Шаби 6-ум ба 7-уми август хонадони зиёд дар Тоҷикистон ҳаяҷонзада буданду ҳазорҳо ҷавон чашм аз телефон намеканданд. Аксарият паёми тақдирсозро интизор буданд. Паёмеро, ки бо гирифтанаш бархе аз шодӣ ашк рехт ва гурӯҳе ҳам то андозае ноумед шуд.
Субҳи рӯзи 7-уми август исми нахустини довталабоне, ки имсол ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуданд, муайян шуд. Маркази миллии тестӣ, ки чанд рӯзи пеш аз роҳ ёфтани беш аз 70 ҳазор довталаб ба озмуни "тақсимот ба ихтисос" хабар дода буд, имрӯз натиҷаҳои даври аввали озмунро эълон кард.
Шодии Фарҳод аз паёмаки ММТ
Фарҳод Раҳимов, ки то дирӯз довталаб буд, акнун худро донишҷӯ муаррифӣ мекунад. Хушҳолиаш ҳадду канор надорад. Фарҳод ихтисоси ҳуқуқшиносро интихоб карда буд -- ихтисосе, ки рақобат дар он сахт ва имтиёзи гузариш ҳам баланд аст. То омадани паёмаки тақдирсоз ин ҷавон дар ташвиш буд, аз он ҳарос дошт, ки мабодо ноком мешавад.
"Ман ба бахши будҷавӣ дохил шудам ва бисёр хушҳолам. Аз сабабе, ки дар факултаи ҳуқуқшиносӣ нафарони зиёд супорида буданд, ман каме дар ҳарос будам. Вақте СМС омад, бисёр хушҳол шудам",- мегӯяд Фарҳод.
Фарҳод барои итминон пайдо кардан ба муваффақияти худ, бо натиҷаҳои паёмак ва сомона иктифо накарда, ба Маркази миллии тестӣ омад. Аммо мисли ӯ дар саҳни ин марказ рӯзи сешанбе афроди зиёд ҷамъ шуданд, ки бо суолҳои мухталифи худ посух гирифтан мехостанд ва ё аз натиҷаҳои ба даст овардаи худ норозӣ буданд.
Садаф ҳайрон аст
Барои донишҷӯ шудан ба духтари Садаф Азизова, як сокини Душанбе 10 хол нарасидааст. Ӯ мегӯяд, духтараш ба имтиҳонот омодагӣ дида буд ва умед дошт ба ихтисоси дилхоҳаш дохил мешавад. Паёми аввалин аз Маркази тестӣ ҳам онҳоро хушҳол ва бовариашонро бештар кард. "Аммо дуюмбора СМС наомад, барои ҳамин ҳайрон шуда, омадем, ки чӣ гап шуд. Акнун умедамон ба озмуни тақсимоти такрорӣ аст",- гуфт Садаф Азизова.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Имсол ҳудуди 68 ҳазор нафар имкон доранд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон қабул шаванд. Рақобат тунд буд ва довталабони таҳсил дар донишгоҳҳо ба тақрибан 90 ҳазор нафар мерасид. Натиҷаҳои аввалин муайян кард, ки беш аз 20 ҳазор нафар ноком ва аз ҳаққи идомаи таҳсил дар донишгоҳ маҳрум шуданд.
Ҳафт шикоят аз натиҷаҳои имтиҳонот
Ба гуфтаи Абдувосит Юлдошев, як масъули Маркази миллии тестӣ, то ҳоли ҳозир ба марказ 7 аризаи шикоятӣ аз натиҷаи имтиҳонот ва тартиби имтиҳонсупорӣ ворид шудааст.
"Як шикоят аз вайрон шудани тартиботи имтиҳонот буд, мо онро санҷидем ва маълум шуд, ки тартиб вайрон нашудааст, баръакс, худи довталаб ба як қоидаи марказ эрод гирифтааст. Ӯ ба маъмури имтиҳонот, ки ҳар замон бояд довталабонро аз вақти боқимонда огоҳ кунад, норозигӣ ва шикоят кард. Огоҳсозӣ, ки тибқи тартиб аст, барои довталаб хуш наомадаааст. Гӯё ӯро парешонхотир кардааст. Аммо ба хотире, ки довталабон аз анҷоми вақт бехабар намонанд, бояд огоҳ карда шаванд", гуфт Юлдошев.
Ба гуфтаи ин масъул, имсол агарчи дар пайи шарҳу сӯҳбат ва фаҳмондадиҳиҳои онҳо вазъ каме тағйир кард, аммо боз ҳам чун солҳои пеш талабот ба ихтисосҳои гурӯҳ ё кластери панҷ, чаҳор ва се, аз ҷумла ихтисоси ҳуқуқшиносиву тиб бештар буд. Як навгонӣ ҳам дар ҷараёни имсолаи имтиҳонсупорӣ ва кори Маркази милии тестӣ, ин ба роҳ мондани кори хаттӣ ё эссе буд.
Юлдошев мегӯяд, имсол зимни қабули довталабон, ягон ҳолати тақаллуб аз ҷониби онҳо ошкор нашудааст. Вай ҳамчунин бо муроҷиат ба довталабон гуфт, ҳушёр бошанд то ба доми фиреби қаллобон наафтанд, ки бо ваъдаи дохил кардани онҳо ба донишгоҳ, аз довталабон пул мехоҳанд.
Роҳи "наҷот" аз фиреби қаллобон кадом аст?
Абдувосит Юлдошев барои пешгирӣ аз фиреби қаллобон ба довталабон чунин машварат медиҳад: "Яке аз роҳҳои бениҳоят осон барои муайян кардани шахси қаллоб ин аст, ки довталаб холҳои ба дастовардаашро ҳисоб карда, аз ин фиребгарон хоҳиш кунад, ки ба холҳои ӯ ҳамагӣ як холи дигар илова кунад. Албатта ин имкон надорад ва довталаб ҳамон замон дарк мекунад, ки он шахс танҳо ҳадафи фиреб карданро дорад. Тақсимоти довталабон танҳо аз рӯи холу балҳои ба даст овардаашон сурат мегирад."
Масъулини Маркази миллии тестӣ ба такрор мегӯянд, ягон роҳи ғайр барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо вуҷуд надорад. Ба гуфтаи онҳо, имсол ҳатто ҳолатҳое буд, ки фарзандони мансабдорону генералҳо натавонистанд аз имтиҳоноти ин марказ гузаранд ва донишҷӯ шаванд. Онҳо ҳам коре карда натавонистанд. Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки ба пурра рафъ шудани тақаллуб зимни дохил шудан ба донишгоҳ, ҳанӯз шак мекунанд.
Дар зимн, довталабоне, ки дар даври аввал ноком шудаанд, ҳанӯз имкониятро пурра аз даст надодаанд. Онҳо фурсат доранд дар даври дуюми тақсимот ба ихтисосҳо, ки аз 24 то 27-уми август идома хоҳад кард, ширкат карда, сазовори номи донишҷӯ шаванд.