки ошомиданӣ , маъданӣ ва газнок мефиристад.

Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ ба Кувайт 200 тонна оби поки ошомиданӣ, маъданӣ ва газноки истеҳсоли ширкати "Оби зулол"-ро хоҳад фиристод. Ин миқдор об дар зарфҳои пластикӣ ва тариқи роҳи ҳавоӣ ва заминӣ то Кувайт мерасанд.

"Оби зулол" дар солҳои 2006-2010 барои нерӯҳои байнулмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон об дастрас мекард ва аммо бори аввал аст, ки ба бозори як кишвари арабӣ роҳ меҷӯяд.

Раҳбарияти корхонаи "Оби зулол" мегӯянд, баъд аз дастрас шудани 200 тонна об ҷониби Кувайт тасмими ниҳоӣ мегирад, ки ҳар моҳ аз Тоҷикистон чӣ миқдор об қабул мекунад. Шӯҳрат Орифов – мудири иҷроияи "Оби зулол" 14 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, тавофуқи ибтидоӣ барои интиқоли оби истеҳсоли ширкати онҳо ба Кувайт дар моҳи июни соли ҷорӣ бо як ширкати кувайтӣ ба даст омада, вале ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Орифов аз ифшои номи ширкати кувайтӣ ҳам худдорӣ кард ва гуфт, "баъд аз тавофуқи ниҳоӣ ҳамаи гапро хоҳем гуфт".

"Оби зулол" умдатарин ширкати тавлиди оби поки ошомиданӣ, маъданӣ ва газнок дар Тоҷикистон аст, ки солона, ба гуфтаи масъулонаш, ҳудуди 10 миллион литр оби пок истеҳсол мекунад. Оби зулоли он аз умқи 220 метр дар ноҳияи Шаҳристон берун оварда мешавад. Худи ширкат 15 сол қабл ба ҳайси корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико таъсис ёфта ва ҳоло ширкати қазоқии "Бейбарс и К" молики аслии саҳмияҳои он ба шумор меравад.

Бештари сокинони Тоҷикистон дастархони идона ва тӯёнаи худро бо обҳои истеҳсоли ширкати "Оби зулол" зеб медиҳанд. Аммо ҳоло ширкатҳои маъруфи "Кока Кола" ва "Синалко" талош доранд, ки дар бозорҳои Тоҷикистон барои худ ҷойи по пайдо кунанд. Ин аст, ки онҳо дар тамоми фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон таблиғи обҳои худро насб карда, инчунин яхдонҳои махсуси марбут ба ширкатҳояшонро гузоштаанд.

Шӯҳрат Орифов, мудири иҷроияи “Оби зулол” мегӯяд, худи арабҳо хостори оби нӯшокии ин ширкат шудаанд ва ба эҳтимоли қавӣ бозорашон дар Кувайт гарм хоҳад шуд.

Ӯ мегӯяд, ин таҷруба имкон медиҳад, ки дар бораи интиқоли оби поки ошомиданӣ ва маъдании худ ба кишварҳои дигари хориҷӣ низ биандешанд. "Соли гузашта анвои гуногуни афшураи тавлиди худро ба Русия содир карда будем. Муштариён хуб қабул карданд, гаронии раҳкиро мушкили аслии боқӣ мондааст ва зиёд фоида намедиҳад," – гуфт ӯ.

Талабгорони оби поку мусаффои Тоҷикистон дар хориҷи дуру наздик кам нестанд. Тоҷикистон ҳам аз соли 2007 боз дар фикри фурӯши обҳои мусаффояш ба хориҷи кишвар афтода, вале то ин замон барномае дар ин самт пиёда нашудааст. Яке аз он кишварҳои ташнаи оби Тоҷикистон Эрон аст, ки асосан ба оби кӯли Сарез чашм ало кардаааст.