Субот дар Тоҷикистон якбора бадтар шудааст

Душанбе баъди ҳамлаи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябр.

Тоҷикистон дар Шохиси ҷаҳонии сулҳ 13 зина поин лағжид. Ақибнишинӣ аз демократисозӣ, рукуди иқтисодӣ ва муноқиша хатарҳоро ба суботи кишвар бештар кардааст.

Як пажӯҳишгоҳ дар Бритониё мегӯяд, авҷ гирифтани худкомагӣ, афзоиши хатари муноқишаҳои дохилӣ ва рукуди ҷидди иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар соли 2015 сабаб шуд, ки ҷойи кишвар дар Шохиси ҷаҳонии сулҳ бисёр поин равад.

Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ рӯзи 8-уми июн бо нашри шохиси нав дар соли 2016 гуфт, ҳамин омилҳо ва аз ҷумла ошӯби мусаллаҳонаи Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ дар моҳи сентябр сабаб шуд, ки Тоҷикистон дар Шохиси нави ҷаҳонии сулҳ дар соли 2016 дар зинаҳои поинтар ҷой дода шавад.

Дар тамоми минтақаи Авруосиё аз ҳама бештар вазъи амниятии Тоҷикистон ва Украина дар соли гузашта бадтар шудааст. Тоҷикистон, ки соли 2015 дар Шохиси ҷаҳонии сулҳ дар мақоми 108 буд, якбора 14 зина поин омадааст ва байни 163 кишвару қаламрав дар мақоми 122 ҷой гирифтааст.

Стив Киллелеа, муассис ва мудири иҷроияи Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ дар рӯзи 8-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди онки Тоҷикистон соли гузашта барои маъмуриятҳои сулҳофарии Созмони Милал пули бештар додааст, вале муноқишаҳои дохилӣ ва талафот дар натиҷаи он, дар кишвар зиёд шудааст.

Амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит. Сентябри соли 2015.

“Яке аз тағйироти мусбат, кӯмаки молӣ барои маъмуриятҳои сулҳофарии Созмони Милал аст. Кишвар дар ин замина ба тааҳҳудоташ амал карда ва қадами бузурге ба пеш ниҳод. Вале маргумир дар натиҷаи фаъолияти созмонҳои муташаккили ҷиноӣ ва муноқишаҳои дохилӣ зиёд шуд. “ гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Моҳи сентябри соли гузашта дар натиҷаи ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ ва дар давоми 12 рӯзи амалиёт алайҳи гурӯҳи ӯ 14 маъмури амниятӣ ва 25 узви гурӯҳ бо шумули худи Назарзода кушта шуданд.

Як омили дигар бадтар шудани авзоъи амниятӣ дар Афғонистон аст, ки тирамоҳи соли гузашта Кундуз як шаҳри марзии он барои муддате ба тасарруфи Толибон гузашт ва сабаб шуд, то мақомоти Тоҷикистон тадобири амниятиро тақвият бахшанд ва ба марз нерӯҳои изофӣ бифристанд.

Худи мақомоти кишвар низ афзоиши таҳдид ба амнияти Тоҷикистон бахусус аз тарафи гурӯҳҳои тундравро эътироф мекунанд. Аз ҷумла вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки дар як соли охир аз 50 амали террористӣ ҷилавгирӣ кардааст, ки аксари онро аъзои "Давлати исломӣ" тарҳрезӣ намудаанд. Дар кишвар дар як соли ахир беш аз 600 ҷинояти хусусияти террористидошта сабт шудааст.

Бо вуҷуди ин Тоҷикистон дар Шохиси сулҳи соли 2016 аз Қирғизистон ду зина болотар ҷой гирифтааст. Қазоқистону Туркманистону Узбакистон аз Тоҷикистон пешанд.

Муаллифони Шохиси ҷаҳонии сулҳ вазъи 163 кишвар ва қаламрав дар саросари ҷаҳонро таҳқиқ кардаанд ва Сурияро нооромтарин кишвар дар ҷаҳон номидаанд. Афғонистони ҷангзадаи ҳамсоя, ки садои тирандозиҳо аз онҷо дар ноҳияҳои марзии Тоҷикистон ҳам шунида мешавад, ҳамчунон дар поини ҷадвал ва се зина болотар аз Сурия дар мақоми 160-ум ҷой гирифтааст.

Ба қавли Стив Киллелеа, идомаи ҷангу хунрезиҳо бахусус дар Ховари Миёна ва Африқо сабаб шудааст, субот дар саросари ҷаҳон дар соли 2015 андаке бадтар шавад ва агар бозигарони аслӣ дар ҷомеаи байналмилал барои таъмини субот талоши бештар ба харҷ надиҳанд, мумкин аст, ин тамоюли манфӣ идома кунад.

Сурия нооромтарин кишвари дунё будааст.

“Мо маълум кардем, ки субот дар кишварҳои ором бештар тақвият меёбад ва кишварҳои ноором, нооромтар мешаванд. Мо интизор дорем, ки ин тамоюл соли 2016 ҳам идома меёбад. Агар роҳи ҳалли муноқиша дар Сурия ва Ироқро бо ҷалби мардуми суннимазҳаб пайдо кунанд, дар он сурат мумкин аст, субот дар ҷаҳон беҳтар шавад, вале агар ҷанг дар Сурияву Ироқ идома ёбад, мо интизор дорем, суботи ҷаҳонӣ боз ҳам бадтар шавад, зеро мумкин аст, муноқиша дар он ду кишвар ба кишварҳои дигар паҳн шавад.” – гуфт, Стив Киллелеа.

Шохиси ҷаҳонии сулҳро бо санҷидани суботу амният дар ҷомеа, муноқишаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва мусаллаҳшавии кишварҳо омода мекунанд ва нахустин шохисро соли 2008 нашр карданд.

Вазъи иқтисодӣ, тавоноии ҳукуматҳо барои таъмини адолати иқтисодӣ ва адолати иҷтимоӣ, фарҳанги сиёсӣ, равобити ҳасана бо ҳамсоягон, эҳтиром ба қонун, озодии баён аз омилҳои муҳими дигарест, ки ба инобат гирифта мешавад. Исландия дар ин заминаҳо соҳиби баландтарин баҳо шудааст ва ба гуфтаи муаллифони Шохиси ҷаҳонии сулҳ оромтарин кишвари дунёст.