Озодии матбуот дар Тоҷикистон як зина пойин рафтааст

​Тоҷикистон дар раддабандии нави “Индекси озодии матбуот”-и созмони “Хабарнигорони бидуни марз” як зина поён рафта, дар мақоми 116-ум ҷой гирифтааст.

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, мақараш дар Порис, “Индекси озодии матбуот -2015”-ро нашр кард. Дар раддабандии имсолаи озодии матбуот Тоҷикистон дар байни 180 кишвар дар зинаи 116-ум, дар байни Қатару Мали ва Алҷазоир ҷой гирифтааст. Як сол пеш Тоҷикистон аз нигоҳи озодии матбуот дар мақоми 115-ум буд. Баҳои умумии Тоҷикистон дар раддабандии имсола 36,19 аст, ки назар ба як соли пеш 1,33 нуқта фарқ мекунад.

Тоҷикистон аз лиҳози озодии матбуот дар Осиёи Марказӣ танҳо аз Қирғизистон, ки дар “Индекси озодии матбуот-2015” дар зинаи 88-ум ҷой гирифтааст, ақиб мемонад. Кишварҳои дигари минтақа дар зинаҳои хеле поёнии ин раддабандӣ қарор доранд. Қазоқистон, барои мисол,дар мақоми 160, Узбакистон 166 ва Туркманистон дар зинаи 178-ум, яъне аз поён дар ҷои сеюм ҷой гирифтаанд.

Аз Туркманистон пойинтар дар ин раддабандӣ танҳо Кореяи шимолӣ ва Эритрея ва аз он болотар Чину Сурия ҷойгир шудаанд.

“Хабарнигорони бидуни марз” дар панҷгонаи озодтарин кишварҳои дунё аз лиҳози озодии матбуот 5 кишвари қораи Аврупо – Финландия, Норвегия, Дания, Ҳолланд ва Шветсияро ҷой додааст. Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ баландтарин мақомро дар ин раддабандӣ кишварҳои соҳили Балтик ба даст овардаанд. Эстония, барои мисол, дар зинаи 10, Литва дар зинаи 28 ва Латвия дар мақоми 31-ум ҷой гирифтаанд.

“Хабарнигорони бидуни марз” мегӯяд, озодии матбуот дар як соли гузашта дар ҳамаи 5 қораи дунё рӯ ба пасрафт овардааст. Муаллифони гузориш ҷангҳо, хушунатҳо дар ҷараёни гирдиҳамоиҳо, таҳдиди мақомот ва бӯҳрони иқтисодиро аз омилҳои асосии ин пасрафт ном мебаранд. Бино ба ҳисоби “Хабарнигорони бидуни марз” дар соли 2015 алакай 40 журналист кушта ва 130 тан аз аҳли матбуот зиндонӣ шудаанд. Дар соли 2014 шумори журналистони кушташуда 71 нафар будаанд.

Дар шарҳи вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон “Гузоришгарони бидуни марз” ба ин нукта ҳам таъкид кардаанд, ки дар соли 2014 дар ин кишвар, хушбахтона, ягон журналист ҷон набохтааст.

Аммо ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки ду журналист дар Тоҷикистон пушти панҷара боқӣ мемонанд. Муҳаммадюсуф Исмоилов бо иттиҳоми қаллобӣ дар соли 2013 ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар моҳи август бо ҷурми тақаллуби шаҳодатномаи таваллуд Аминҷон Гулмуродзода, гузоришгари маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон низ ба 2 соли зиндон маҳкум шуд.

“Гузоришгарони бидуни марз” дар ин раддабандӣ танҳо бо зикри баҳои умумӣ ва мақоми кишварҳои иктифо карда, ба ҷузъиёти вазъи озодии матбуот дар кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон напардохтааст. Вале маҳдуд будани дастрасии хабарнигорон ба манобеи маълумоти расмӣ, пайваста маҳдуд ё масдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи мушкилоти умдаест, ки ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии баён ва матбуот пойин мебарад.