Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои ширкати "Уралские авиалиниии" иҷозати парвоз дар баъзе аз масирҳоро надоранд, аммо Русия аз тариқи фишор мехоҳад, ин самтҳо фаъол бошанд. Ба ин далел, ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ба парвози ҳавопаймоҳои "Уралские авиалинии" дар самти Перм – Душанбе ва Челябинск - Душанбе иҷозат надодааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти тоҷик мутмаинанд, ки Русия аз тариқи фишор мехоҳад бозори нақлиёти ҳавоии Тоҷикистонро зери назорат бигирад.
Вазорати нақлиёти Русия рӯзи 13-уми март аз Тоҷикистон талаб кард, ки ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Уралские авиалинии" иҷозат диҳад, вагарна аз чораҳои ҳамсон нисбат ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон кор мегирад. Вазорати нақлиёти Русия иддао кард, ки Тоҷикистон "бидуни огоҳии пешакӣ" ва "нақзи созишномаҳои байналмилалӣ" ба парвози ширкати "Уралские авиалинии" дар масири Перм - Душанбе иҷозат надод.
"Биёед, паритетро риоя кунем"
Азиз Набизода, муовини аввали раиси Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон, рӯзи 14-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Русия барои парвози ҳавопаймо дар ин хатти сайрҳо иҷозат надорад. "Ягон санад имзо нашудааст. "Форма М" гуфтанӣ гап ҳаст, умуман иҷозат надоранд. Аз тарафи Тоҷикистон дар ин хатти сайрҳо, на Челябинск, на Перм парвоз сурат намегирад. Аммо ҷониби Русия мегӯяд, мехоҳад парвоз кунад. Мо ба онҳо мегӯем, дар Созишнома паритет, яъне баробарӣ навишта шудааст. Биёед, паритетро риоя кунем", - шарҳ дод ӯ.
Ба қавли Набизода, парвози ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкати "Уралские авиалинии" хеле зиёд аст ва Русия паритет ё баробарпарвозиро риоя намекунад. Ба ин далел, Тоҷикистон мехоҳад, "ин бебандуборӣ танзим шавад".
То кунун ҷониби Тоҷикистон тасмими ниҳоиро нагирифтааст, аммо Азиз Набизода, муовини аввали раиси Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, барои парвози ҳавопаймо ба самтҳое, ки ҷониби Вазорати нақлиёти Русия иддао дорад, иҷозат намедиҳад: "Ҳоло кор мекунем. Феълан чизе гуфтан барвақт аст. Мумкин мисли худашон маҳдудияте, ки мекунанд, мо низ маҳдудият ҷорӣ мекунем ё ягон роҳро пайдо мекунем. Мебинем чӣ мешавад."
Тоҷикистон тоқат меорад, ё сар хам мекунад?
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Русия ба манзури ҳалли ин мушкил аз мақомоти тоҷик хостаанд, то рӯзҳои 22 ва 23-юми март барои музокирот ба Маскав бираванд ва то он муддат барои парвозҳои “Уралские авиалинии“ иҷозат бидиҳанд.
Тоҷикистон фақат ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад, ки аксаран ба Русия парвоз мекунанд.
Мақомоти тоҷик мутмаинанд, ки Русия аз тариқи фишор мехоҳад бозори нақлиёти ҳавоии Тоҷикистонро зери контрол бигирад. Онҳо мегӯянд, соле ду дафъа дар баҳору тирамоҳ, дар авҷи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷират, Русия аз ин гуна фишор кор мегирад.
Ҳамакнун вақт нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба фишори Русия то 22 ва 23-юми март тоқат меорад ва ё сар хам мекунад. Чун баҳсҳои қаблӣ нишон доданд, ки Тоҷикистон дар қиболи фишорҳои Русия ногузир аст ва ба хостаҳои ин кишвар тан медиҳад.
Се ширкати ҳавопаймоии русӣ дар бозори Тоҷикистон
"Ҷанги ҳавоӣ" миёни Тоҷикистону Русия аз охири соли 2016 гоҳ-гоҳе рӯ мезанад. Ин "ҷанг" баъди он оғоз ёфт, ки Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Ямал" аз фурудгоҳи "Жуковский"-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод.
Тарафи Русия мехост, ҳавопаймоҳои “Ямал” дар ҳафтае 7 бор ба пойтахту шимоли кишвар парвоз анҷом диҳад. Аммо тарафи Тоҷикистон мегуфт, бояд шумори парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар ҳафтае на беш аз ду бор бошад. Дар пайи забон наёфтанҳо, Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистонро ба минтақаҳои он кишвар манъ кард. Русия танҳо пас аз онки Тоҷикистон ба парвозҳои ин ширкат ба Душанбеву Хуҷанд ризоият дод, дарвозаи фурдгоҳҳояшро ба рӯи "Сомон Эйр" дубора боз намуд.
Тоҷикистон фақат ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад, ки аксаран ба Русия парвоз мекунанд. Аз ҷумла, ширкати “Сомон Эйр” ба 9 шаҳри Русия парвоз ва ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба 7 шаҳри Русия парвоз анҷом медиҳад. “Уралские авиалинии”, “ЮтЭйр” ва “Сибирские авиалинии” аз ширкатҳои русианд, ки дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистон ҳузур доранд.