Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA се зина поин рафт

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 12 январ нашр шуд, се зина поин шуд ва дар байни 211 кишвар бо 231 имтиёз дар ҷойгоҳи 132-юм қарор гирифт.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) мақоми 21-умро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 29-ум), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дувум (дар ҷаҳон 37-ум) ва Австралия дар ҷойи севум (дар ҷаҳон 44-ум) қарор доранд.

Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1634 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Бразилия (1544 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Олмон (1433 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (30-юм), Русия (56-ум) ва Узбакистон (61-ум) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо аз Туркманистон (143) ва Молдова (164) пеш аст.

Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки дар он мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон низ ширкат мекунад, 18-уми январ баргузор мешавад. Дар мусобиқаи интихобӣ 24 даста барои роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 мубориза мебарад. Ба ҷуз мунтахаби Тоҷикистон, инҳо дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Урдун, Умон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Ҳонконг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянмар, Баҳрайн, Афғонистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман, Бутан, Молдив ва Тайван мебошанд.

Зимнан, ҳоло маълум нест мунтахаби Кувайт, ки аз узвияти FIFA муваққатан хориҷ шудааст, ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ дода мешавад ё не?

Аз рӯи натиҷагирии қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил меёбад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбанд. Дар ҳамин ҳол дувоздаҳ даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат гирифтаанд ва дар марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 ширкат меварзанд.

Мувофиқи тақвими AFC бозиҳои мусобиқаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 аз 28-уми марти соли 2017 то 27-уми марти соли 2018 баргузор мешавад. Ҳар як даста дар марҳилаи интихобӣ шаш бозӣ – 3-тоаш дар хона ва 3-тоаш дар меҳмонӣ – анҷом медиҳад. Панҷ бозӣ соли оянда баргузор мешавад: 28 март (даври 1-ум), 13 июн (даври 2-юм), 5 сентябр (даври 3-юм), 10 октябр (даври 4-ум) ва 14 ноябр (даври 5-ум). Бозиҳои ниҳоии мусобиқаи интихобӣ 27 марти соли 2018 барпо мегардад.