Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо Иморот ва Баҳрайн

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 моҳи сентябри имсол чаҳор бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон рӯзҳои 25-ум ва 26-уми сентябр дар шаҳри Дубай бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона баргузор мекунад.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон ба Манама парвоз менамояд ва рӯзҳои 29-ум ва 30-юми сентябр бо мунтахаби Баҳрайн ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ рақобат мекунад.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “дастаи мо дар гурӯҳи «А» бо тимҳои мунтахаби Непал (23-юми октябр), Афғонистон (24-уми октябр) ва Узбекистон (25-уми октябр) бозӣ мекунад. Марҳилаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё дар шаҳри Урумияи Эрон доир мегардад. Аз ҳар як гурӯҳи минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дудастаӣ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо мекунанд.”

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии Осиё дар Тайбэйи Чин дар гурӯҳи “В” бо се имтиёз ҷойи севумро гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозиаш аз тимҳои миллии Ҷопон ва Узбекистон бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда, дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.

Дар гурӯҳи “В” мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳарсе бозиаш ғолиб омад, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Дастаи Узбекистон бо 6 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста – Ҷопон ва Узбекистон - ба чорякфинал баромаданд.