Давлати Тоҷикистон нигаронии амиқи худро аз ҳаводиси кишвари Украина баён дошт.
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 8-уми март зимни нишасти хабарӣ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Маскав гуфт, ки «Тоҷикистон аз ингуна шакл гирифтани вазъият дар кишвари ба мо дӯст (Украина) шадидан дар ташвиш аст».
Ҷаноби Аслов бо ишора ба бесуботиҳои сиёсии Тоҷикистон дар авоили даҳҳаи 90 қарни гузашта гуфт: «Барои мо ин гуна шакл гирифтани ваъият ошно аст. Тоҷикистон дар оғози соҳибистиқлолиаш кашмакашҳои сиёсиро таҷриба карда буд, ки кишварро дучори вазъи мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ кард. Ба назари мо муҳим он аст, ки ҳаводиси дар Украина гузашт, дарк шуда ба он баҳои одилона дода шавад. Ҳамчунин набояд гузошт, ки мухолифатҳо ва муқобилиятҳои низомӣ сурат бигиранд.»
Дар ин нишасти хабарӣ, ки ба хотири анҷомёбии нахустин сафари расмии Аслов ба симмати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Русия ороста шуда буд, Сергей Лавров вазири корҳои хориҷии Русия низ ширкат дошт. Ҷаноби Лавров ҳангоми ифтитоҳи ин нишаст гуфт, дар ин мулоқот вай бо ҳамтои тоҷикаш вазъи ояндаи Афғонистон пас аз хурӯҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз хоки ин кишварро якҷо бо дигар масъалаҳо баррасӣ карданд.
Лавров ҳамчунин ба масоили байналмилалӣ, аз ҷумла ҳалли бӯҳрони Украина дахл карда гуфт, Тоҷикистону Русия дар ин маврид мавқеи муштарак доранд: «Мо дар он маврид бо ҳам мувофиқем, ки экстремистон ва миллатгароҳои радликалро дар Украина, ки вазъро боз ҳам печида мекунанд, дастгирӣ кардан мумкин нест. Ҳамчунин мо бар онем, ки тавофуқоти рӯзи 21-уми ферал барои ҳалли бӯҳрон дар ин кишвар бо роҳи бесилоҳгардонии гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ва ташкили ҳукумати муросои миллӣ роҳро боз карда буд. Аммо мутаассифона бандҳои ин тавофуқот иҷро нашуданд.»
Оқои Лавров инчунин аз афзоиши гардиши молу коло миёни ду кишвар ибрози хушнудӣ карда афзуд, кишвараш дар соли 2013 ба Тоҷикистон ба қадри беш аз 1 миллиарду 200 миллион доллар сармоягузорӣ карда аст.
Сафари вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва мулоқоти ӯ бо Сергей Лавров дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки Тоҷикистон то ҳол дар робита ба рӯйдодҳои ахир Украина ва ҷудоиталабии нимҷазираи Қрим аз он изҳори назар накарда буд. Тибқи таҷрибаҳои қаблӣ Тоҷикистон дар ин гуна вазъиятҳо одатан аз изҳори назар кардан дар сатҳи расмӣ худдорӣ меварзад. Аммо чаро ин бор Тоҷикистон ба ин зуддӣ назараи хешро дар мавриди ҳаводиси Украина иброз дошт ва он ҳам дар Маскав?
Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, беҳтар аст Тоҷикистон дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ба ҷонибдории яке аз тарафҳо изҳори назар накунад: «Дар ҳамин вақту соат чунин мавқеъгирӣ кардани вазорати корҳои хориҷӣ хеле амалгароёна аст. Яъне Тоҷикистон ҷонибдории хешро на ба ин ва на ба он ҷониб то замони пура ба эътидол омадани вазият изҳор намекунад. Баъд аз оне, ки ба истилоҳ «чангу ғубор» нишаст пас аз он чизе гуфтан мумкин аст».
Ҷаноби Рашид Ғанӣ афзуд, ин ки давлатмардони Тоҷикистон хомӯширо дар барообари ҳаводиси Украина авло медонанд амалгароёна ва прогматик аст. Чун ба таъкиди Рашид Ғанӣ бо ин роҳ кишвар мехоҳад ба истилоҳ "на сих сӯзаду на кабоб".
Аммо дар ҳамин, ҳол бархе аз коршиносони мустақил мегӯянд, маҳз Маскав ҷониби Тоҷикистонро водор сохтааст то ки аз мавқеи Маскав дар нисбати ҳаводиси Украина як навъ ҷонибдорӣ кунад. Чун Тоҷикистон қаблан, дар моҷарои бо ин шабеҳи миёни Гурҷистону Русия аз ҳеҷ як ҷонибе тарфдорӣ накарда буд.
Русия баъд аз истифодаи ниру дар Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ маҳз бо чунин мавзеъгирии кишварҳои пасошӯравӣ рӯ ба рӯ шуда буд ва то ҳол ҳеҷ як аз ин кишварҳо, ҳатто наздиктарин шарикони стротегии Русия мисли Беларус ва Қазоқистон дар робита бо Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ аз Русия ҳимоят намекунанд.