“Мардум дар бораи ӯ чӣ мегӯянд?”. Ин суол яке аз пурсишҳое аст, ки аз ин баъд тибқи он кори хизматчиёни давлатӣ баҳогузорӣ мешавад. Баҳогузорӣ тибқи қоидаҳои хосе сурат мегирад, ки бо фармони раисҷумҳур тасдиқ шудааст.
Раҷабмурод Толибов, роҳбари шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Оҷонсии хизмати давлатӣ рӯзи дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, назари мардум пеш аз ҳама дар робита ба одобу рафтори хизматчиёни давлатӣ ба инобат гирфита мешавад.
“Баҳодиҳии хизматчиёи давлатӣ бо ду роҳ сурат мегирад. Нахуст бо роҳи аттестатсия. Дуввум ҳар сол дар моҳи декабр фаъолияти хизматчиёни давлатӣ таҳти баҳодиҳӣ қарор дода мешавад. Дар ин ҷо назарасанҷии мардум дар нисбати одобу рафтори хизматчиёни давлатӣ ба инобат гирифта мешавад“ – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ нисбати рафтори кормандони давлатӣ агар матбуот нашр шуда бошад ва ё аризае дар бораи корманд ворид шуда бошад, ҳатман дар тавсифномаи хизматчии давлатӣ зикр мешавад.
Арзёбии хизматчиёни давлатӣ ҳар сол то моҳи декабр анҷом мешавад, бар асоси гузориши худи хидматчии давлатӣ дар робита ба фаъолияти кориаш ва баҳои шӯъбаи кадрҳо сурат мегирад. Бар пояи гузориши худи хизматчии давлатӣ ва маълумоти шӯъбаи кадрҳо, ки аз ҷумла назари мардумро низ дар робита ба корманди давлатӣ дар бар мегирад ба ҳар хизматчии давлатӣ баҳои “панҷ”, “чор”, “се”, ду” гузошта мешавад.
Ин баҳоҳо зинапояи карйераи ҳар хизматчии давлатиро метавонад, ба самти боло ва ё поён тағйир диҳад. Чунки баъди арзёбӣ шӯъбаи кадрҳо хизматчии давлатиро метавонанд, ба мансаби баландтар пешбарӣ кунанд ва ё баръакс.
Иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар аксарияти маврид шаҳрвандон дар сурати дучори бадрафтории мансабдорон давлатӣ ҳам шуда бошанд, хаттӣ шикоят намекунанд чунки бар ин бовар ҳастанд, ки назари онҳо ба инобат гирифта намешавад ва инро як кори беҳуда медонанд. Сорбон Ҳоҷиев сокини Душанбе мегӯянд, дар бисёр маврид хосатан ҳангоми дарёфт кардани ин ва ё он ҳуҷҷат дучори дағалии масъулон мешавад.
Аз шикоят кардан чӣ фоида, ба кӣ дар кор аст он.
“Аз шикоят кардан чӣ фоида, ба кӣ дар кор аст он. Тавре мегӯянд, макун бозӣ ба арбоб кӣ мезанад ба ҳар боб” –гуфт Сорбон.
Чанде аз сокинони Душанбе ҳам гуфтанд, ки роҳбарони вазорату идораҳо ва ниҳодҳои давлатиро умдатан намешиносанд, то ки донанд ба куҷо ва кӣ шикоят баранд.
Парвиз Муллоҷонов таҳлилгари тоҷик мегӯяд, аксу суҳбатҳои вазирону роҳбарони ниҳодҳои давлатиро умудатан расонаҳои мустақил нашр мекунанд, вале мардум ба хондани газетаву матнҳои онлайн иштиёқи чандоне надоранд:
“Мардум бештар телевизион тамошо мекунанд. Аммо телевизионҳои ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон акс ва ё суҳбатҳои вазирон, аъзоёни ҳукумати Тоҷикистонро нишон намедиҳанд. Аз ин рӯ, мардум вазирони кишвари худро намедонанд”.
Телевизионҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, ки бахши аъзами мардуми кишвар ба он дастрасӣ доранд, дар як сол як ва ё ду маротиба ҳангоми нишастаҳои матбуотӣ симои вазирон ва ё раисони кумитаҳоро нишон медиҳанд. Аммо боз ҳам ин гуна гузоришҳо бо нақли қавл ва ё сухани хабарнигор ба поён мерасанд ва нутқи бевоситаи сиёсатмадорони баландпоя қайчӣ мешаванд. Муллоҷонов мегӯяд, бинобар ин мардум дар Тоҷикистон намедонад, ки ин ё он вазир чӣ гуна андеша дораду гароиши сиёсиаш ба кадом самт аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо Иброҳим Усмонов мушовири собиқи раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, донистани исми вазиру идораҳои давлатӣ барои мардум шарт нест. “Масалан дар Амрико раведу аз шаҳрвандон пусед, ки номи вазири маориф чӣ аст агар амалдораш набошад, намедонад номашро. Барои онҳо даркор нест. Онҳо медонанд, ки ҳукумат ин корро кард ва ё не? Чунки шинохта будани ин ва ё он мансабдори давлатӣ омили муайянкунандаи фаъолияти ҳукумат нест”.
Ҷаноби Усмонов афзуд, нишондиҳандаи муҳими кори ҳар як ҳукумат ин аст, ки чӣ кор кор кардааст, ин ва ё он мушкилро ҳал кард ё не? Ин ки мардум исми вазирону мансабдорони баландпояро медонанд ё не ин нишондиҳандаи самаранокии кори Ҳукумат нест, афзуд Усмонов.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло аз сарвазир ва се муовинонаш вазирони 14 вазорат ва роҳбари ду кумитаи давлатӣ - Кумитаи амнияти миллӣ ва Кумитаи давлати сармоягузорӣ иборат аст. Дар умум тақрибан 19 ҳазор ҳазор нафар мақоми хизматчии давлатиро доранд.