Дар Тоҷикистон ба "ҷосусӣ"-и Разоқов бовар надоранд

Дар Тоҷикистон мақомот ва ҳам доираҳои коршиносон аз иттиҳоме, ки ахиран дар нисбати муовини нахуствазири Қирғизистон Ҷениш Разоқов садо додааст, ки гӯё ӯ метавонад “як ҷосус ва ё гумоштаи Тоҷикистон” бошад, изҳори ҳайрат мекунанд ва бархе мегӯянд, ки ин метавонад як тавтеаи афроди манфиатҷӯ бошад.

Дар музокираҳо вай ҳатто зиёдаравӣ мекард ва гоҳ-гоҳ бо садои баланд суҳбат мекард. Вай сарсупурдаи кишвараш буд. Ва барои мо ҳам ҷосусии ӯ чӣ зарурат дошт?

Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 23 март навишт, ки бо исрори парлумони Қирғизистон хадамоти вижаи кишвар ба таҳқиқи хабарҳо дар атрофи исми Ҷениш Разоқов шурӯъ карданд. Роҳат Сулаймонов, намояндаи расмии КДАМ-и Қирғизистон гуфтааст, ки “таҳқиқ шурӯъ шуд” ва “дар бораи натиҷаҳои он маълумоти иловагӣ нашр мешавад”.

Разоқов: Иттиҳомот бепояву асос аст

Вакилони порлумони Қирғизистон зикр кардаанд, ки гуё “гумоштаи Тоҷикистон” будани Ҷениш Разоқовро аз навиштаҳои васоити ахбори Тоҷикистон дарёфт кардаанд. Матбуоти қирғизӣ навишт, ки соли 2016 вебсайти e-tadjikistan.org иддао карда буд, ки гӯё Разоқов замони раҳбари вилояти Ботканд буданаш дар солҳои 2010 “бар ивази пули калон ба ҷониби Тоҷикистон маълумоти ҷосусӣ медод”. Вале феълан чунин вебсайт дар интернет вуҷуд надорад.

Худи Разоқов дар вокунишаш ин иттиҳомотро бепояву асос хонда рад кард.

“Ин иттиҳомоти бепояву асос аст”, - гуфт ӯ дар сӯҳбат бо бахши Қирғизии Радиои Озодӣ. “Кадом ҷосус? Чӣ хел? Агар ман ҷосус мешудам, сохторҳои марбута кайҳо инро фош мекарданд. Ман панҷ сол дар мақоми раиси вилоят кор кардаам, бисёр муваффақиятҳо даст дод. Ин овозаҳоро ҳасудхӯрону душманон паҳн мекунанд”.

Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон ҳам рӯзи 25 март бо пахши изҳороте гуфт, ки ин иттиҳомот “бепояву асос ва дурӯғ” буда, “хусусияти таҳрикомез” дорад.

Таҳқиқи иттиҳомоти зидди Разоқов дар паи ҷаласаи рӯзи 20 марти парлумони Қирғизистон шурӯъ шудааст, ки дар он гузориши ҳукумат дар бораи музокироти панҷрӯзаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муноқиша дар марзи ду кишвар шунида шуд.

Дар муноқишае, ки рӯзҳои 13 ва 14 март дар минтақаи марзӣ рух дод, ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд. Сабаби муноқиша – мухолифати сокинони деҳоти тоҷикнишин ба сохтмони роҳе дар қитъаи марзии Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ буд.

Дар паи музокираи ҳайатҳо ба раҳбарии муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон – Азим Иброҳим ва Ҷениш Раззоқов, рӯзи 18 март дар протоколи муштарак гуфта шуд, ки ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи моҷаробарангези Оқсой-Тамдиқ идома медиҳад ва дар баробари он ба сокинони Тоҷикистон иҷоза мешавад, дар 2-километрии ҷанубтари ин қаламрав дар қитъаи роҳи Ворух-Сомониён-Исфара роҳи худро бисозанд.

Илова ба ин, қарор шуд, ки аз ҳисоби ходимони милисаи ду кишвар патрули муштарак созмон дода шавад, то ки ин гурӯҳҳо таъмини амниятро дар марз назорат кунанд. Посгоҳҳои марзӣ аз ин макон бардошта мешаванд. Инчунин ҷонибҳо дар нисбати ҳодисаҳои рухдода дар марз 7 парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла аз рӯи моддаи “куштор” боз карда, тафтиши муштаракро ба роҳ монданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раззоқов: "Мо кӯшиш мекунем, муносибат бо тоҷикон хуб шавад"

Сангинов: Дар музокираҳо ӯ сарсупурдаи кишвараш буд

Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара гуфт, ки ба иттиҳомоти зидди Разоқов шубҳа дорад. Ӯ гуфт, ҳеҷ гоҳ шоҳид нашудааст, ки ин мақом аз манфиати Тоҷикистон ҳимоят карда бошад. Ҷӯраев, ки ба мақомоти узви ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон наздик аст, рӯзи 25-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гуфтушуниди рӯзи 18-уми март масъалаҳои марзӣ бештар “на ба суди Тоҷикистон” анҷом шуд ва Ҷениш Разоқов ҳам ба манфиати Тоҷикистон “гузаште накард”. Ӯ гуфт:

“Агар дар музокирот ва дар протоколе, ки ба имзо расид, масъалаҳо як зарра ба фоидаи Тоҷикистон ҳал мешуданд ва ё муовини нахуствазири Қирғизистон гузаште мекард, мо ин иддаҳоро дуруст мешуморидем. Вале ҳамчунин амале аз ҷониби ӯ сурат нагирифтааст ва музокирот бар асоси протоколе, ки дар соли 2014 ба имзо расида буд, ҳаллу фасл шуд”.

