Роҳи оҳан: "Муносибат бо ҷониби Узбакистон хуб шудааст"

Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе. 22 июни соли 2014.

Масъулони Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯянд, муносибати ин ширкат бо ҷониби Узбакистон беҳбуд ёфтааст.

Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон рӯзи 22 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки муносибат дар ин авохир бо ҷониби Узбакистон беҳбуд ёфтааст ва ҳаракати қаторҳо аз тариқи марзи кишвари ҳамсоя бидуни мушкил сурат мегирад.

Ба гуфтаи ҷаноби Қаландаров, агар қаблан мушкиле пеш меомад ва ҳалли он ба дарозо мекашид, ҳоло ҳатто бо як занги телефон ҳал мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки хабарнигорон ин суолро матраҳ кардаанд, ки ҳанӯз ҳам ҳодисаҳои манъ кардани қатораҳо ва азияти мусоифрон ба мушоҳида мерасад.

Аммо Усмон Қаландаров, гуфт, ки дар бештари маворид бархӯрди номуносиб бо мусофирон бо айби худи онҳо сурат мегирад. Чун бархе аз мусофирон қоидаҳоро риоя намекунанд ва ин ба он меорад, ки маъмурони кишварҳои ҳамсоя, ба хусус ҷониби Узбакистон онҳоро бозрасӣ мекунанд.

Изҳороти масъулони Роҳи Оҳани Тоҷикистон дар бораи беҳбуд ёфтани муносибат бо ҷониби Узбакистон дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Роҳи Оҳан, ба хусус Амонуллоҳи Ҳукуматулло, собиқ раиси ширкати Роҳи Оҳан, ҳамеша аз амалкарди ҷониби Узбакистон, шикоят мекард.

Роҳи Оҳан: "Боркашонӣ кам шудааст"

Масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯянд, ҳаҷми боркашонӣ тариқи роҳи оҳан кам шудааст. Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 22 июл зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ тариқи ширкати Роҳи Оҳан беш аз 3 миллиону 200 ҳазор тоннро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта беш аз 76 ҳазор тонна ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 3 миллиону 557 ҳазор тонна кам мебошад.

Ба гуфтаи ҷаноби Қаландаров, давоми нимсолаи нахусти соли ҷорӣ содироти мол кам, аммо воридот бештар шуда ва мизони воридот нисбат ба содирот ҳудуди 1 миллиону 900 ҳазор тонна ё беш аз 8 дарсад зиёд аст.

Ҳамзамон ба таъкиди ҷаноби Қаландаров, дар ин давра интиқоли мусофирон низ кам шудааст. Чун дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 211. 4 ҳазор мусофир бо қатораҳои Роҳи Оҳани Тоҷикистон ҳаракат кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14, 3 ҳазор мусофир кам аст.

Зимнан, аз Роҳи Оҳани Тоҷикистон ба самти Русия бо қатори "Душанбе - Маскав" ҳафтае се маротиба, "Хуҷанд - Маскав" ҳафтае як маротиба ҳаракат мекунанд.

Аммо мақомоти Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯянд, ба сабаби кам будани мусофирон, қатораҳои хатсайри "Душанбе - Конибодом" муваққатан боздошта шудааст, аммо дар дохили кишвар қатораи "Душанбе - Пахтаобод" ҳамарӯза дар ҳаракат аст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД