ВКХ: "Дар ҳодисаҳои Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд"

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳодисаҳои ахири Туркия ҳеҷ яке аз шаҳрвандони кишвар осеб надидаанд. Шаби гузашта дар талоши гурӯҳе аз низомиён барои сарнагун кардани ҳукумат, даҳҳо нафар дар Туркия кушта шуданд.

Дар пасманзари ҳодисаи талоши кудато аз сӯи гурӯҳе аз низомиён дар Туркия, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз он шаҳрвандони кишвар, ки дар Туркия қарор доранд, тақозо кардааст, ки "бояд бисёр эҳтиёткор бошанд ва аз ҷойҳои таҷаммӯи мардум, дурӣ биҷӯянд."

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 16-уми июл бо пахши як хабарнома гуфт, ки ба сафорати кишвар дар Анқара ва консулгарӣ дар Истанбул супориш дода шудааст, ки ба ҳадафи таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия ба сар мебаранд, чораҳои зарурӣ биандешанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон айни замон мегӯяд, ки дар ҳодисаҳои ахири Туркия ҳеҷ яке аз шаҳрвандони кишвар осеб надидаанд. ВКД ҳамзамон бо нашри шумораҳои телефон ва суроғаҳои сафорат дар Анқара ва консулгарӣ дар Истанбул, аз шаҳрвандони кишвар тақозо кардааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ бо намояндагиҳои Тоҷикистон дар тамос шаванд.

Дар ҳамин ҳол, ҳавопаймои ширкати “Turkish Airlines” парвози субҳи имрӯз, 16-июро ба далели баста будани Фурудгоҳи байнулмилалии Отатурк дар Истанбул, ба таъхир гузоштааст. Як манбаъ аз ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймои ширкати “Turkish Airlines” мусофиронро шаб ба Душанбе расонд ва мебоист, субҳ дубора ба Туркия парвоз мекард, аммо бо далели вазъи ноором дар ин кишвар, парвоз дар ин масир ба таъхир афтод ва ҳоло ҳавопаймои ширкати “Turkish Airlines” дар фурудгоҳи Душанбе қарор дорад.

Аз ширкати “Сомон Эйр” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, охирин ҳавопаймои ин ширкат дирӯз аз Туркия ба Душанбе расид ва ҳоло дар мавриди парвози навбатӣ пас аз нисфирӯзӣ иттилоъ хоҳанд дод. Дар баробари ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон, ширкати “Turkish Airlines” низ ҳафтае дуборӣ аз Душанбе ва Хуҷанд ба Истанбул парвоз анҷом медиҳад.

Зебо Тоҷибоева, хабарнигори тоҷик мегӯяд, мебоист субҳи имрӯз тавассути ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” ба Туркия сафар мекард. Аммо масъулин гуфтаанд, ки парвоз ба таъхир афтодааст ва онҳо наметавонанд дар соати муайяншуда парвоз кунанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло аксари мусофирон, ки хориҷиҳо буданд, бо номнавис кардани рақамҳои телефони худ, аз назди фурудгоҳ дур шуданд. Масъулини ширкат ба мусофирон ваъда кардаанд, ки дар бораи парвоз пас аз соати 11 иттилоъ хоҳанд дод. Хонум Тоҷибоева мегӯяд, мусофирон дар фурудгоҳ зиёд буданд ва онҳо низ ин вазъиятро хуб дарк карданд ва касе эътирозе надошт. Зеро ба гуфтаи ӯ, касе намехост дар ин вазъият "риск" кунад.

Дақиқ нест, ки дар ҳоли ҳозир чӣ теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия ба сар мебаранд, аммо тибқи иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, аксари шаҳрвандони кишвар муқими Туркияро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Туркия ҳамчунин яке аз шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад ва даҳҳо тоҷири тоҷик бору колои худро аз ин кишвар ворид мекунанд ва пайваста тавассути парвозҳои "Turkish Airlines" ва Сомон Эйр" миёни ду кишвар дар рафтуо мебошанд.

Аз сӯи дигар, Туркия яке аз кишварҳои ҷаззоб барои ҷаҳонгардони дунё ба шумор меравад ва солона шумораи қобили мулоҳизае аз сайёҳони тоҷик аз он кишвар дидан мекунанд. Туркия ҳамчунин масири аслии мусофирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои аврупоӣ ба шумор меравад.

Гурӯҳе аз нерӯҳои низомии Туркия шаби ҷумъа ба шанбе талош карданд дар ин кишвар даст ба кудатои низомӣ бизананд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия субҳи шанбеи 16-уми июл эълон кард, ки кудато шикаст хӯрдааст ва ҳукумат вазъиятро дар контроли худ дорад.

Раиси ҷумҳури Туркия аз тарафдоронаш хост, ки то оддӣ шудани вазъият ба хонаҳояшон барнагарданд. Ӯ кудатро кори гурӯҳи хурде аз нерӯҳои артиш номид ва аз мардум хост, ки ба майдону кӯчаҳо биёоянд. Мақомоти Туркия мегӯянд, ки дар ҳодисаи ахир ҳади ақал 60 нафар кушта шуда ва 334 нафар боздошт шудаанд.