Тоҷикистон аз амалиёти Русия дар Сурия ҳимоят кард

Сироҷиддин Аслов

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон расман аз амалиёти нерӯҳои Русия дар Сурия ҳимоят карда ва гуфт, ки ин амалиёт дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

Тоҷикистон расман аз амалиёти нерӯҳои Русия дар Сурия ҳимоят кард. Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 4 феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки ин амалиёти Русия дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ сурат мегирад ва ҳадафаш пуштибонӣ аз сокинони Сурия аст.

Ӯ афзуд, “ҳодисае, ки дар Сурия мегузарад, нишон дод, террорист макони мушаххас надорад ва таҳдид ба ҳамаи ҷаҳон аст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ба таври мусбат ба ширкати Русия дар ин ҳодисаҳо нигоҳ мекунад.”

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идома дар бораи равобити Душанбе ва Теҳрон низ сӯҳбат карда ва гуфт, ҳузури Муҳиддин Кабирӣ - раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзат дар ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” наметавонад муносибати ду кишварро сард кунад. Аммо гуфт ӯ, дар паҳлӯи намояндагони расмии Тоҷикистон ҷой додани нафаре, ки таҳти пайгарди байналмилалист, “аз рӯи муносибати бародарӣ набуд”.

“Вақте мо дар бораи мубориза алайҳи терроризм мегӯем, бояд стандартҳои дугона вуҷуд надошта бошад ва ҳамаи амалҳо шаффоф сурат бигирад,” – гуфт Аслов ва афзуд, “бовар дорем, ки дар оянда як нафар наметавонад монеи муносибатҳои ду кишвраи ҳамфарҳангу ҳамтаърих шавад.”

Сироҷиддин Аслов дар ин гуфтугӯяш бо хабарнигорон аз обшавии яхҳои миёни Тоҷикистону Узбакистон низ сӯҳбат кард. ӯ гуфт, солҳои охир равобити Тошканду Душанбе беҳбуд ёфтаанд ва онро ба мулоқоти моҳи сентябри соли 2014-и Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов бастагӣ дод. “Ин ниҳоят вохӯрии муҳим барои ду ҷониб буд,” - афзуд ӯ.

Сироҷиддин Аслов гуфт, аммо ҳанӯз баъзе мушкилот вуҷуд дошта, ҳалли онҳо дар сатҳи коршиносони ду кишвар баррасӣ мешавад. “Дар масъалаи нақлиёт ва транзит пешравиҳои хуб аст ва алакай дар сатҳи ин ниҳодҳо паст кардани тарифҳоро маслиҳат доранд. Аз ин тарифҳо нарху наво дар Тоҷикистон вобаста аст. Дар дигар бахшҳо, аз ҷумла савдо ва фарҳангу илм низ рафтуомад зиёд шудааст,” – гуфт Аслов.