Намояндагони баъзе аз ширкатҳои билетфурӯшӣ ва ҳавопаймоӣ гуфтанд, ки аз 18-уми март то 1-уми май парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия қатъ мешавад.
Ҳоли ҳозир дар сомонаи расмии ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон барои тақрибан якуним моҳи оянда харидани билети парвоз аз Душанбе ба Маскав имкон надорад. Дар сомонаи ширкати русии Utair низ навиштаанд, ки парвози ҳавопаймоҳоро дар хатти сайри Сургут-Хуҷанд-Сургут то 30-юми апрел боздоштаанд.
Вале то ҳанӯз Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр"-и Тоҷикистон дар бораи қатъ ё тағйирот дар ҷадвали парвозҳо ба самти Русия ва сарнавишти билетҳои харидаи мардум чизе нагуфтаанд.
Русия бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус даромадани шаҳрвандони хориҷиро ба қаламраваш аз 18-уми март то 1-уми май маҳдуд намуд.
Дастикам се корманди ширкатҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе рӯзи 17-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба онҳо огоҳии расмӣ дода шудааст, ки то оғози моҳи май ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Русия билет нафурӯшанд.
Фаридун Ҳалимов, корманди як ширкати билетфурушӣ дар Душанбе, гуфт: "Мардуми зиёд муроҷиат мекунанд. Бархе мехоҳанд, билетҳоро баргардонанд. Баъзеи дигар дар фикри тағйир додани санаи сафари худ ба Русия ҳастанд".
Ба гуфтаи Фаридун Ҳалимов, ҳоло маблағи мусофироне, ки билети ҳавопайморо харидаанд, баргардонда нашудааст ва билетфурӯшиҳо интизори иҷоза ва тасмими ниҳоии ширкатҳои ҳавопамоӣ дар ин маврид ҳастанд.
Як намояндаи ширкати "Уралские авиалинии" дар Душанбе дар суҳбати телефонӣ бе зикри номаш рӯзи 17-уми март гуфт: "То якуми май парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия қатъ мешавад ва онҳое, ки билет харидаанд, метавонанд маблағи худро пас гиранд ваё санаи парвози худро баъд аз 2-юми май интихоб кунанд. Аз тарафи Русия роҳ баста шудааст."
Намояндаи дигари ширкат гуфт, ки тавассути ҳавопаймоҳои онҳо дар як моҳ аз Тоҷикистон ба Русия 37 ҳазор нафар сафар мекунад.
Ин вазъият бархе аз шаҳрвандонро, ки дар оғози баҳор нияти ба Русия рафтану кор карданро доштанд, нигарон кардааст. Дилшод Нурбоев, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, бояд рӯзи 18- уми март тавассути ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" аз Хуҷанд ба Русия мерафт. Ӯ гуфт, ҷомадони сафараш пурра омода буд ва бояд имрӯз аз Душанбе ба Хуҷанд ва сипас ба Русия мерафт.
"Аммо аз расонаҳо хабардор шудам, ки сафари мо номумкин шудааст. Дар билетфурӯшиҳо гуфтанд, бо ин хатсайр танҳо шаҳрвандони Русия иҷозаи сафар доранд", - гуфт ӯ.
Лағви сафар ҳарчанд Дилшодро нороҳат кардааст, аммо мегӯяд вазъиятро дарк мекунад: "Як-ду моҳ нарафтем, ҳеч гап нест. Худо нишон надиҳаду коронавирус ба Тоҷикистон биёяд. Бояд маҳкам кунанд".
Вале муҳоҷирони дигаре ҳастанд, ки мегӯянд, дар якуним моҳи оянда мумкин аст кори худро дар Русия аз даст диҳанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, дар Русия ба ҳайси корманди ширкати такси ва ронандаи мусофирбар кор мекарданд.
Яке аз мусоҳибони мо дар Душанбе гуфт: "Бояд як ҳафта пеш огоҳ мекарданд, ки ҳар касе баромаданӣ аст, бояд равад. Марзҳоро якбора бастанд. Агар имкон мешуд, ҳоло мерафттем, хуб буд, чун ба кор даъват карда истодаанд. Агар дер кардем, шояд ба ҷойи мо каси дигарро гиранд."
Назари мусоҳибони дигарро дар инҷо бишнавед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 17-уми март бо нашри як хабар ба шаҳрвандон тавсия дод, ки бинобар маҳдудиятҳои вуруд ба Русия ба хотири коронавирус, аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд. Ҳукумати Русия рӯзи душанбе қарор кард, ки аз 18-уми март вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба хоки ин кишвар маҳдуд мекунад.
Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки
- ронандагони мошинҳои борбар
- сарнишинони ҳавопаймову қаторҳо
- шахсоне, ки барои рафтан ба кишвари севум аз фурудгоҳҳои Русия истифода мекунанд
- ва ё ба Русия ба муносибати вафоти наздикони хеш мераванд, шомили ин маҳдудиятҳо намешаванд.
Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки моҳҳои апрелу май мавсими баҳории рафтани муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия аст. Аксари онҳо ҳаққи шаҳрвандӣ ё санади иқомати доимӣ дар Русияро надоранд ва ин қарор роҳи онҳоро ба қаламрави ин кишвар муваққатан мебандад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта тақрибан ним миллион аҳолии кишвар ба хориҷа, аз ҷумла Русия рафтанд. Муҳоҷирони кории тоҷик соли гузашта ба воситаи бонкҳо ба кишвар тақрибан 2,7 миллиард доллар фиристодаанд ва ин бахши муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.