Ғафурҷон Ҷӯраев гуфт, ки зоҳиран иттиҳомоти садодода баёнгари он аст, ки “як доираи алоҳида дар Қирғистон ҷонибдори натиҷаҳои ба даст омадани протоколи рӯзи 18 март нест”.

Соли 2013. Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд, дар мулоқот бо аҳолии Чоркӯҳ дар Исфара баъди як моҷаро дар марз

Ҷумъабой Сангинов, собиқ муовини аввали раиси вилояти Суғд, ки дар гузашта як узви ҳайати музокиротии Тоҷикистону Қирғизистон буд, рӯзи 25 март дар суҳбати телефонӣ аз Маскав гуфт, дар давоми чор соли собиқаи корӣ дар ин мақом ҳеҷ нишонаи инро, ки гӯё Разоқов як гумоштаи Тоҷикистон бошад, дарк накардааст:

“Сабаби чунин иддаҳоро дар дохили Бишкек бояд ҷуст, чунки дар гузашта ҳам ҳамингуна фикрҳо пайдо шуда буданд. Шояд рақибонаш чунин масъаларо доман мезананд. Дар музокираҳо вай ҳатто зиёдаравӣ мекард ва гоҳ-гоҳ бо садои баланд суҳбат мекард. Вай сарсупурдаи кишвараш буд. Ва барои мо ҳам ҷосусии ӯ чӣ зарурат дошт? Ҳамаи музокираҳо бар асоси харитаҳо сурат мегирифт”.

Як мақоми интизомии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шарти ошкор накардани номаш гуфт, хабар дар бораи ин ки гӯё соли 2010 Ҷениш Разоқов дар солҳои 2010, замони иҷро кардани мақоми раиси вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон боздошт шуда барои ҳамкорӣ бо сохторҳои интизомии Тоҷикистон розӣ шудааст, ҳақиқат надорад.

Даъват аз журналистон: "Боэҳтиёт бошед"

Бархе коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки аз овозаҳои бархоста атрофи номи муовини нахуствазир бӯи “моҷаро” меояд. Аз ҷумла, Бобоҷон Икромов, журналисти собиқадор аз вилояти ҳаммарз бо Қирғизистони Суғд гуфт, ин иддаҳоҳо ба ҷуз моҷароангезӣ миёни ду кишвари ҳамсоя дигар ҳадафе дар пай надоранд. Ин журналист гуфт, музокираҳои ҳафтаи гузашта баргузоршуда баъди муноқишаи марзӣ ва бар асоси баррасии санадҳои қаблан имзошуда сурат гирифт. Ӯ гуфт:

“Ман хеле дар ташвишам. Баҳсҳое, ки дар атрофи анклаваи Воруху Ботканд доман зада мешавад, метавонад ба моҷарои навбатӣ кашида шавад ва санадҳои бадастомада ночиз шаванд. Кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки доираҳои манфиатҷӯ ба ҳадафи худ нарасанд. Ман аз журналистони ҳарду кишвар хоҳиш мекунам дар навиштани баҳсҳо ва моҷарову муноқишаҳое, ки сар мезанад, боэҳтиёт бошанд”.

Бобоҷон Икромов

Бархе коршиносон дар дохили Қирғизистон моҷарои бархоста дар атрофи номи Ҷениш Разоқовро ба он рабт медиҳанд, ки дар дохили кишвар гурӯҳҳое аз сиёсатмадорон хостори лаҳни шадидтар дар баррасии масоили марзӣ бо Тоҷикистон ҳастанд ва зоҳиран изҳороти баъди музокироти худи Разоқов онҳоро хуш наомадааст.

Муовини нахуствазири Қирғизистон дар брифинге рӯзи 18 март дар Ворух гуфта буд, ки тавофуқҳои ҳосилшуда бо ҷониби Тоҷикистон "мутобиқ бо манфиатҳои ҳарду ҷониб" ҳосил шудааст. Разоқов гуфт, ки ҳарду ҷониб ҳам инро дарк мекунанд, ки бояд барои ҳалли мушкили мардум ва ҳам фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ бояд "тасмимҳои созанда" гирифта шаванд, то ки, ба гуфтаи ӯ, "чунин низоъҳо дигар ҳеҷ гоҳ такрор нашаванд".

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд. Ҳама гуна талошҳои сокинони наздимарзӣ дар заминаи бунёди роҳ ё лӯлаи об бо мухолифатҳои ҷониби муқобил рӯбарӯ мешавад ва ҳарду ҷониб ҳам кишвари ҳамсояро дар нақзи мувофиқаҳо ва протоколҳои дар гузашта имзошуда гунаҳгор мекунанд. Мунаққидон мегӯянд, ки кори комиссиюни аломатгузори марзи ду кишвар дар солҳои охир зиёд натиҷа надодааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наврӯзи ормонҳо. Гузориши вижа аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон