Орду гӯшти арзонтарин дар Тоҷикистонро дар куҷо меёбед?

Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи бозорҳои Тоҷикистонро омӯхта ба хулосае расидааст, ки маводи хӯрокаи арзонтарин дар Суғд ва гаронтарин дар Бадахшон аст.

Хадамот “Нархи миёнаи фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ ва сӯзишворӣ”, ки таҳти танзими давлат қарор доранд, аз моҳи май то июн тафтиш кардааст. Хадамот гуфтааст, ин нархномаҳое ҳаст, ки аз ҷониби давлат танзим мешаванд ва тоҷирон набояд аз қимате, ки нишон дода шудааст, гаронтар фурӯшанд.

Иддае аз сокинон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гуфтанд, ки воқеан нарх дар Суғд арзон ва дар Бадахшон гарон аст, вале нархҳои муқарраркардаи хадамот ба воқеият наздик нест. Натиҷаҳои таҳқиқи нархҳоро, ки хадамот дар ҳоле дар вебсайти расмиаш нашр кард, ки сокинон аз боло рафтани нархи гӯшт ва дигар маҳсулоти ғизоӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Радиои Озодӣ панҷ навъи маҳсулотро, ки сокинон аз ҳама бештар ба он эҳтиёҷ доранд, бо такя ба таҳлили Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар чаҳор минтақаи кишвар муқоиса кард. Бо такя ба маълумоти хадамот, фарқи нархҳои навъҳои гуногуни орд, аз ҷумла истеҳсоли дохилӣ ва берунӣ оварда шудааст, вале барои намуна дар ин гузориш танҳо нархи орди навъи якум ва истеҳсоли ватанӣ нишон дода шудааст.

Муқоисаи қимати орд

50 килограм орди истеҳсоли ватании навъи якум дар Душанбе 175 сомонӣ нарх доштааст. Орди воридотӣ ба гуфтаи хадамот, 187 сомонӣ ҳаст. Сокинон мегӯянд, дар асл дар бозор ин навъҳои орд аз 10 то 15 сомонӣ гаронтар аст. Дар вилояти Суғд, ки роҳи наздик ба Қазоқистон, кишвари аслии воридкунандаи орду гандум ба Тоҷикистонро дорад, орди истеҳсоли дохилӣ, масалан, навъи якум 157 то 180 сомонӣ будааст, ки дар қиёс ба дигар гӯшаҳои Тоҷикистон арзонтар аст.

Дар Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, ки аз марказ дур аст, нархи 50 кг орди навъи якум то 190 сомонӣ зикр шудааст. Аз миёни маҳсулоти истеъмолӣ танҳо нархи гӯшт дар Бадахшон дар қиёс ба дигар минтақаҳо арзонтар аст. Иддае аз сокинони Бадахшон мегӯянд, воқеан нархи гӯшт дар вилоят арзонтар аст. Ба гуфтаи онҳо, аз як тараф талабот ба гӯшт зиёд нест ва аз сӯи дигар бештар дар бозорҳо гӯшти чорвое фурӯхта мешавад, ки аз забҳаш чанд рӯз гузаштааст. Як корбари саҳифаи Инстаграми Радиои Озодӣ навишт, ки ҳоло дар бозорҳои ноҳияи Рушон ва шаҳри Хоруғ гӯшт камёфт аст. Ба навиштаи теъдоди дигаре аз корбарон қиматҳое, ки хадамот нишон додааст, аз нархҳои воқеӣ дар бозорҳо пасттар аст.

Нархи гӯшт дар минтақаҳои Тоҷикистон

Як килограм гӯшт дар Душанбе аз 40 то 46 сомонӣ, дар Хатлон 41 то 49 сомонӣ, дар Суғд 40 то 45 сомонӣ бошад, дар вилояти Бадахшон аз 35 то 38 сомонӣ мебошад. Сокинони шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо мегӯянд, нархи гӯшти беустухон ва беизофаи равған аз 50 сомонӣ бештар аст. Нархнома бар асоси омӯзишест, ки то 25-уми июн, тақрибан ним моҳ пеш анҷом шудааст.

Нархи аслии ин навъи маҳсулот дар маҳали зисти шумо чанд аст? Дар поварақи ҳамин гузориш ва ё саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нависед: