Тоҷикистон аз низоми таҳсили Шӯравӣ даст мекашад

Акс аз бойгонӣ

Аз соли нави таҳсил омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои Тоҷикистон бо усули нави таълим ба кор шурӯъ хоҳанд кард.

Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 30-юми август ба Озодӣ гуфт, барои роҳандозии ин навъи таълим дар се моҳи таътили тобистона омӯзгоронро бо давраҳои омӯзишӣ фаро гирифтаанд. Аз соли нави хониш, ба гуфтаи хонум Назирӣ, хонандагони синфҳои ибтидоӣ тибқи усули нави "Таълими салоҳиятнок" бо таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд.

Усули "таҳсили салоҳиятнок", ба гуфтаи масъулони Вазорати маориф, як шеваи муосири таълим дар кишварҳои ғарбӣ аст ва Тоҷикистон ҳам ин таҷрибаи пешқадамро дар мактабҳояш роҳандозӣ мекунад.

Албатта, дар ҳар синф хонандагони аълохону нисбатан суст пайдо мешаванд. Аммо дигар ба ҷудо кардани хонандагон ба "духонҳо"-у "панҷхонҳо" роҳ дода намешавад,
Азим Байзоев

Дарс = Бинго

Муаллими "адабчӯб" дар даст назди тахта, партаҳои пайи ҳам дар як қатор ва толибилмони даст рӯи даст паси он дар мактабҳои Тоҷикистон то ба ҳол як манзараи маъмул буд. Аммо бо ислоҳоти Вазорати маориф ва илм, қарор аст, шеваи таълим дар мактабҳо "демократитар" шавад.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати илм ва маориф, шеваи нави тадрис, ки бар пояи таълимоти педагоги амрикоӣ Бежамин Блум таҳия шудааст, имкон медиҳад, толибилмон ҳангоми дарс озодона дар синф роҳ гарданд ва гурӯҳ-гурӯҳ машқу масъалаҳои алоҳидаро ҳал кунанд. Барои мисол, дар ҷараёни дарс толибилмон метавонанд бо бозиҳои шавқоваре мисли «Бинго», “Майдони муъҷизот”, “Кист он?” ва “Мактубнависӣ” машғул шаванд.

Мастура Ҷамолова, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар Суғд, ки аз давраҳои омӯзишии Вазорати маориф гузаштааст, гуфт, тибқи ин усули таълим хонандагон дар бораи мавзӯи таълимӣ назар ба омӯзгор дар ҷараёни дарс бештар сухан мекунанд. Вай афзуд, "ин усули таълим имкон медиҳад, ки бачаҳо дар дарс беҳтар фикри худашонро баён кунанд. Муаллим дар ҷараёни дарс ҳамчун роҳбалад фаъолият мекунад. Эҷодкорӣ ва ташаббускории талабҳо дар ин низоми таълим бештар ташвиқ карда мешавад."

Тафовут аз куҷо то куҷост?

Вазорати маориф ва илм дар доираи барномаи гузариш ба ин усули таълим кулли китобҳои таълимии синфҳои ибтидоиро аз нав таҳия кардааст. Азим Байзоев, яке аз ташаббускорони гузариш ба усули нави таълим, махсусияти ин шакли тадрисро дар суҳбат бо Озодӣ чунин шарҳ дод: "Фарз кардем як хонандаи синфи чор дар мактаб таҳсил мекунад, ки бо усули анъанавӣ дарс мегӯянд. Хонандаи дигар дар мактаби типи нав, ки дар он бо усули салоҳиятнок таълим медиҳанд. Ба ҳардуи онҳо модарашон як сомонӣ дода мегӯяд, аз бозор рафта сабзӣ оранд. Инҳо мераванд, ки дар бозор сабзӣ қиммат шуда, 1,5 сомонӣ шудааст. Писаре, ки дар мактабӣ анъанавӣ таҳсил кардааст, мустақилона қарор қабул карда наметавонад ва ба хона омада мегӯяд, "модарҷон сабзӣ қиммат шудааст". Аммо писари дувум аз фурӯшанда хоҳиш мекунад, ки барои вай ба ивази як сомонӣ сабзӣ диҳад. Ин аст, фарқи ду шакли таълим."

Байзоев афзуд, дар ин усули таҳсил на "қорӣ аз ёд" кардани муҳтавои дарс, балки дарку фаҳми мавзӯи дарсӣ ва аз ҳама муҳим чигунагии татбиқи он дар амал муҳим аст. Ӯ мегӯяд, пас аз роҳандозии низоми нави таҳсил дар синфҳои ибтидоӣ омӯзгорон ба ҳар як толибилм мувофиқи сатҳи қобилияту даркаш таълим медиҳанд. Аммо ба таъкиди ӯ, ин усули таълим намегузорад, толибилмоне, ки қобилияти чандони донишомӯзиро надоранд, худро таҳқирдида эҳсос кунанд.

"Албатта, дар ҳар синф хонандагони аълохону нисбатан суст пайдо мешаванд. Аммо дигар ҷудо кардани хонандагон ба духонҳову панҷхонҳо роҳ дода намешавад," - гуфт Азим Байзоев.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин усули нави таълимро соли гузашта дар 55 мактаби Тоҷикистон таҷриба кардааст. Баъди ба даст омадани натиҷаи хуб аз ин тарҷиба соли ҷорӣ дар тамоми мактабҳо роҳандозӣ шудааст. Вазорат тасмим дорад, дар солҳои оянда низоми таълими салоҳиятнокро дар синфҳои болоӣ низ амалӣ кунад ва мактабҳои Тоҷикистон ба пуррагӣ ба ин низоми таҳсил мегузаранд.