Зиндагии тоҷикону қирғизҳои Аличур дар аксҳо
Хӯроки ин мардум маъмулан аз ҷурғот, қаймоқ ва панир ва гушт иборат аст. Маҳсулоти дигари хурданӣ ҳама аз дигар ҷо оварда мешавад.
Як тоҷири маҳаллӣ дар назди меҳмонсарои худ. Барои субҳона дар ин меҳмонсаро ҳасибҳои истеҳсоли Эрон ва тухм, ки аз Душанбе оварда шудааст, пешкаш мешавад. Инҷо ҳатто як ҳамоми хурд низ вуҷуд дорад.
Кӯдакон дар Аличур.
Як муаллим дар китобхонаи маҳаллӣ.
Замир -- як зани солхӯрда аз Аличур. Вай аз ҷумлаи насли аввалини кӯчманчиҳост, ки тавассути ҳукумати шӯравӣ дар инҷо ҷобаҷо карда шуданд.
Гурӯҳе аз сайёҳони белгиягӣ дар ин меҳмонсаро.
Гурӯҳе аз занони деҳа дар меҳмонсаро юртро паҳн мекунанд. Юрт як навъи қолини қирғизӣ аст, ки аз сӯи занони маҳаллӣ тариқи дастӣ дӯхта мешавад.
Ин зан барои пешбурди зиндагии хонаводаи худ қолинбофӣ мекунад ва ба сайёҳони хориҷӣ пешниҳод менамояд.
Номи ин кӯча ба забони тоҷикӣ ва қирғизӣ навишта шудааст. Маъмулан дар инҷо забони тоҷикӣ истифода мешавад. Дар пушти ин кӯҳҳо Афғонистон ҷой гирифтааст.
Як мошини борбари чинӣ дар роҳ ба сӯи Аличур. Онҳо бо убур аз ин роҳ, борҳои худро ба Душанбе --пойтахти Тоҷикистон мерасонанд.