Нахустин парвозҳои мустақим миёни Душанбеи Тоҷикистон ва Лоҳури Покистон рӯзи 6 майи соли ҷорӣ анҷом хоҳад шуд. Ин хабарро масъулони ширкати "Сомон Эйр" рӯзи 27 апрел дар суҳбат бо Озодӣ тасдиқ карда ва гуфтанд, ки роҳандозии парвозҳо бо сафари Навоз Шариф - нахуствазири Покистон - ба Тоҷикистон мусодиф ё рост омадааст.
Оқои Шариф дар оғози моҳи май дар оғози сохтмони хатти интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, маъруф бо номи CASA-1000, иштирок хоҳад кард.
Темур Бандишоев, сухангӯи ширкати “Сомон Эйр”, гуфт, парвозҳо дар масири Душанбе-Лоҳур ҳафтае ду бор, дар рӯзҳои душанбе ва ҷумъа анҷом шуда, нархи билет аз Душанбе то Лоҳур 177 евро ва аз Лоҳур ба Душанбе 133 евро будааст.
Ин нахустин парвози мустақим аз Тоҷикистон ба Покистон аст. Ба гуфтаи Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр”, қаблан ин ширкат ба Карочии Покистон парвозҳои “чартерӣ” анҷом дода, аммо дар пайи нооромиҳо дар Афғонистон ва имкони таҳдид ба амнияти мусофирон ин парвозҳо қатъ шудаанд. Кенҷаева гуфт, ки дар мавриди ифтитоҳи хатти сайри масири Душанбе-Исломобод, пойтахти Покистон миёни ширкатҳои ҳавоии ин ду кишвар гуфтугӯҳое сурат гирифта, аммо то ҳол ин тарҳ амалӣ нашудааст.
Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, ба хабаргузориҳои Покистон гуфтааст, ки парвози мустақим ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва равобити сокинони ин ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Ба қавли Ҷононов, ҳоло ҳар моҳ аз роҳҳои заминӣ тавассути Афғонистон ва парвозҳои ғайримустақим беш аз 100 шаҳрванди Покистон ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
Аз рӯи ҳисоби ӯ, ҳоло аз тариқи парвози ғайримустақим ба Тоҷикистон шаҳрвандони Покистон 120 ҳазор рупия (1150 доллар) сарф мекунанд, ки дар сурати шурӯи парвозҳои мустақим арзиши сафари онҳо ба Душанбе 3,5 баробар коҳиш хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, шаҳрвандони хориҷӣ низ метавонанд аз масири Душанбе-Лоҳур барои сафар ба кишварҳои Осиёву Аврупо истифода кунанд. Масалан, шаҳрвандони Русия, ки дар лоиҳаи сохтмони хатти лӯлаи газ аз Карочӣ ба Лоҳур кор мекунанд, аз ин хатти сайр истифода кунанд. Зеро миёни шаҳрҳои Русия ва Лоҳури Покистон парвози мустақим вуҷуд надорад.
Соли 2014 зимни сафари Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ба Душанбе ду тараф аҳд карда буданд, ки табодули молро дар се соли оянда ба 500 миллион доллар бирасонанд, вале ноамнӣ дар Афғонистон мизони тиҷоратро байни ду тараф кам кардааст. Ваъдаи ду тараф барои боз кардани хати сайри Душанбе-Исломобод ҳам иҷро нашуд.
Айни замон дар Тоҷикистон тақрибан 40 ширкати покистонӣ фаъолият мекунанд ва аз Покистон ба Тоҷикистон аксаран маводи ғизоию мева ворид мешавад.
Дар гузашта ин кишвар яке аз таъминкунандаҳои асосии семент ба Тоҷикистон буд, вале дар пайи бунёди чанд корхонаи семент дар кишвар ин бозори Покистон то ҳадде сард шудааст.