Оё мактаб аз хонандагони “душвортарбия” шона холӣ мекунад? ВИДЕО

Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 30 дар сади хонандагон баъд аз синфи 9-ум аз мактаб хориҷ мешаванд. Бархе бо хоҳиши худ, аммо як гурӯҳи дигар, ки сустхону душвортарбияанд, бо хости омӯзгорон тарки мактаб мекунанд. Бо ин роҳ, ба гуфтаи таҳлилгарон, мактаб аз бачаҳои камсаводу душвортарбия ва “дарди сарсоз” худро халос мекунанд.

Гурӯҳе аз ин наврасони ихроҷшуда ва бекор, барои худ дар кӯча машғулиятҳои дигаре пайдо мекунанд, ки паёмади хуб надорад.

Ин дар ҳолест, ки дар ин солҳои ахир ҳодисаҳои занозанӣ ва кордкашӣ миёни мактаббачаҳо зиёд сурат мегирад ва бархе аз инҳо талабаҳое ҳастанд, ки баъд аз синфи 9-ум аз таҳсил канор монданд. Дар чунин маврид мактаб ва омӯзгорон ниҳодҳои интизомӣ кашида мешаванд.

Бо сабту нашри як рэпи пуралам дар мавзӯи хориҷ шудан аз мактаб, баъди синфи 9-ум, Амирҷон – як рэпсарои ҷавони тоҷик аз муаллимону масъулини мактабҳо хостааст, ки хонандаҳоро новобаста аз камсавод ва густох будан, аз мактаб берун накунанд. Амирҷон, ки дар рэпсароӣ тахаллусаш “ЕМI B” интихоб кардааст, дар ин тарона сарнавишти худро қисса мекунад, ки ду соли пеш наздик буд, аз мактаб ихроҷ шавад.

Амирҷон

Амирҷон имтиҳони изофӣ ва махсусро хуб супурд ва дар мактаб монд. Аммо дарди садҳо хонандаи ихроҷшударо тавассути рэп баён кард. Ӯ мегӯяд, “имсол чандин дӯсту бародарро вохӯрдам, ки нороҳат буданд, чун онҳоро аз мактаб ихроҷ карданд. Мегуфтанд, барои бадхон будан ё авбошӣ берун шуданд. Хоҳиш карданд, ки ягон рэп дар бораи синфҳои 9-ум бихонем ва ман ҳам он қиссаеро, ки барои худам навишта будам, ба ин гурӯҳи бачаҳо бахшидам.”

Амирҷон дар таронааш мегӯяд, ихроҷи хонанда аз мактаб роҳи ҳал нест ва ба онҳо бояд имкон дода шавад ва ҳатман ислоҳ хоҳанд шуд. Дар акси ҳол, ба гуфтаи ӯ, онҳо бачаҳои хиёбониву авбош ва барои ҷомеа хатарнок мешаванд. Амирҷон аз ҳаёти чанд ҳамсолаш мисол меорад, “чандин нафарро медонам, ки аз мактаб хориҷ шуданд, вале дар хона нагуфтанд. Шарм карданд ё тарсиданд ва ҳамин тавр 2 сол аз хона гӯё барои таҳсил дар мактаб берун мешуду дар кӯчаҳо мегаштанд. Ду солашон беҳуда гузашт, волидон ҳам фақат баъди синфи 11, вақте шаҳодатномаи хатм набурданд, хабардор шуданд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оё мактаб аз хонандагони "камсавод ва душвортарбия" шона холӣ мекунад?

Ба Вазорати маориф ва илми кишвар ҳам шикояту муроҷиатҳо аз сӯйи хонандаҳое, ки мактаб мехоҳад маҷбуран онҳоро берун кунад, ворид мешавад. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, аксаран ин муроҷиатҳо, новобаста аз он, ки ӯ бад мехонад ё душвортарбия аст, ба манфиати хонанда ҳал мешавад ва онҳо барои таҳсил дар синфи 10 -11 барқарор мешаванд.

