Мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки ҳузури, ба гуфтаи онҳо, "афроду гурӯҳҳои ҷинояткор" дар ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) маҳкум шавад. Ин пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон рӯзи 8 декабр дар изҳороти якҷояи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар шаҳри Ҳамбурги Олмон қабул шудааст.
"Дар пайи ин вазъ ҳайатҳои Қирғизистону Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки нишастро тарк кунанд. Мо чунин ҳодисаҳоро ғайри қобили қабул медонем."
Дар ин изҳорот, ки нусхаи он дар вебсайти ОДКБ, созмони таҳти назари Русия, нашр шуд, гуфта мешавад, "аз вазъи пешомада дар ҳамоиши ченакҳои инсонии САҲА дар Варшава амиқан дар ташвишем, чун ба афроде, ки барои аъмоли ҷиноиашон дар Қирғизистону Тоҷикистон маҳкум шудаанд, имкони ҳузуру суханронӣ додааст. Дар пайи ин вазъ ҳайатҳои Қирғизистону Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки нишастро тарк кунанд. Мо чунин ҳодисаҳоро ғайри қобили қабул медонем."
"Ҷинояткорон", яъне кӣ?
Ҷониби Тоҷикистон дар шарҳи пешниҳодаш аз кадом гурӯҳу афроди мушаххас ном набурдааст. Вале дар нимаи дувуми моҳи сентябри имсол аъзо ва тарафдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат ва "Гурӯҳи 24" бо баргузории ҳамоиши эътирозӣ дар Варшава, пойтахти Лаҳистон, хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати ҲНИТ шуданд.
Баъдан, ин гурӯҳ вориди толоре гардид, ки дар онҷо ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодии инсон бо иштироки мансабдорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла омбудсмен Зариф Ализода ҷараён дошт. Эътирозгарон дар тан либосеро бо аксҳои аъзои маҳкумшудаи раёсати ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ доштанд ва дар канори толор қарор гирифтанд.
Баҳси тунди мухолифон бо мақомот
Баҳси тунде, ки дар ин ҷаласа ҷараён гирифт, мавриди нороҳатии ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон шуд ва пас аз ду рӯзи ҷаласа бо пахши изҳороте онҳо толорро тарк намуданд. Ба нишони ҳамраъйӣ бо ҳукумат ва ҳам маҳкумияти амалкарди мухолифон, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд гурӯҳи "ҷавонони фаъол" дар назди дафтари САҲА эътироз ва ба манзили баъзе аз намояндагони мухолифон сангандозӣ карданд, ки наздиконашон дар Варшава ҳузур доштанд.
Дар ҳоле ки мухолифони тоҷик дар хориҷа иддао доранд, ки гуноҳ содир накардаанд ва қазияашон сиёсист, Маҳмадризо Халифазода – сухангӯи Додситонии кулл – рӯзи 9 декабр гуфт, "аксари аъзои ин гурӯҳҳо дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доранд". Вай афзуд, "кишварҳо бар асоси санаде, ки ба имзо расондаанд, вазифадоранд, дар сурати пайдо шудани ин ҷинояткорон таслими Тоҷикистон кунанд."
Юсуфов: Кафолати амният тақрибан вуҷуд надошт"
Ҳуқуқшиноси тоҷик Абдуқаюм Юсуфов пешниҳоди мақомоти тоҷикро дар хусуси "маҳкум кардани ҳузури ашхос ва гурӯҳҳои ҷинояткор дар ҳамоишҳои САҲА" ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар донист. Вай бо таваҷҷуҳ ба ҳамоиши моҳи сентябри САҲА дар Варшава гуфт, "ҳамроҳи ҳайати ҳукуматӣ намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ низ ҳузур доштанд ва гуруҳи эътирозгар ба таҳқиру дашноми намояндагони Тоҷикистон пардохтанд ва кафолати амнияти онҳо тақрибан вуҷуд надошт."
Баъди ду моҳи нишасти пурсарусадои САҲА дар Варшава бо иштироки аъзои мухолифони тоҷик ҳайати расмии кишвар дар ҷаласаи навбатии созмон дар Тошканд дар моҳи ноябр иштирок накард. Абдуқаюм Юсуфов аз ҷумлаи намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ мебоист дар ин нишаст иштирок мекард, вале гуфт, "ба далели худдории ҳайати давлати Тоҷикистон аз ширкат дар ин форум, маркази САҲА дар Душанбе низ ба хотири риояи тавозун коршиносони ҳуқуқии Тоҷикистонро ба ин нишаст даъват накард".
Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси мустақили тоҷик, мегӯяд, аксар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар дохили низоми сиёсии худ мушкил доранд ва намехоҳанд, ки дар минбарҳои кишварҳои хориҷӣ дучори эътирозу митингҳои шаҳрвандонашон ё мухолифонашон шаванд. Ӯ гуфт, "Тоҷикистон зарур шуморид, ки чунин пешниҳод кунад, то эътирозҳое (ба мисли нишасти САҲА дар Варшава ва дар дигар кишварҳо) аз минбарҳои созмонҳои ҷаҳонӣ ё камтар шавад ва ё аслан нашавад."
Қаҳри Қирғизистон
Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон низ аз иштироки намояндаи мухолифин дар ҳамоиши САҲА изҳори нороҳатӣ карда ва таҳдид намуда буд, ки мақоми созмонро поин мебарад. Мира Карибоева, раҳбари ҳайати Қирғизистон дар ҳамоиши моҳи сентябри Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, зимни суханронии Қодирҷон Ботиров - як мухолифи қирғиз толори маҷлисро тарк кард. Ӯ бо изҳори норизоӣ ба САҲА гуфт, ин созмон ба нафаре минбар медиҳад, ки бо айби барангехтани адовати миллӣ ва анҷоми ҷинояти ниҳоят вазнин ғоибона маҳкум шудааст.
Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз созмонҳои муҳими ҳамкори Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар ин кишвар соли 1994, замони ҷанги дохилӣ шурӯъ кард. Нақши ин созмон дар бозгардондани муҳоҷирони тоҷик ба манзилҳояшон, кумаки молӣ дар барқарории баъдиҷангӣ, роҳандозии тарҳҳои мухталифи марбут ба рушди демократия, мубориза бо терроризу ифротгароӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат дар таъмини баробарии ҷинсӣ намоён будааст.