Ҷалолиддин Амиров, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз синфи 9-ум хонанда ихтиёр дорад, ки дар мактаб бимонад ё биравад. Вале меафзояд ӯ, омӯзгорон маъмулан ба хонандагони сустхон идомаи таҳсил дар омӯзишгоҳҳоро тавсия медиҳанд.

Ҷалолиддин Амиров афзуд, "ин масъалае, ки дар як ё ду мактаб аз ҷониби директор ва ё омӯзгор рух додааст, ба як шакли умумӣ ва ба тамоми ҷумҳурӣ рабт додан, дуруст нест. Ҳар хонандае, ки имрӯз дар муасиссаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, барои онҳо шароит фароҳам оварда шудааст ва ба онҳо фақат дар мактаб тавсия дода мешавад."

Масъулони литсейҳои техникӣ, ки маъмулан гурӯҳе аз бачаҳои ихроҷшударо ҳам волидон ба ин муассисаҳо меоранд, мегӯянд, аксари хонандагон пас аз хатми синфи 9 ба саводи ғайриқаноатбахш меоянд, аммо ислоҳшавандаанд. Зафар Бурҳонзода, мудири литсейи политехникии шаҳри Душанбе мегӯяд, агар онҳо дар ин синну сол аз таҳсил канор монанд, аз онҳо мешавад ҷинояткорро интизор шуд.

Ба гуфтаи Зафар Бурҳонзода, “онҳоеро, ки аз мактабҳо пас аз хатми синфи 9-ум ба литсейи мо ворид мешаванд, душвортарбия мегӯянд, лекин инҳоро душвортарбия гуфтан даркор нест, зеро танҳо сифати дониши онҳо паст аст. Бо инҳо бояд кор кард, муомилаи хуб кард. Дар тӯли 7 моҳи таҳсил дар литсейи мо, ҳудуди 85 дар сади онҳо ислоҳ мешаванд, хислаташон дигар мешавад, хонданашон дигар мешавад, сифати донишашон дигар мешавад ва ҳатто тарзи либоспӯшиашон дигар мешавад.”

Дар литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе ҳудуди 700 хонанда таҳсил мекунад. Теъдоде аз ин шумора хонандагоне ҳастанд, ки пас аз хатми синфи 9-ум аз мактаб хориҷ шудаанд. Комил Юлдошев ҳам яке аз онҳост. Комил мегӯяд, баъди ихроҷ шудан аз мактаб, дигар хоҳиши идомаи таҳсил надошт, аммо волидон ӯро маҷбур карданд. Ин ҷавон, ки қаблан аз мактабу омӯзгорон барои ихроҷ карданаш дар қаҳр буд, ҳоло бо хушҳолӣ мегӯяд, хуб шуд, ки ин таҳаввулот дар зиндагиаш сурат гирифт ва ӯ ҳам бо кӯмаки волидон тасмими дуруст гирифт.

Аммо на ҳамеша волидон имкон доранд ва метавонанд сари вақт тасмими дурусте дар робита ба ояндаи фарзанди аз таҳсил дур ва дар кӯчамонда бигиранд ва онҳоро ба касбомӯзӣ ҷалб кунанд. Гурӯҳе аз ин наврасони ихроҷшуда ва бекор барои худ дар кӯча машғулиятҳои дигаре пайдо мекунанд, ки паёмади хуб надорад.

Таҷриба нишон додааст, чандин ҳодисаи занозании гурӯҳии наврасон бо ширкати бачаҳое сурат гирифтааст, ки пас аз хатми синфи 9-ум аз таҳсил канору аз таълиму тарбия дур мондаанд. Аз ҷумла, дар муноқишаи пурсару садои гурӯҳии наврасону ҷавонон дар маҳаллаҳои 102 ва 103, ки бо куштор анҷом ёфту 20 нафар боздошт шуданд, ба гуфтаи омӯзгорон аксарият хонандагоне ҳастанд, ки аз таҳсил канор мондаанд.